Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифат мебошад.
Қайд гардид, ки бинои нави муассисаи таълимӣ тибқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад. Иҷрои ин лоиҳа имкон медиҳад, ки мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил беҳтар шавад ва инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал рушд ёбад.
Бояд гуфт, сохтмон бинои мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ба нақша гирифта шудааст.

