Аз 3 то 5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун узви Шурои директорон аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар кори ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони кишварҳои аъзо, донорон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзида, масъалаҳои калидии марбут ба рушди устувори маориф, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва афзалиятҳои стратегӣ барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ҳисоботи директори генералии GPE, барномаи бознигаришудаи маблағгузории устувор, Стратегияи GPE-2030, пешгӯиҳои молиявӣ, густариши мубодилаи дониш ва инноватсия (KIX), натиҷаҳои пешбинишавандаи GPE то соли 2030 ва иҷрои барномаҳои минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо ҷонибҳо таъкид намуданд, ки афзоиши сармоягузории устувор ба соҳаи маориф, беҳсозии сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори таълимӣ, истифодаи инноватсия ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони маъюб, муҳимтарин вазифаҳои давраи наздик мебошанд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии таъсиргузор ба раванди таълим, инфрасохтори мактабӣ ва имкониятҳои дастрасӣ ба таҳсил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Вазир зикр кард, ки барои таҳияи барномаҳои мутобиқсозӣ, таҳкими устувории муассисаҳои маориф ва ҷалби маблағгузории устувор аз ҷониби шарикони байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо GPE аҳаммияти хоса дорад.
Вазири маориф ва илм хотирнишон кард, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GPE як қатор лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла, ислоҳоти барномаҳои таълимӣ, таҳкими касбияти омӯзгорон, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва густариши барномаҳои фарогирӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдудро амалӣ кардааст. Ба таъкиди вазир, тақвияти муносибатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо GPE метавонад дар рушди инноватсия, рақамигардонӣ, боло бурдани сифати таълим ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф нақши муассир гузорад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони GPE фурсати мусоид фароҳам овард, то мавқеи кишвари мо дар масъалаҳои рушди маориф дар сатҳи байналмилалӣ мустаҳкам гардида, имкониятҳои нав барои дастгирии молиявӣ, техникӣ ва стратегӣ аз ҷониби шарикони рушд боз ҳам васеъ шаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон




