23 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ доир гардид. Ҷаласа ба баррасии рафти иҷрои Барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида шуда, дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар ибтидо раиси ҷаласа, муовини Сарвазири кишвар иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласа таҳлили вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ, муайянсозии мушкилиҳо ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо мебошад. Мавсуф иброз дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегия ва барномаҳои зиёди давлатӣ қабул гардидааст, ки айни ҳол 2 стратегия ва 8 барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ гардида истодааст, ки татбиқи самараноки онҳо ба рушди соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Дар идома вазири маориф ва илм оид ба иҷрои барномаҳои давлатии болозикр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суханронӣ намуд. Дар баромади худ, вазир қайд намуд, ки сатҳи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя буда, як қатор шаҳру ноҳияҳо на танҳо аз иҷрои нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ ақиб мондаанд, балки ягон муассисаро ба истифода надодаанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025”, иҷрои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027 (марҳилаи якум – солҳои 2022–2024)” ва иҷрои “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя буда, сабаби асосии чунин вазъ дар иҷро нашудани нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Муовини Сарвазир дар ҷараёни ҷаласа таъкид намуд, ки фарогирии нокифоя ва иҷро нашудани барномаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ қобили қабул нест ва масъулин бояд барои беҳтар намудани вазъ чораҳои мушаххас андешанд. Таъкид гардид, ки дар ҳар маҳалле, ки беш аз 100 оила истиқомат мекунад, ҳатман муассисаи томактабӣ таъсис дода шавад.

Ҳамзамон, масъалаи таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак, ки шакли алтернативии муассисаҳои томактабӣ маҳсуб меёбад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мутаассифона, нишондиҳандаи иҷрои нақша дар ин самт низ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя мебошад.

Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз мавриди муҳокима қарор гирифт. Бар асоси санҷишҳои ахир, истифода нагардидани таҷҳизоти харидоришуда ва насб нашудани онҳо аз камбудиҳои ҷиддӣ дониста шуда, мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо мудирони шуъбаҳои маориф муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати таъмини самаранокии истифодаи таҷҳизот, тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия, ҷамъбасти соли хониши 2024-2025, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, сохтмони муассисаҳои томактабӣ, муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннии ҳар як муассисаи таълимӣ, омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулони соҳаи маориф, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *