Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

    Адабиёти гуфторӣ ё фолклор як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мардуми  тоҷик  буда,  ин  мероси  арзишманд  дар  тӯли  таърих  ҳамеша таваҷҷуҳи адибон ва донишмандони моро ба худ ҷалб намудааст. Омӯзиш ва  пажӯҳиши  ин  ганҷинаи  беназир,  ки  доимо  ҳамдами  шодиву  ғам  ва тарбиятгари  беминнати  мардум  ва  сарчашмаи  эҷодиёти  адибон  аст,  дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон низ аз назари пажӯҳандагон дур намондааст. Ба наздикӣ китоби нави профессор Равшан Раҳмонӣ зери унвони «Шинохти адабиёти гуфторӣ пас аз Истиқлоли Тоҷикистон» ба нашр расид.

     Китоб  аз  фаслҳои  зерин  -  «Давраҳои  пажӯҳиши  адабиёти  гуфторӣ  то Истиқлоли Тоҷикистон», «Адабиёти гуфторӣ дар солҳои навади садаи ХХ, пас аз Истиқлоли Тоҷикистон (1991-1999)», «Пажӯҳишкадаи Мардумшиносӣ ва «Мардумгиёҳ», «Адабиёти  гуфторӣ  дар  солҳои  2000-2009»,  «Ҷусторҳои  адабиёти  гуфторӣ  дар  солҳои  2010-2018»,  «Дифои  рисолаҳои  илмӣ  пас  аз  Истиқлоли  Тоҷикистон»,  «Равобити  байналмилалии фолклоршиносон»,  «Тадрис  ва  таҳқиқи  адабиёти  гуфторӣ»  иборат  буда,  муаллиф  ба  таври хронологӣ  ва  таърихнигорӣ  дар  бораи  омӯзиш  ва  пажӯҳиши  адабиёти  гуфтории  (фолклори) тоҷикон дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар шакли китоб нашр гардидааст, маълумоти муфид медиҳад.

                                                                                                                      Муҳаммадиқболи НУЪМОНИЁН

  • Дида шуд: 1674

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj