Имрӯз, 30 январи соли 2026 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адҳам Маъмурзода, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои вилоятҳои Хатлон, ВМКБ ва 40 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар нишаст аз ҷониби 17 нафар намояндаи ВАО 29 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо посухҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


