11 декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳимми таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Николаевич Фалков мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, густариши робитаҳои академӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисон барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати таҳсил баррасӣ карданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи маориф дорои заминаҳои мустаҳкам буда, дар доираи онҳо ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома меёбад. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ин иқдомҳо ва васеъ кардани робитаҳои таълимӣ ва илмӣ изҳор намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, балки ба рушди устувори таҳсилоти олӣ ва илми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ мусоидат хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *