
Имрӯз, 5 майи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Ҳисор вохӯрӣ анҷом дода, бо онҳо вобаста ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи насли наврас, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ба роҳ мондани усулҳои муосири дарсдиҳӣ ва ғайра суҳбат намуд.
Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо омӯзгорони муассиса таъкид намуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд сол аст, ки дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мегарданд. Баргузории озмунҳои мазкур дар тарғиби маънавиёт, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти маърифати илмӣ ва таҳкими рӯҳияи созандагии хонандагон замина мегузорад.
Ҳамзамон, вазир зарурати истифодаи васеи фанновариҳои муосир дар раванди таълиму тарбияро таъкид намуда, изҳор дошт, ки таҳияи дарсҳо бо усулҳои ҷолибу инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҳавасмандсозии хонандагон ба иштирок дар озмуну олимпиадаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як омӯзгор қарор гирад.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм як гурӯҳ омӯзгоронеро, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон