17 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласа дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф бахшида шуд.

Дар кори ҷаласа муовини якум, муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равия ва самти омӯзгорӣ, сардорони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҳамчун самти калидии рушди устувори ҷомеа ва давлат мақоми махсусро доро буда, барои рушди он ва баланд бардоштани сифати таълим тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, фаъолияти худро ба самтҳои калидии афзоиши ҷойи таҳсил дар ихтисосҳои томактабӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, густариши гурӯҳҳои таълим бо забонҳои русиву англисӣ, таҳияи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, боло бурдани сатҳи такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ, инчунин, татбиқи чорабиниҳои амалии зиддикоррупсионӣ равона месозад.

Ҳамзамон, вазир афзуд, ки кормандони соҳа дар маҷмуъ бояд бо масъулиятшиносии баланд, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои стратегияҳои соҳавӣ талош варзида, дар рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд.

Дар рафти ҷаласа миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба такмили ихтисоси омӯзгорон, омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вазъи иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои барномаю стратегияҳои давлатии муқовимат бо коррупсия, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи либоси мактабӣ ва фарҳанги миллӣ, иштироки бевоситаи донишҷӯён дар раванди дарсҳои шуъбаи ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ, беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба тасилоти томактабӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушду пешрафти ҷомеа таъкид намуд, ки иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, рушди равияи фанҳои дақиқу табиӣ ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як масъули соҳа ба шумор рафта, роҳбарон ва кормандон бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, саҳми арзандаи худро дар рушду такомули низоми маорифи кишвар гузоранд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *