22 декабри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни фаъолияти корӣ, шароити мавҷуда, имкониятҳои техникию ташкилӣ ва сатҳи интизоми меҳнатии кормандон аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тобеи вазорат боздид намуд.

Вазири маориф ва илм, аз ҷумла аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ, нашрияи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон» ва «Маърифати омӯзгор», инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» дидан намуд.

Вазир дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳо ба ҳолати ташкили раванди кор, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, сатҳи таъминоти техникӣ, инчунин риояи интизоми меҳнатии кормандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо масъулон ва кормандони соҳа суҳбат анҷом дод.

Зимни мулоқот бо кормандон вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки фаъолияти ҳар як муассиса бояд дар асоси масъулиятшиносии баланд, риояи қатъии талаботи қонунгузории меҳнат, таҳкими интизоми корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ба роҳ монда шавад. Вазир ҳамчунин ба зарурати баланд бардоштани сифати маҳсулот, такмили сатҳи хизматрасонӣ ва ворид намудани навгониҳои муосир мутобиқ ба талаботи замон таъкид кард.

Дар ҷараёни боздид ҳамзамон зикр гардид, ки фаъолияти ҷоннок, муттасил ва босамари муассисаҳои мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, таъмини сифати таълиму тарбия, инчунин пешрафти минбаъдаи низоми маорифи кишвар нақши муҳим мебозанд.

Таъкид шуд, ки такмили фаъолияти муассисаҳои тобеи вазорат, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамоҳангии корӣ метавонанд ҳамчун заминаи устувор барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди минбаъдаи соҳа замина ва саҳми худро гузоранд.

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ВАЗОРАТ img

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ВАЗОРАТ img

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ВАЗОРАТ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *