Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

БУЗУРГТАРИН ИХТИРОИ БАШАР


  Вилям Шекспир китобро «бузургтарин ихтирои башар» номида буд, ки дар ин гуфтаи ӯ  тардиде нест. Воқеан маҳз китоб аст, ки ба сифати чароғе моро ба сӯи пешрафт роҳнамоӣ мекунад. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ зери назари  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳти унвони «Китоб-сарчашмаи маърифат» маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд чоп гардид.
   Дар ин китоб  арзишҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби ҷомеа ба китоб ва маънавият, мақому манзалати китоб дар замони муосир, роҳу усулҳои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ сухан рафтааст.
   Муаллифони мақолаҳои нашргардида  донишмандон ва адибони  маъруфи тоҷик  Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Нуралӣ Нурзод ва дигарон мебошанд.
  Маҷмӯаи «Китоб – сарчашмаи маърифат» бо ибтикори раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон Қосим Роҳбар нашр гардида, ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Шикебои  ШОДӢ

  • Дида шуд: 1669

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj