Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

               

 

      Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.
    Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат гирифта истодааст, ба таъсири харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ истодагарӣ кардан танҳо тавассути амиқ омӯхтани таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ имконпазир мебошад. Муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад.
    Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон аст. Вазифаи олимону донишмандон, устодону омӯзгорон ва падару модарон аст, ки ба насли наврас аҳамияти ин мероси бузургро фаҳмонанд ва онҳоро ба омӯхтани таърихи бостониву пурифтихори халқамон ташвиқу роҳнамоӣ кунанд.
    Имрӯз дар кишварамон се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Ёдгориҳои замони қадим, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Бунҷикат, аҳристон, Ҳисорак, Санҷаршоҳ, Карон, Ямчун ва даҳҳо мавзеи дигар ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои дохиливу байналмилалии бостоншиносӣ мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор дода мешаванд.
    Саразм яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад. Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик мебошад. Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз барои ҳифзи ин мероси бузурги таърихиамон корҳои зиёдеро анҷом додем.Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.
    Ман солҳои 2003-2005 ду маротиба ба ин мавзеъ омада, бо вазъи он шинос шуда, дар хусуси ҳифзу омӯзиши ин мавзеи нодир дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузошта будам. Дар шароите, ки имкониятҳои молиявии кишвар дар он рӯзҳо бисёр маҳдуд буданд, мо барои ҳифзи ин ёдгории нодир маблағҳои зарурӣ ҷудо кардем. Дар натиҷа тайи солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти он болопӯш ва атрофи ёдгорӣ бо панҷара иҳота карда шуд. Дар ин раванд маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд. 
    Ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.
    Баъдан доир ба ҷашни 5500-солагии Саразм, ки аз тарафи аҳли илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзиву ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф шудааст, қарори дахлдори Ҳукумати  кишвар  қабул  гардид. Дар доираи ин санад дар шаҳри Панҷакент корҳои зиёди созандагиву ободонӣ амалӣ гардиданд ва имрӯз симои шаҳр хеле зебо шуда, сокинони он якҷо бо тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашни диёри куҳанбунёди худро баргузор менамоянд.
    Ёдгории шаҳри бостонии Саразм соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст. Натиҷаҳои таҳқиқи илмии ин мавзеи таърихӣ дар бисёр анҷуману ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Итолиё, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Moлдова, Қирғизистон ва кишварҳои Африқо мавриди баррасии олимони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.
    Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум — сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дар бар мегирад. Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳими таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад.
    Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аввалин таҳқиқоти ҷиддӣ доир ба омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ солҳои 50-уми асри гузашта дар ҳудуди Қайроққум ва водии Бешкент гузаронида шудааст. Баъдтар осори асри биринҷӣ аз ҳудуди Истаравшан, миёноб ва поёноби дарёи Вахш ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистон дарёфт шуданд.
    Дар замони истиқлол осори дигари асри биринҷӣ аз Кангуртут, Тегузак, Даҳана, инчунин, миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва чанде пештар дар Фархор кашф шуд, ки ҳоло мавриди таҳқиқи мутахассисон қарор дорад.
    Шаҳри Саразми бостонӣ аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ шимолтарин бошишгоҳи муқимии маданиву кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва тамаддуни Саразм қариб 1500 сол идома ёфтааст. То соли 1980 аз ин ёдгорӣ бостоншиносони машҳур Александр Беленитский, Борис Литвин-ский, Рауф Мунчаев, Вадим Масон, Борис Маршак, Нуъмон Неъматов, Аҳмадалӣ Аскаров, Филипп Колл, Карл Ламберг-Кар-ловский, Анри Пол Франкфорт ва Бертил Леоне дидан кардаанд. Аз ин пас Саразм ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқотии му-тахассисони сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. 
    Аз соли 1984 марказҳои илмӣ ва бостонши-носии хориҷӣ, пеш аз ҳама, олимони Фарон-са Анри Пол Франкфорт ва Ролан Безенвал ва як сол пас муҳаққиқони амрикоӣ Филипп Колл ва Карл Ламберг-Карловский, инчу-нин, муҳаққиқони рус Наталя Виноградова, Вадим Масон ва Любов Кирчо ба таҳқиқи Саразм ҳамроҳ шудаанд.
    Омӯзиши маҷмӯии ёдгории Саразм аз соли 1984 то ба имрӯз идома дошта, дар ин давра олимони тоҷик бо ҳамкасбони фаронсавӣ, россиягӣ, чиноӣ, итолиёӣ ва амрикоии худ таърихи комили ёдгориро бо дарназардошти паҳлуҳои гуногуни ҳаёти дар ҳудуди он ҷараёндошта таҳқиқ намуданд.
    Қарор доир ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин росто ковишҳои бостоншиносӣ ва ба ҷашн омода кардани ҳафриёт вусъат пайдо намуда, шумораи зиёди бостоншиносони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи он ҷалб гардиданд.
    Бояд гуфт, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ ва ҳунармандиву шаҳрсозии Варорӯди Осиёи Марказӣ, балки тамоми минтақаи Шарқи Наздик — Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷомеаи илмӣ маданияти саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад.
    Гузаштагони дури мо, пеш аз он, ки мавзеи Саразмро ба сифати қароргоҳи доимии худ интихоб намоянд, шояд омили асосӣ — серобӣ ва замини фарохи нармхокро ба назар гирифта бошанд.
    Саразм зодгоҳи аввалин меъморони сарзамини Варорӯд буда, то имрӯз аз зери хок зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 маъбади оташпарастӣ, як анбори ғалла ва як бӯстонсаро кашф шудааст. Иншооти то имрӯз кашфшудаи ин шаҳри бостонӣ аз завқи баланди фарҳанги шаҳрсозии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд ва мо дар асоси санъати меъморӣ ва сохтмонии Саразм ибтидои ташаккули фарҳанги шаҳрсозии гузаштагони худро мебинем.
    Дар охири ҳазорсолаи чоруми то милод шаҳри Саразм, инчунин, ба сифати яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот маълум будааст. Кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз мис, тилло, нуқра, қӯрғошим, қалъагӣ ва маъданҳои дигар ғанӣ буданд, ба рушди ин ҳунар имконият додаанд. Воқеан, имрӯз низ ҳудуди шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои бузурги истихроҷи тиллову мис дар Тоҷикистон мебошад.
    Ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз ин ҷо асбобҳои гуногуни маъдангудозӣ, қолабҳо барои рехтани олоту силоҳ, аз ҷумла олоти мисӣ, биринҷӣ, қӯрғошимӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ, ки шумораи онҳо зиёда аз 300 ададро ташкил медиҳад, дарёфт шудаанд. Дар натиҷаи таҳқиқи олимони тоҷик исбот шудааст, ки саразмиён зиёда аз 
40 навъи ҳунармандиро аз худ карда будаанд.
    Бозёфтҳои бостонӣ аз иртиботи маданӣ ва тиҷоратии Саразм бо ҳудудҳои кунунии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва сарзаминҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд. Рушди муносибатҳои тиҷоратӣ дар марҳалаи гузариш аз ҳазораи чор ба ҳазораи се Саразмро ба яке аз марказҳои омезиши фарҳанги аҳди бостон табдил додааст.
    Таърихи беш аз 5500-солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981-1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд. 
Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, фаронсавиҳо ба 5775-5364 ва олимони тоҷику рус ба 5600-5500 сол баробар донистаанд. Санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд. Ва донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад.
    Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.
    Мо ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу дорем.

  • Дида шуд: 1658

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj