Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

РОҲҲОИ ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ 
ВА ТАФАККУРИ ТЕХНИКИИ ХОНАНДАГОН 

дар дарсҳои физика ва астрономия

   Мардум аз замонҳои қадим ҳодисаҳои та-биатро мушоҳида намуда, сабаби ба вуҷуд омадани онҳоро фаҳмиданӣ мешуданд. Лекин фаҳмидани сабаби ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиат кори осон набуд. Ақлҳои беҳтарин ин ҳодисаҳоро бо таври худ мефаҳмониданд. 
Масалан, ба саволи «Барои чӣ шабу рӯз бо на-вбат иваз мешавад?» ҷавоб медоданд, ки «Оф-тоб дар гирди Замин давр мезанад». Одамони қадим намедонистанд, ки Офтоб чист ва Замин чист? Лекин медиданд, ки кураи дурахшоне субҳгоҳон бар тоқи фалак баромада, ҳаракат намуда шомгоҳон дар паси уфуқ панаҳ меша-вад. Бо баромадани Офтоб атрофро равшанӣ фаро мегирад, одам чизҳои атрофро мебинад ва бо ғуруби он атрофро торикӣ фаро гирифта, дидани чизҳо мушкил (ва ҳатто номумкин) мегардад. Ҳангоме ки Офтоб мебарояд, рӯз ме-шавад, ҳангоме ки ғуруб мекунад, шаб меша-вад, мефаҳмониданд онҳо.  
   Дарвоқеъ, одами имрӯза ҳам агар аз асосҳои физика ва астрофизика (нуҷум) бехабар бошад, ҳодисаи мазкурро тақрибан ҳамин тавр маънидод менамояд. Ин маълумот аз лиҳози илмӣ асоснок нест. Физикаи муосир бо далелҳои муътамад исбот намудааст, ки падидаи паси ҳам омадани рӯз ва шаб дар натиҷаи дар гирди меҳвараш давр задани кураи Замин рӯй медиҳад. Замин сайёраи сеюми низоми офтобӣ мебошад. Он аз Офтоб дар масофаи тақрибан 150 миллион километр воқеъ буда, дар гирди Офтоб бо суръати кайҳонӣ (тақрибан 30 км/с) дар гардиш мебошад. Офтоб ситораи қаторӣ дар коинот ва наздиктарин ситора ба Замин аст. Баробари давр задан дар гирди Офтоб сайёраи Замин дар гирди меҳвараш бо самти ҳаракати мадораш дар давоми як шабонарӯз як маротиба давр мезанад. Тарафи ба Офтоб нигаронидаи Замин рӯз ва тарафи муқобилаш шаб мешавад. Бояд тазаккур дод, ки барои расидан ба ин маълумоти дақиқ илм роҳи дуру дарози таърихиро тай намудааст.

   Саволи дигаре, ки одамонро аз замонҳои кадим ба ваҷд меовард, баррасӣ менамоем: Рӯшноӣ чист ва барои чӣ одам ҳангоми мавҷуд будани рӯшноӣ атрофро мебинад?  Бояд эътироф кард, ки ба саволи рӯшноӣ чист, одамони қадим умуман ҷавоб дода наметавонистанд. 
Лекин ба қисми дуюми савол - барои чӣ одам атроф ва предметҳоро мебинад, кӯшиши ҷавоб додан кардаанд. Масалан, олимони қадим ақида доштанд, ки аз чашм нуре мебарояд (онро нури назар меномиданд) ва предметҳои атрофро «ламс»  намуда, ба бинанда дар бораи он маълумот медиҳад. 
  Физикаи муосир исбот намудааст, ки ин ақида низ тамоман нодуруст мебошад. Илми физика дар дарёфти ҷавоби асоснок ба саволи рӯшноӣ чист, низ роҳи тӯлониро тай намудааст. Зимни таҳлили таҷрибаҳои сершумор исбот шудааст, ки рӯшноӣ як навъ мавҷи электромагнитӣ мебошад, ки бо портсияҳо аз атоми моддаҳо афканда мешавад. Инро назарияи квантии рӯшноӣ меноманд. Ба толибилмон таъкид бояд кард, ки рӯшноӣ ҳамчун мавҷи электромагнитӣ ду хосияти нодир дорад. Якум, суръати рӯшноӣ дар табиат калонтарин суръат мебошад. Рӯшноӣ дар вакуум бо суръати тақрибан 300 000 км/с паҳн мешавад. Дар назарияи нисбии Эйнштейн исбот мешавад, ки ягон чизи дигар бо ин суръат ҳаракат карда наметавонад. Дуюм, рӯшноӣ на танҳо дар муҳитҳои шаффоф, балки дар вакуум ҳам паҳн шуда метавонад. Зиёда аз ин исбот шудааст, ки рӯшноии табиӣ рӯшноии мураккаб буда, дар таркибаш мавҷҳои дарозиашон мухталиф, аз рӯшноии бунафш то сурх вуҷуд дорад. Биниши инсон (ва ҷонварони дигар) дар натиҷаи аз предмет акс шуда ба чашм афтидани  он имконпазир мегардад. Яъне дастаи рӯшноӣ ба предмет афтида аз он акс шуда, дар чашм тасвири предметро ҳосил мекунад. Мо олами атрофро мебинем, китоб мехонем, роҳамонро ёфта, ҳаракат мекунем. 

    Ҳангоми омӯзиши табиати мавҷии рӯшноӣ ду муҳиммияти рӯшноиро ба шогирдон бояд таъкид намуд. Якум, тавассути рӯшноӣ амалӣ шудани раванди биниш, ки дар боло гуфтем. 
Дуюм, бо воситаи мавҷи рӯшноӣ аз Офтоб ба сайёраи мо энергия интиқол мешавад ва ин сабаби ба вуҷуд омадани ҳарорати ба ҳаёт мувофиқ дар Замин гардидааст. Зери таъсири нури рӯшноӣ раванди фотосинтез амалӣ мешавад. Яъне барги дарахту растаниҳо гази оксиди карбонро фурӯ бурда, зери таъсири рӯшноӣ ба оксиген ва пайвастагиҳои зиёди органикӣ ҷудо менамоянд. Оксиген барои ҳамаи ҷонварон, аз ҷумла, одамон барои нафаскашӣ ҳаётан муҳим мебошад. 
Зимни ҳодисаи фотосинтез дар рустаниву дарахтон ҳосил шудани моддаҳои органикӣ (сафеда, крахмал, равған, қанд, витаминҳо, микроэлементҳо…) дар зиндагии одамон (таъмини хӯрок, витаминҳо микроэлементҳо ва энергия) нақши фавқулодат дорад.  Дар сурати аз Офтоб тавассути рӯшноӣ наомадани энергия шароити физикии Замин барои вуҷуд доштани мавҷудоти зинда имконнопазир мегардад. Замин ба сайёраи сард табдил ёфта, ҳаёт дар Замин барҳам мехӯрад. Донистани ин воқеияте, ки инкишофи илм фароҳам овардааст, муносибати толибилмонро ба табиат ва илм дигар менамояд.              
    Барои чӣ раъду барқ рух медиҳад, барои чӣ оби дарё ҷорӣ мешавад, барои чӣ борон меборад, барои чӣ об ях мекунад, барои чӣ ях гудохта мешавад, барои чӣ Офтоб ва ё Моҳ мегирад («месӯзад»), барои чӣ санг аз боло ба поён худ аз худ меафтад, лекин аз поён ба боло худ аз худ намебарояд, барои чӣ шабонгоҳ ситораҳо чашмак мезананд, барои чӣ шамол мешавад, барои чӣ зимистон ҳаво сард ва тобистон ҳаво гарм мешавад, садо чист ва чӣ тавр пайдо мешавад, барои чӣ ҳангоми сӯхтани ангишт гармӣ ҳосил мешавад, барои чӣ оташ аз худ рӯшноӣ мебарорад? ва садҳо саволи дигар аз мушоҳидаи табиат ба сари мо меояд. Одамон дар тӯли таърихи дароз ба ин саволҳо бо таври худ ҷавоб додаанд. Дар ибтидо, аксаран, ин ҷавобҳо нодуруст ва соддалавҳона буданд. Ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволҳо оид ба ҳодисаҳои табиат ин раванди табиӣ (ҷӯишҳои илмӣ) мебошад, ки наслҳои зиёд тӯли садсолаҳо онро гузаштаанд. Ин раванди дуру дароз аз пешниҳоди ақида оид ба табиати ҳодисаи физикӣ, ислоҳи ақидаи нодуруст, зимни таҷриба, исботи сабабияти ҳодиса, ба вуҷуд овардани робитаҳои математикӣ (миқдорӣ)-и бузургиҳои физикии ҳодисаҳоро тавсифдиҳанда инсониятро ба донишҳои илмии имрӯза расонидааст.  
   Физикаи муосир ин бинои муҳташами донишҳо дар бораи ҳодисаҳои табиат (аз зарраҳои элементарӣ (бунёдӣ) то коиноти бузург) мебошад. Донишҳои физикӣ, тавре дар мисоли ҳодисаҳои дар боло таҳлилшуда дидем, дар ташаккули ҷаҳонбинии одамон (насли наврас) дар байни донишҳои фанҳои табиии дигар нақши асосӣ доранд. Дигар фанҳои табиӣ аз донишҳои физикӣ васеъ истифода мебаранд. Баробари омӯзиши ҳодисаҳои табиат олимон (ва одамони ихтироъкор) дер ё зуд роҳҳои истифодаи донишҳои физикиро меёбанд ва аз онҳо истифода мебаранд. Инро татбиқи амалӣ (техникӣ)-и донишҳои физикӣ меноманд. Бо истифода аз донишҳои физикӣ асбобҳое сохта шудаанд, ки дар соҳаҳои мухталифи илм ва технология (истеҳсолот), аз ҷумла, дар рӯзгор истифода мешаванд. Пешрафти аксари соҳаҳоро бе истифодаи ин таҷҳизот тасаввур карда намешавад. Масалан, дар тиб аз чунин таҷҳизот (асбобҳои физикӣ) бо мақсади ташхис ва муолиҷаи бемориҳо зиёд истифода мешавад...    
   Маҷмӯи донишҳои илмӣ, ки одам азхуд мекунад, ҷаҳонбинии илмии ӯро ба вуҷуд меоранд. Донишҳои илмӣ донишҳоеанд, ки дар асоси таҷрибаҳои миқдорӣ ва таҳлили мантиқӣ-математикӣ дурустии онҳо исбот шудаанд [1].  
   Бояд зикр намуд, ки дар ҷомеаи инсонӣ ба ғайр аз донишҳои илмӣ инчунин донишҳои  ақидавӣ низ вуҷуд доранд. Донишҳои ақидавӣ исботи илмӣ надоранд ва исботи сабабияти ҳодисаҳои табииро мубаллиғони ин донишҳо ба қувваҳои фавқуттабиӣ ҳавола менамоянд. Бояд эътироф кард, ки донишҳои ақидавӣ дар ташаккули ахлоқии ҷомеа нақши муҳим доранд, лекин дар пешрафти техникӣ-технологӣ ҳеҷ коре карда наметавонанд.
   Ҷомеаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ моҳияти омӯхтани табиати физикии ҳодисаҳо ва истифодаи амалии онҳоро дар пешбурди зиндагӣ пештар фаҳмидаанд ва ин боиси пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо гардидааст. Фаҳмидаанд, ки ҳангоми аз донишҳои физикӣ бо мақсадҳои амалӣ истифода бурдан иҷрои корҳои ҷисмонӣ осон ва самараи меҳнат зиёд мегардад. Имрӯзҳо дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон инро хуб мефаҳманд. Мефаҳманд, ки ҳар чӣ бештар истифода бурдан аз донишҳои физикӣ метавонад мамлакатро пешқадам гардонад, сатҳи зиндагиро боло барад. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар [2] эълон намудааст. Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ [3] эълон шудаанд. Ин иқдом омӯзгорони фанҳои дақиқро вазифадор менамояд, ки аз пештара дида самараноктар кор кунанд. Насли ҷавони мамлакатро бо донишҳои илмӣ мусаллаҳ намоянд, ҷавононро барои зиндагӣ дар ҷаҳони технологии муосир омода намоянд [4].   
   Мусаллаҳ намудани одамон бо донишҳои илмӣ (бо ҷаҳонбинии илмӣ) дар муассисаи таълимӣ (аз миёнаи умумӣ то олии касбӣ) зимни омӯзиши фанҳои табиӣ ва дақиқ амалӣ мешавад. Ин ҷо роҳҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури  техникии насли наврас зимни омӯзиши фанҳои физика ва астрономия баррасӣ мешавад. Ҳангоми донишҳои физикӣ гуфтан донишҳои астрономиро низ дар назар дорем, зеро астрономия (астрофизика) идомаи илми физика дар миқёси коинот мебошад.
   Солҳои қаблӣ физикаро асоси техника меҳисобиданд. Мо ин баёнияро пурратар менамоем ва мегӯем: «Физика асоси техника ва технологияи муосир ва оянда мебошад». Ин чунин маъно дорад, ки дар натиҷаи омӯзиши ҳодисаҳои физикӣ одамон роҳҳои истифодаи ин ҳодисаҳоро дар амал пешниҳод менамоянд, техника ва технологияи нав ба вуҷуд оварда мешавад. Илм ба монанди коинот канор надорад, бинобар он раванди имконпазири татбиқи амалии ҳодисаҳои физикӣ низ беохир зиёд мебошад. Ба сифати мисол татбиқи амалии донишҳои физикӣ оид ба ҳодисаҳои ҳароратиро дида мебароем.  
   Ҳангоме ки физикҳо ҳодисаҳои ҳароратиро омӯхтанд, асосҳои назариявии истифодаи миқдори гармӣ (энергияи сӯзишворӣ) ба вуҷуд оварда шуд. Дигар хел карда гӯем, ба саволи «Чӣ тавр бо истифода аз энергияи дохилӣ кори механикиро иҷро кардан мумкин аст?» ҷавоби асоснок дода шуд. Дар ниҳояти кор мошинҳои ҳароратӣ (ҳаракатдиҳандаҳои буғӣ, дарунсӯз (карбюраторӣ ва дизелӣ) ва реактивӣ) сохта шуданд. Минбаъд корҳои зиёде, ки қаблан бо сарфи энергияи организми зинда – одам ва ҳайвоноти корӣ (асп, хар, шутур, фил, барзагов…) иҷро карда мешуданд, ба зиммаи мошинҳои ҳароратӣ вогузор шуданд.  
   Мошинҳои ҳароратӣ дар тӯли садсолаи охир хеле такмил ёфтанд ва дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир нақши басо бузург доранд. Пешрафти ҷаҳони муосирро бе истифодаи мошинҳои ҳароратӣ тасаввур карда намешавад. Ҳаракатдиҳандаҳои ҳароратӣ дар трактору комбайнҳо, экскватору мошинҳои боркаш, мошинҳои сабукраву автобусҳо, локомотивҳои қатораҳо, дар ҳавопаймоҳо, киштиҳои обӣ, зериобӣ ва кайҳонӣ васеъ истифода мешаванд. Аз дизел-генераторҳо истифода бурда, энергияи электрикӣ низ истеҳсол карда мешавад. Навъҳои мухталифи мошинҳои номбаршуда дар истеҳсолоти кишоварзӣ – шудгори замин, кофтани заҳбуру каналҳо, коркардҳои агротехникии растаниву боғот, ҷамъоварии ҳосил, пошидани дору бар зидди ҳашарот ва дигар бемориҳои растанӣ ва ғайра истифода мешаванд. Оид ба истифодаи мошинҳо дар сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, энергетикӣ (ГЭС, ТЭС ва АЭС-ҳо), дар сохтмони биноҳо ва ғайра мисолҳои зиёд овардан мумкин мебошад.  
   Ҳамин гуна татбиқи амалии хеле васеи донишҳо оид ба ҳодисаҳои электрикиро низ омӯзгорон зимни таълими физика ба толибилмон бояд нишон диҳанд. Нишон диҳанд, ки чунин асбобҳо аз қабили лампаҳои электрӣ, гармкунакҳо, дарзмолу яхдон, конденсионеру телефон, радиову телевизор, компютер ва ғайра натиҷаи татбиқи амалии донишҳои физикӣ мебошанд. Вуҷуд доштани шабакаи ҷаҳонии иттилоотии интернет ва компютерро дар бисёр мавридҳо ҳамчун далели ҷолиби истифодаи донишҳои илмӣ дар амал таъкид бояд кард. Зеро интернет ва  компютер имкониятҳои иттилоотӣ ва технологии инсонро хеле бузург намудааст.     Ҳамин тавр, ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои алоҳидаи физика дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ доир ба муҳиммияти назариявӣ ва амалии омӯзиши ҳодисаҳо маълумот додан зарурати донишгирии насли наврас (мотиватсияи таълим)-ро пурқувват менамояд. Ба толибилмон аз аввалин дарси физика бояд фаҳмонид, ки омӯзиши ҳодисаҳои физикӣ танҳо барои донистан аст, на баҳо гирифтан! Агар толибилм хоҳад, ки одами замонавӣ гардад, бояд ҳодисаҳои табиатро дуруст фаҳмонида тавонад, заминаҳои илмии таҷҳизоту асбоб ва мошину механизмҳоро ба қадри кофӣ (ақаллан дар ҳаҷми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) донад. Дар ин сурат вай метавонад дар ихтисосҳои барои ҷамъият муҳим мутахассис шавад, маоши нисбат ба одамони бекасб баландтар гирад, шахси муваффақ ва обрӯманд гардад. Дар раванди дарс ва берун аз дарс ба шогирдон борҳо бояд такрор кард, ки одамони бо донишҳои илмӣ мусаллаҳ мутахассисони соҳибкасб (омӯзгор, муҳандис, табиб, ихтирокор, олим..) шуда метавонанд ва онҳое, ки соҳиби маҳорати баланди касбӣ мебошанд, дар зиндагӣ азоб намекашанд, бекор ва бенон намемонанд!    
   Таҷриба собит менамояд, ки ҳангоме  ки аз тарафи омӯзгор донишҳои физикӣ ҳамчун василаи пешрафти зиндагии минбаъдаи одамон (ва дар маҷмуъ пешрафти давлати Тоҷикистон ва ҷаҳон) фаҳмонида мешаванд, муносибати аксари шогирдон ба донишандӯзӣ дигар мешавад. Онҳо дар ин зина дар раванди дарс бештар бодиққат ва фаъол мешаванд, саволҳои бомаврид медиҳанд. Баъзе шогирдон, берун аз дарс, ба омӯзгор бо савол ва таклифҳо оид ба имконпазирии сохтани таҷҳизоте (имконпазирии гузаронидани таҷрибае ё такрори таҷрибаи олиме) муроҷиат менамоянд. Ин вазъият далели муваффақияти кори омӯзгор мебошад. Далели он аст, ки шогирдонро ҷозибаи омӯзиши ҳодисаҳои табиат ба худ кашидааст. Ба нафъи кори таълимӣ ва тарбиявӣ истифода бурдани ин вазъият аз омӯзгор маҳорат ва дониши амиқи касбиро талаб менамояд. 
   Ба саволҳои шогирдон босаброна ҷавобҳои асоснок додан, онҳоро ба хониши маводи иловагӣ, ба  машқи  ҳалли масъалаҳо берун аз дарс ҷалб намудан, таклифи онҳоро оид ба сохтани таҷҳизоте, гузаронидани таҷрибае ҳамроҳ   берун   аз  дарс  (ҳатто  дар лаҳзаи мувофиқ,  дар  рафти дарс) муҳокима намудан ба омӯзгор имкон медиҳад,  ки дониши шогирдонро амиқтар ва раванди донишандӯзиро фаъол намояд. Омӯзгор метавонад бо истифода аз маълумот оид ба имкониятҳои шогирдон гурӯҳҳои хурди ихтироъкорон - эҷодкорон таъсис диҳад ва ба кори он роҳбарӣ намояд. То ки шогирдон дар мусобиқаҳои мактабиён дар самти ихтироъкорӣ ва озмунҳо иштирок намуда, имкониятҳои зеҳнии худро санҷанд, такмил диҳанд. Иштирок дар ин озмунҳо ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии толибилмон суръат мебахшад. 
   Имкониятҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии толибилмон дар дарсҳои лабораторӣ, ҳалли масъалаҳо аз физика хеле зиёд мебошад. Онҳоро дар мавриди дигар баррасӣ хоҳем кард. 
Дар хотима чанд нуктаи муҳим, ки донистан ва амалӣ намудани онҳо аз тарафи омӯзгорон гарави муваффаққият дар корҳои таълимӣ мегардад, ҳамчун хулоса меорем:

   1. Дониста гирифтани сабабияти равандҳои физикӣ омили асосии ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас ба шумор меравад.

  2. Намоиши зинаҳои инкишофи тасаввурот дар бораи табиати ҳодисаҳо, муқоисаи аввалин ақидаву фарзияҳо бо фаҳмишҳои муосири физикӣ дар раванди таълим имкон медиҳад, ки толибилмон нисбӣ будани донишҳои моро дар бораи табиат дониста, оид ба драматизми муборизаи ақли инсонӣ дар роҳи донишандӯзӣ маълумот дошта бошанд.  

  3. Омӯзгор раванди таълимро тарзе бояд ба роҳ монад, ки толибилмон дар донишандӯзӣ фаъол гарданд, пешрафти зиндагии минбаъдаи хешро аз дараҷаи донишмандии худ «дида» тавонанд.

  4. Ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои алоҳида диққати асосиро ба моҳияти физикии ҳодиса равона намуда, муҳиммияти ин ҳодисаро дар табиат ва зиндагӣ бо мисолҳо нишон бояд дод.

 5. Пайванди дониши назариявӣ бо татбиқи амалии онҳо дар техника ва технология як рукни асосии раванди таълими фанни физика бояд бошад. Омӯзгор ҳангоми таълими ҳамаи мавзӯъҳо ин имкониятро бо мисолҳои мушаххас, бо намоиши таҷриба, расм, нақша ва видеои тарзи кори таҷҳизоту мошинҳои мухталиф самаранок истифода бояд барад.

 6. Бо истифода аз машғулиятҳои беруназсинфӣ (маҳфилҳо, озмунҳо, таҳияи корҳои илмии шогирдона) толибилмонро ба эҷодкорӣ, аз ҷумла, ба эҷодкории техникӣ равона намояд.

 7. Бо мақсади амиқу васеъ намудани ҷаҳонбинии илмии шогирдон онҳоро ба хондани адабиёти иловагӣ, китобҳои илмӣ-оммавӣ оид ба физика, оиди зиндагиномаи олимон-физикҳои бузург тарғиб ва одат бояд кунонид. Чунин китобҳои илмӣ-оммавӣ ба забони русӣ хеле зиёданд. 

 Адабиёт:
    1. Абдуманнонов А. Нақши донишҳои физикӣ дар ташаккули
ҷаҳонбинӣ ва рушди ҷомеа // «Маърифати омӯзгор», 2020, №4,
с.26-29.
   2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии
Тоҷикистон. -Душанбе, 26-уми декабри соли 2018.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.
-Душанбе, 26-уми декабри соли 2019.
  4. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар. -Душанбе, 18-уми марти
соли 2020.


 

  • Дида шуд: 1692

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj