Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                             1. Муқаррароти умумӣ 
    1. Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷаллаи  «Маърифати омӯзгор» бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои маориф, илм, адабиёт ва матбуот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  барои пажӯҳишҳои таълимию методӣ, инчунин асарҳои илмиву публитсистӣ ва адабие, ки баҳри баланд бардоштани савияи худогоҳиву хештаншиносии насли наврас таъсиргузоранд, ҳамзамон ба хотири гиромидошти аввалин нозири маорифи Тоҷикистон ва профессори тоҷик, яке аз бунёдгузорони матбуоти миллӣ Аббос Алиев  «Ҷоизаи Аббос Алиев»-ро таъсис медиҳад.     

    2. Озмун барои дарёфти «Ҷоизаи Аббос Алиев» дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. 
    3. Ташкил ва баргузории озмун ба уҳдаи  маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» аст. 
   4. Дар озмун тамоми хоҳишмандон – олимон, адибон, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва шахсони машғул ба дигар касбу соҳаҳо новобаста ба синну сол, маълумот ва дараҷаи илмӣ иштирок карда метавонанд. 
    5. Шахсиятҳои шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар рушду такомули соҳаҳои маориф ва илми кишвар саҳми шоиста гузоштаанд (бо пешниҳоди идораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»), инчунин шаҳрвандони  хориҷие, ки дар вусъати ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф ва илм саҳмгузоранд (дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), бо нишони ифтихории «Ҷоизаи Аббос Алиев» мукофотонида мешаванд. 
                                                           2. Шартҳо ва талаботи озмун 
    6. Маводи ба озмун пешниҳодшаванда дар шакли рисола, китоб ва ё силсилаи мақолаҳо бояд тайи ду соли охир нашр гардида, дар 5 нусха ба идораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»  пешниҳод карда шаванд. 
    7. Мақсад ва ғояи таълифоти ба озмун пешниҳодшаванда бояд инъикоси ҳуҷҷативу воқеии муассисаҳои таълимиву илмии кишвар дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон бошад; 
    - нақши созандаи соҳаи маориф дар ташаккули миллат, забони тоҷикӣ ва давлати Тоҷикистон; 
    - мактаби миллӣ: дастовард, мушкилот ва дурнамо; 
    - таҷрибаи   ибратбахши омӯзгорон; 
   - раванди татбиқи амалии ислоҳоти   маориф ва иҷрои талаботи асноди ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа дар дар маҳалҳо; 
    - шахсият ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа. 
Ҳамчунин, осори илмӣ, адабӣ, тарҷумавӣ ва публитсистие, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани савияи худогоҳиву худшиносии насли наврас мебошад, ба озмун роҳ дода мешаванд. 
    8. Афзалият ба нигоштаҳое дода мешавад, ки дар онҳо баробари масъалагузорӣ роҳҳои беҳтару самарабахши ҳалли мушкилоти соҳаҳои маориф ва илм, инчунин  ба мардум фаҳмонидани онҳо пешниҳод карда мешаванд. 
                                                           3. Талабот ба маводи пешниҳодшаванда 
       9. Маводи ба озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешавад: 
    - аҳамият ва арзиши иҷтимоии мавод; 
    - далелнокӣ, аслияти баён ва умқи  ифшои мавзӯъ; 
    - фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо; 
    - истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил; 
     - дақиқият, оммафаҳмии забони мавод  ва тарзи баён; 
    - муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда; 
    - фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати  мавод  ба меъёрҳои озмун. 
                                                          4. Тавсифи нишони «Ҷоизаи Аббос Алиев»  
    10. «Ҷоизаи Аббос Алиев» дорои шаҳодатнома, нишон ва маблағи пулӣ (3 ҳазор сомонӣ) буда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.  
    11. Ҷоизаи ифтихории ин мукофот дорои шаҳодатнома ва  нишони «Ҷоизаи Аббос  Алиев»  мебошад. 
    12. Нишони  «Ҷоизаи Аббос Алиев» мудаввар буда, андозаи давраи он 35 мм, аз хуллаи латун тайёр карда шудааст. Вазни холиси нишон ± 25 гр, ғафсии он 2 мм, андозаи блоки металлӣ 25,5х11 мм буда, рӯйпӯшкунандаи тиллоӣ ва зиддикорозионӣ дорад. Дар рӯйи нишон акси нимтанаи Аббос Алиев бо шохаи гули моил ба тарафи рост ва зери он навиштаи мудаввари «Ҷоизаи Аббос Алиев» ҷой дорад. Акс ва навиштаҳо барҷаста мебошанд. Дар пушти нишон тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситора  ва дар гирди он навиштаҳои «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз боло)  ва «Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»  (аз поён) ҷой гирифтаанд. Рӯйи нишон бо гӯшак ва ҳалқаҳо бо қолиб (колодка)-е, ки бо рӯйкаши абрешимии тасмаи парниёи Парчами Тоҷикистон  (бо рангҳои сурх, сафед ва сабз) ба андозаи 25 мм дарозӣ ва 15 мм бар ороиш ёфтааст, пайванд мешавад. Дар пушти қолиб ҳалқа барои овехтани нишон ҷой гирифтааст. 
                                                         5. Тартиби ҷамъбасти озмун ва ҷоиза 
    13. Барои ҷамъбаст ва интихоби ғолибон аз ҳисоби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои зертобеъи вазорат ва нашрияҳои соҳавӣ Комиссияи озмун таъсис дода мешавад. 
    14. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, тоҷирону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва ашхоси алоҳида метавонанд сарпарастии озмунро ба уҳда гиранд. 
    15. Аъзои ҳакамон наметавонанд маводи худро ба озмун пешкаш намоянд.

  • Дида шуд: 1660

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj