Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Муаллими азиз Раҳматулло МИРБОБОЕВ!

 

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Шуморо ба ифтихори солгарди умри муборакатон, ки сафҳае аз илму маорифи тоҷик гаштааст, бо самимият ва эҳтироми хоса шодбош мегӯянд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки таҳти таъсири Шумо чун роҳбари муваффақи соҳа, иқтисодчӣ ва омӯзгори сахтгиру нуктасанҷ фаъолият дорем. Фаъолияти зина ба зина дар муассисаҳои таълимӣ бозгӯи он аст, ки ҳақиқатан, дар шинохти масоили мубрами рӯз, аз ҷумла, интихоби дурусти кадр, дарёфти роҳҳои пешрафти омӯзгор ва ба ин васила, баланд бардоштани сифати таҳсилот маҳорати хоса доред.

Маҳз донистани таърих, таваҷҷуҳ ба мушкилоти иқтисодии кишвар, забондонӣ, касбияти воло омили муҳимми пешрафти фаъолияти Шумо гардиданд ва аз омӯзгори одии мактаби олӣ то ба сатҳи роҳбарӣ дар соҳа расидед. Шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки дар рушду эҳёи Тоҷикистон низ саҳми худро гузошта тавонистед. Ҷуръату ҷасорати баланд, самимият ва садоқат дар кор, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии Шумо илҳомбахши кору пайкори аҳли маориф, бахусус, онҳое, ки бевосита дар самти илм, мактаб ва иқтисодиёт кор мебаранд, гаштааст.

Имрӯз аҳли маориф ва илм дар баробари ифтихор ба маслиҳату раҳнамоии Шумо барин устодони соҳибандеша, қавирафтору қавигуфтор ифтихор карда, ба донишу таҷрибаи Шумо ниёз дорад. Минбари нашрияҳои соҳа мекӯшад дар инъикоси ташаббусҳои созандаи Шумо пайваста саҳмгузорӣ намояд.

Муаллими гиромиқадр, Раҳматулло МИРБОБОЕВ! Бори дигар Шуморо ба муносибати солгарди муборакатон шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда, эҷоди комил ва иқболи боз ҳам баланд таманно дорем. Дар анҷоми сухан ба ифодаи шоир гуфтанием:

 

Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад,

Он чи пирӯзию беҳрӯзӣ дар он аст, он диҳад.

  • Дида шуд: 1716

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj