
4-уми октябри соли 2025 дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони дигар вазорату идораҳо, собиқадорони соҳа ва омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон чорабиниро оғоз намуд. Мавсуф дар суханронӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омӯзгорону мураббиён барои хизмати содиқона ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас арзи сипос намуда, таъкид кард, ки омӯзгорон пояи таҳкими миллат ва ояндаи дурахшони кишвар мебошанд.
Гуфта шуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххасро амалӣ намуда, рушди соҳаи маорифро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Омӯзгорон дар ташаккул ва рушди маърифати аҳли ҷомеа вазифаи басо муҳимми таърихӣ дошта, Ҳукумати кишвар талош мекунад, ки барои фаъолияти онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» эълон ва бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, як қатор собиқадорони соҳа бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар баргузор шуд. Барнома бо иҷрои сурудҳо ва рақсу навоҳои миллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид ва фазои идонаро тақвият бахшид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон