СИТОИШНОМАИ ОМӮЗГОР
Бо ибтикори омӯзгори хушзавқ, муҳаққиқ ва рӯзноманигори пурталош Муҳаммадраҳим Тошпӯлодов дастури нави хондание таҳти унвони “Ситоишномаи устод” мунташир шуд. Тавре мураттиб, ки устухонаш бо нони муаллимӣ шах шудааст, дар пешгуфтори дастур менависад, “маҳз омӯзгор аст, ки дар ниҳоди шогирдон муҳаббату самимият нисбат ба волидон, нисбат ба ватани азизу кишвари шукуфон пайдо менамояд ва ҳурмату эҳтироми падару модар, ҳифзи ватани маҳбубро дар мадди аввал мегузорад. Фидокорию сарсупурдагӣ, матонату қаҳрамониро дар ҷисму ҷони шогирд устод мепарварад. Бар халқу меҳан хидмати садоқатмандона намудани шогирдашро дидаву шунида, қабл аз ҳама, устоди ӯ мамнуну масрур мегардад. Ӯ дар зафару комёбию дастоварди шогирд ҳиссаи худро дармеёбад ва аз он шоду мамнун мегардад.”
Бо мутолиаи дастури “Ситоишномаи устод” кас бо мартабаву манзалати дар ҳаёт доштаи муаллим, омӯзгор, устод ошно мегардад. Барҳақ, ҳурмату эътибори омӯзгор аз мартабаи осмон баландтар асту сухани омӯзгор ҷонбахшу ҷонпарвар ва аз ҳамаи неъматҳо авлотар пораи нони муаллим аст. Ояндаи халқу ватан ба файзи эҳсони омӯзгор вобаста аст.
Дастури мазкур барои донишҷӯёни факултаҳои филологии мактабҳои олӣ, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле судманд мебошад.
Муҳаммадиқболи НУЪМОНИЁН
‹ | › | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |