1 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар баргузор гардид. Зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, рушди инфрасохтори таълимӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, инчунин густариши равобити академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳаммияти хос доранд. Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои амалкунанда як қатор лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак (Turkish Scholarship), табодули донишҷӯён дар ҳоли рушд қарор дорад, ки ин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои илмӣ, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва боло бурдани сатҳи таҳсил мусоидат менамоянд. Дар навбати худ Эрол Озвар ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълим таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷониби Туркия омода аст, барои афзоиши иқтидори кадрӣ ва рушди ихтисосҳои афзалиятнок барномаҳои навро роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин, Эрол Озвар омодагии Шурои таҳсилоти олии Туркияро ҷиҳати дастгирии азнавсозии заминаи техникии донишгоҳҳои техникӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷалби омӯзгорони тоҷик ба курсҳои такмили ихтисос ва барномаҳои омӯзиши касбӣ иброз дошт. Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои минбаъда ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти рушди устувори таҳсилоти олӣ таъкид намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
https://maorif.tj/news/other/voxrii-vaziri-maorif-va-ilm-bo-raisi-suroi-tasiloti-olii-turkiia

