Маҷаллаи Маърифати омӯзгор


      7-уми сенябри  соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар, муовинони вазири маориф ва илм ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
      Раҳматулло Мирбобоев иштирокдоронро ба таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ёдовар шуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар ин баробар, ҳамасола кормандони зиёди соҳа дар арафаи иду ҷашнҳо ба мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
      Дар идомаи чорабинӣ С. Давлатзода – муовини вазири маориф ва илм ва Ҳ. Вализода – сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маърӯза намуда, доир ба рушди кишвар дар 27 соли истиқлолият ва дастовардҳои соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро иброз намуданд. 
      Дар ҳамоиши идона як қатор кормандони вазорат барои хизматҳои арзанда дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ-нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

 

 

 

 

 

 

 


Аҳмадшоҳи МАСЪУД-
мутахассиси Маркази 
матбуоти Вазорати маориф ва илм
 

  • Дида шуд: 1679

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj