3-юми сенябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм ва Сафозода Муҳаммадӣ – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи маориф ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Сафозода Муҳаммадӣ – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳозиринро ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҳамасола кормандони зиёди соҳа ба мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамин тариқ, Саида Набизода– сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”, Хоналӣ Қурбонзода – ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Розия Табарова– сардори раёсати кадрҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафур Муҳаммадов –профессор, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қосим Комилов – доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафол Мусозода – доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор, декани факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Назира Бекназарова – дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ғанӣ Қодиров – дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсионалии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Тамара Мунаварова – дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Дар охир Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм аз номи ҳафати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нафаронеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ сазовор шудаанд, табрик намуд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД-
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
‹ | › | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |