
Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир бо иштироки вазирони маориф ва илми як қатор давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 15 октябри соли 2025 қабл аз ифтитоҳи расмии кори конгресс таҳти унвони “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода вобаста ба таҷрибаи рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани муҳити мусоид барои таҳсил ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон суханронӣ намуд.
Сипас, Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир кори худро расман оғоз намуда, дар қисмати пленарии он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Вазири маориф ва илм дар суханронии худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими асоси ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, бахусус дар самти таҳсилоти фарогир, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Гуфта шуд, ки имрӯз дар кишвари мо дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” ислоҳоте татбиқ мешавад, ки ҳадафи онҳо таъмини дастрасии бештари кӯдакон ба таҳсилот, аз ҷумла, кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, мебошад. Ҳамзамон, дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 тадбирҳои мушаххас барои густариши таҳсилоти фарогир, аз ҷумла, рушди инфрасохтор, навсозии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои насли нав ва таҳкими нақши омӯзгорон, пешбинӣ шуда, давра ба давра амалӣ шуда истодаанд. Дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои амалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтарсозии омодагии кӯдакон ба мактаб, навсозии барномаҳои томактабӣ бо дарназардошти ниёзҳои кӯдакони маъюб аз ақаллиятҳои миллӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ, боло бурдани савияи тахассусии кормандони соҳа, ҷалби волидон ва ҷомеа идома дорад.
Вазири маориф ва илм дар идома иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи таҳия ва нашри китобҳо барои намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мавқеи пешсафро соҳиб аст, ки ин нишондиҳандаи муҳимми пешрафт дар соҳаи таҳсилоти фарогир мебошад.
Дар фароварди суханронии худ вазир иброз намуд, ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои устувор дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, бешак дӯстӣ ва эътимод байни кишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.
Дар идомаи чорабинӣ вазирони маорифи дигар давлатҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо гузоришҳои худ баромад намуданд.
Дар анҷом иштирокчиён Декларатсияи Алмато оид ба таҳсилоти фарогирро муҳокима намуданд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳо барои фароҳам овардани таҳсилоти босифат ва баробар барои тамоми кӯдакон мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон