
Устодон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!
Ҳамватанони азиз!
Дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо боз як соли нави таҳсил, боз як марҳалаи пурфурӯғи омӯзиши илму дониш фаро мерасад. Тамоми ҳамдиёрони муҳтарам, устодону омӯзгорон ва масъулини соҳаи маорифи диёри биҳиштосоямонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Чун анъана дар оғози соли нави таҳсил дар саросари Ватани маҳбубамон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мешавад.
Ин хеле бамаврид ва мантиқист, зеро нахустҳадаф аз таҳсил дар таълимгоҳҳо омӯхтани илму дониш аст. Вақеан, дониш неруи бузургу тавоно буда, ҷодаҳои имрӯзу фардоро барои мо мунаввар ва ҳамвор мекунад. Бузургонамон донишро “чароғи ақл” гуфтаву барору комёбии ҳар шахсро дар зиндагӣ, пеш аз ҳама, аз донишомӯзӣ ва дар ин замина, оқилу доно гардидан маънидод намуда, таъкид кардаанд:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Дарвоқеъ, сулҳ иртиботи қавӣ бо дониш дорад, зеро онҳое барои сулҳ талош меварзанду онро арҷгузорӣ мекунанд, ки аз донишҳои воқеӣ бархӯрдоранд, омӯзиши пайваста доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид доштанд: “Сулҳ сари баланду қомати болои мо, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф мебошад. Дар навбати худ, мактабу маориф василаи ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Дар Ватани азизи мо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф афзалиятнок эълон шудааст ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаи тақдирсоз пайваста меафзояд. Пешвои миллат ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсил як қатор таълимгоҳҳои навро ифтитоҳ намуда, бо иштироки аҳли маориф суханронӣ менамоянд. Суханрониҳои Сарвари давлат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷанбаи қавии омӯзишию маърифатӣ дошта, устодону омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки масъулияти хешро дар таълиму тарбия бештар кунанд ва хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзиши фарогири донишҳои муосир, техникаву технология, забонҳои хориҷӣ ва илмҳои бунёдӣ ҳидоят мекунанд.
Соли ҷорӣ низ аҳли маорифи кишвар суханронии пурмуҳтаво ва ҳидоятгари Пешвои муаззами миллатро аҳлона гуш намуда, бешак ҳар нуктаи онро сармашқи фаъолияти хеш дар тули соли таҳсил мегардонанд.
Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари маҳбуби кишварамон соҳаи маориф марҳала ба марҳала дар мамлакат рушд меёбад ва ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ҳоло дар соҳа марҳалаи навину файзборе ифтитоҳ ёфтааст, ки пеш аз ҳама, бо татбиқи комёбиҳои илм ва инноватсия, технологияи муосир ва барномарезиҳои муваффақона иртибот дорад. Таълимгоҳҳо бо китобҳои дарсии насли нав, дастурҳои методӣ ва воситаҳои дигари мададрасон таъминанд. Аз ин ҷост, ки наврасону ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” фаъолона ширкат меварзанд ва ба комёбиҳо шарафёб мешаванд. Устодони мо дар татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ҷидду ҷаҳди пурсамар доранд.
Мо ифтихорманд аз онем, ки дар диёри арҷмандамон обрӯю эътибор ва мақоми омӯзгорон мунтазам боло меравад. Дар суханронии худ Сарвари кишвар ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба қадру манзалат ва мартабаи омӯзгор таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд: “Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст”. Ҳоло санади муҳим – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ки бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат таҳияву омода шудааст, дар арафаи тасдиқ қарор дорад ва албатта, ин қонун боз як давраи навро дар ҳаёти аҳли маорифи мамлакат оғоз хоҳад кард ва дар тақвияти эътибору фаъолияти чеҳраи меҳварии соҳа – омӯзгор нақши бориз хоҳад гузошт.
Мо, аҳли маориф, азму нияти онро дорем, ки Ватани азизамон доимо ободу зебою комёб ва ошёни бахту саодат, сулҳу ваҳдат бошад, ҳаёти осоиштаю файзбори аҳли кишвар ҳаргиз халалдор нашавад ва нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам биафзояд.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи Шумо – устодону шогирдони муҳтарам ва падару модарони арҷмандро ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2025-2026 табрику таҳният мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ҳамеша комёбу муваффақ ва сарбаланду сиҳатманд бошед.
Соли нави таҳсил муборак!