
25 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи кумаки техникӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) баргузор гардид.
Созишномаи мазкур ба хотири мусоидат ба интиқоли устувор ва ҳамвораи низоми ғизои мактабӣ ба моликияти миллӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон директори он Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд.
Дар оғози маросим вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии БОҶ дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз ғизои солим баҳраманд мешаванд. Зикр шуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ҳадафи беҳтар намудани вазъи ғизои хонандагон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027 таҳия ва мавриди амал қарор дорад.
Дар навбати худ, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки аз ҳамкориҳои самарабахши худ бо Вазорати маориф ва илм қаноатманд ҳастем ва созишномаи имрӯза қадами устуворе дар роҳи таъмин намудани ғизои солим ба кӯдакон аст.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими стратегӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғизои мактабӣ, нақши намоён дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон