Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

                       МАТБУОТ ҲИМОЯТГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИСТ 

    Рӯзноманигорон дар баробари мактабу омӯзгор дар тарбия ва ташаккули насли наврас саҳми арзанда дошта, дар раванди ҷомеаи пуртазоди муосир ҳимоятгари арзишҳои миллӣ мебошанд. Ин нуктаро вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода зимни ҳамоиши хоссае, ки ба муносибати   Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, иброз намуд. 
    Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз  гурӯҳи рӯзноманигоронро барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф ва илм бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ намуданд. Дар ин ҳамоиш 6 нафар бо нишони «Аълочии матбуоти ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 2 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Минҷумла, заҳматҳои муҳаррири шуъбаи илмҳои табиию риёзии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», номзади илмҳои физика ва математика Асадулло Шарифзода бо нишони «Аълочии матбуоти ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд Инчунин ба ҳафтаномаҳои «Омӯзгор» ва «Пайрав», маҳаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», «Масъалаҳои методикаи таълим», муассисаи нашриявии «Маориф», КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», матбааи вазорат ва чанд нашрияи донишгоҳӣ «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
                                                                                                                          Муҳаммадҷони ШОДӢ

 

  • Дида шуд: 1688

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj