
4 сентябри соли 2025 дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолият – заминаи рушди илму маориф» баргузор гардид.
Дар кори конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат ширкат варзиданд.
Вазири маориф ва илм дар оғози конференсия ҳозиринро ба муносибати 34-умин солгарди Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳозирин дар фазои сулҳу субот саодату комёбӣ таманно намуд. Дар идома вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо рамзи соҳибихтиёрии миллати тоҷик маҳсуб меёбад, балки барои мардуми сарбаланди мо имконияти таърихии беназиреро фароҳам овард, ки дар натиҷа дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ ва василаи муҳимтарини рушди инсонӣ ва ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, рушд намуд. Бо ҳидоят ва сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар идома гуфта шуд, ки дар тӯли 34-соли Истиқлоли давлатӣ, сарфи назар аз мушкилоти гуногун, соҳаи маориф пайваста рушд намуда, ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ таҳким ёфтаанд. Танҳо дар соли 2024 ва шаш моҳи аввали соли 2025 дар қаламрави кишвар 304 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 61 ҳазор хонанда ба истифода дода шудаанд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 757 адад ва марказҳои инкишофи кӯдак ба 2931 адад расида, дар онҳо беш аз 251 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар самти таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ низ пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар давраи истиқлол бо маблағи зиёда аз 403 миллион сомонӣ 812 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди қариб 48 миллион нусха нашр гардидааст. Шумораи мактабҳои типи нав, аз ҷумла, литсейҳо ва гимназияҳо, ки дар оғози истиқлол танҳо як ададро ташкил медод ва дар соли 2025 ба 170 адад расида, беш аз 121 ҳазор хонандаро фаро гирифтааст.
Дар ҷараёни конференсия олимону муҳаққиқон маърузаҳои илмии худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Б. Ализода, доктори илмҳои таърих, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои маориф дар паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ҷ. Шарифзода, номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Мавзуъҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиён ҳамаҷониба муҳокима гардида, таъкид шуд, ки соҳаи маориф дар даврони истиқлол симои нав касб намуда, ба як низоми устувори миллӣ мубаддал шудааст ва нақши калидӣ дар тарбияи насли нав, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар дорад.
Дар фарҷоми конференсия ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм барои хизматҳои шоён ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Сипоснома”-и вазорат тақдим гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон