
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар маросими ифтитоҳи конфронси солонаи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ вазири маориф ва илм иштирокчиён ва ташаббускорони конфронсро бо оғоз гардидани кори ин ҳамоиши муҳимми илмӣ-таҳсилотӣ шодбош гуфта, доир ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи маориф ва илм дар доираи СҲШ изҳори андеша намуд.
Зикр гардид, ки баргузории форумҳои ректорон, барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии муштарак ва дигар иқдомҳои фарҳангиву таълимӣ дар доираи СҲШ имрӯз ба анъанаи неки ҳамкорӣ табдил ёфта, кафолати мустаҳками дӯстӣ ва шарикии кишварҳои узви ин созмон мебошад.
Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ташкили фазои ягонаи таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси факултетҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳое, ки манфиати умумӣ доранд, бозгӯи талоши дастаҷамъона барои фатҳи марҳилаҳои нав дар доираи фаъолияти СҲШ мебошад.
Дар идомаи суханронии вазир қайд намуд, ки таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани тарҳҳои муштарак дар дохил ва хориҷи кишварҳои узв фароҳам овардааст. Айни ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор донишҷӯи кишварҳои узви СҲШ ва зиёда аз 36 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои СҲШ ба таҳсил машғуланд.
Дар охир вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён барои таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, ба кори конфронс комёбиҳо орзу кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон