Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар расми ифтитоҳи муассисаҳои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуда, бунёди чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ кард.
Зимни ифтитоҳии муассисаҳои таълимӣ вазири маориф ва илм муҳассилину омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз даъват намуд.
Бояд гуфт, ки муассисаҳои мазкур бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар онҳо шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои муҳассилину тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити дар муассисаҳо бунёд гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *