Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

 

     Пайдоиши интернет ба нимаи дуюми асри XX рост меояд. Интернет дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1969 аз тарафи департаменти он (АРПА //Advanced Research Projects Agency) тарҳрезӣ шудааст. Дар ибтидо он арпанет ном дошта, ҳамчун воситаи нави алоқаи ҳарбӣ истифода бурда мешуд. Баъд аз сохта шудани шабакаи умумиҷаҳонии WWW (World Wide Web) дар соли 1990 аз ҷониби Тим Бернерс-Лии бритонӣ интернет дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид. 
    Аз ибтидои асри XXI дар ҳаёти инсон таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Рушди бесобиқаи илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ ба самтхои мухталифи чомеаи муосир таъсири амиқ мегузорад. Вобаста ба рушди техника ва технологияи иттилоотӣ талабот ба интернет ва истифодабарандагони он низ рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Метавон гуфт, ки ҳоло интернет ба яке азқисматҳои таркибии ҳаёти инсон табдил ёфтааст. Тибқи иттилои сомонаи We Are Social 62,5%-и аҳолии ҷаҳон ба интернет дастрасӣ дошта,  шумораи корбарони он дар ҳоли афзоиш аст. Аз рӯйи маълумоти сомонаи мазкур нисбат ба соли 2021 шумораи истифодабарандагони интернет 192 млн. нафар ё 4 % афзоиш ёфта, айни ҳол истифодабарандагони он ба 4,95 млрд. нафар баробар аст. 
    Интернет аз тарафи корбарон бо мақсадҳои гуногун, аз қабили муошират, дарёфти иттилоот, баланд бардоштани сатҳи дониш, тамошои филм, гӯш кардани мусиқӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. 
    Интернет ҳамчун платформаи онлайнӣ майдони васеъ ва фарохеро мемонад, ки дар он барои ҳар як нафар вобаста ба завқу хоҳиш чизи ҷолибе мавҷуд аст. Дар ин росто шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи осон ва дастраси муносибатҳои онлайнӣ маъруфияти хос доранд. Аз ин ҷост, ки сол то сол навъҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ коркард гардида, шумораи истифодабарандагони он низ дар ҳоли афзоиш аст. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, шумораи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 3,8 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи омории сомонаи We Are Social ибтидои соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 424 млн. истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гардидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз 1 млн. ва ҳар сония 13 нафар корбари нав ба шабакаи иҷтимоӣ пайваст мегардад. 
    Феълан “Facebook”, “Viber”, “Odnoklassniki”, “You Tube”, “Instagram”, “Tik Tok” ва амсоли инҳо шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити кунунӣ танҳо аз “Facebook” беш аз 2,910 млрд. нафар истифода мебаранд. 
    Маълум аст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ паёмад ва таъсири мусбат ва манфии худро дорад. Паёмадҳои зеринро натиҷаи мусбати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисобидан мумкаин аст: 
    -васеъ намудани ҷаҳонбинӣ; 
    -баланд бардоштани савияи дониш; 
    -огоҳӣ пайдо намудан аз маълумоти ҷадид; 
    - манбаи дарёфти маблағ; 
    - дастрасии осон ба иттилоъ ва ғайра.
    Маврид ба зикр аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари он, ки манбаи осон ва фаврии дарёфти маълумот ва иттилоот мебошанд, инчунин ҷиҳати муошират ва барқарор намудани муносибат воситаи қулай ба шумор мераванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки шабакаҳо бештар барои муошират истифода бурда мешаванд. 
    Дар баробари оқибатҳои мусбат паёмадҳои манфии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба таври назаррас аён аст. 
    Ғайримақсаднок ва беҳуда сарф кардани вақт яке аз паёмадҳои манфии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Тибқи маълумоти мавҷуда, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қариб 6 соати вақти хешро барои муоширати беҳуда мегузаронанд, ки он боиси ба вуҷуд омадани оқибати манфии дигаре бо номи «бемории вобастагии интернетӣ» мегардад. Таҳқиқҳо нишон додаанд, ки аз шумораи умумии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ 36% ба вобастагии интернетӣ гирифтор нестанд. Теъдоди гирифторони ин беморӣ 12%-ро ташкил дода, 52%-и дигарашон дар арафаи вобастагии моил қарор доранд ва ин раванд дар ҳоли афзоиш аст. 
    Вобастагӣ ба интернет як иллати рӯҳӣ мебошад, ки боиси як қатор мушкилот низ мегардад. Истифодаи аз меъёр зиёди интернет ба фаъолияти майнаи сар таъсири манфӣ расонида, тағйироти шуурро ба вуҷуд меорад. Ин ҳолат боиси аз даст додани қобилияти таҳлилии мағзи сар шуда метавонад. 
    Аз меъёр зиёд истифода намудани шабакаҳои иҷтимӣ барои кӯдакону наврасон хатари ҷиддӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон дар давоми рӯз беш аз як соат ворид шудан ба фазои маҷозӣ 14%-и хушҳолии кӯдаконро коҳиш дода, беш аз се соат истифодаи он ақли онҳоро коста мегардонад. 
    Қобили зикр аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф кӯдакону наврасонро аз омӯзиш дур кунанд, аз ҷониби дигар ба дараҷаи дарку фаҳмиши онҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Аз сабаби он ки ҳангоми истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ қоидаҳои имло риоя намешавад ва баъзан вақт ҳангоми ибрози ақида рамзакҳо (смайлик ва стикер) истифода мегардад, ба косташавии нутқи шифоҳӣ ва хаттии кӯдакону наврасон боис шуда метавонанд. 
    Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакону наврасоне, ки бештари вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, назар ба ҳамсолони хеш нисбат ба волидон ва наздиконашон бемеҳртар мешаванд. Зеро машғулияти доимии аксар наврасону ҷавонон бо компютер, интернет, телефонии мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боис шудааст, ки онҳо бо оила ва дӯстон вақти камтар ҷудо намоянд ва ин яке аз заминаҳои асосии бемеҳрии муносибатҳои оилавӣ мегардад. 
    Қобили зикр аст, ки истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ба мустаҳкамии оила таъсири манфӣ расонида, баъзан боиси ҷудошавии оилаҳо шуда метавонад. Инчунин заминаи аксар муноқишаҳои оилавӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рабт дошта, истифодаи васеи он боиси ба вуҷуд омадани бемеҳрӣ ва бепарвоӣ нисбат ба оила ва фарзандон мегардад. Коршиносон бар он назаранд, ки заминаи баъзе рашку ҳасад ва нобоварии оилавӣ интернет, телефони  мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст. 
    Чуноне ки қаблан зикр гардид, истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ ба бемории вобастагии интернетӣ оварда мерасонад, ба сатҳи тафаккур ва ҳолати рӯҳии наврасону ҷавонон таъсири манфии бештар дорад.  
Вобастагии интернетӣ метавонад ба камхобӣ, асабоният, фаромӯшхотирӣ ва заифии қобилияти тафаккур оварда расонад. Инчунин зарари иқтисодии истифодаи интернет низ ба назар намоён аст. 
    Таъсири манфӣ ба ҷаҳонбинӣ ва афкори ҷомеа яке аз хатарноктарин паёмадҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар шароити кунунӣ он яке аз воситаҳои ифротишавии  аҳолӣ  ба ҳисоб рафта, гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ бо истифода аз идеологияи динӣ ва боварии мардум ба таблиғоти террористӣ ва ифротӣ мепардозанд, ки ба ҷаҳонбинии ҷавонони бекор, камсавод ва заифирода таъсири манфӣ мерасонад. 
    Маъмулан надоштани саводи кофии динӣ ва паст будани дониши сиёсӣ сабаб мешавад, ки ҷавонон фирефтаи ақидаҳои ифротӣ шуда, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд. Омили дигари гаравидани ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ ин паст будани саводи расонаии онҳо мебошад. 
    Надоштани саводи баланди расонаӣ, огоҳ набудан аз фарҳанги истифодаи интернет ва воситаҳои иттилоотию  иртиботӣ сабаб мешавад, ки мардум, бахусус ҷавонон, гумроҳ шуда, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шаванд. Дар шароити кунунӣ, ки журналистикаи шаҳрвандӣ тараққӣ намудааст, надоштани саводи расонаӣ ба он оварда мерасонад, ки истифодабарандаи иттилоот қарорҳои нодуруст қабул намояд. Раванди ҷаҳонишавии муосир зарурате пеш овардааст, ки таваҷҷуҳ ба мафҳуми «саводи расонаӣ» бештар гардад ва мардум бо тафаккури интиқодӣ ба иттилоот муносибат намоянд.
    Бемориҳои равонӣ ва ҷисмонӣ, ки одамон дар пайи истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки интернет гирифтор мешаванд, муноқишаҳои оилавӣ ва дар ин замина ҷудошавии оилаҳо, фирефташавии шаҳрвандон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва шомилшавии онҳо ба созмонҳои террористиву ифротӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад, ки аз надонистани фарҳанги кор бо интернет ва технологияҳои иттилоотӣ маншаъ мегирад. 
    Ин вазъият тақозо менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги истифодаи интернет иқдом ва тадбирҳои судманд ба роҳ монда шуда, саводи расонаии шаҳрвандон бо истифода аз роҳҳои муосир ва ҷалби намояндагони қишрҳои гуногун баланд бардошта шавад. 

  • Дида шуд: 19

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj