Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ТАВАҶҶУҲ, ОЗМУН!

  Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба муносибати сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин пажӯҳишҳои таълимию методӣ ва илмиву таҳлилӣ баҳри дарёфти Ҷоизаи ба номи аввалин нозири маорифи Тоҷикистон ва профессори тоҷик, яке аз бунёдгузорони матбуоти миллӣ  Аббос Алиев озмун эълон менамояд.

     Мақсад ва ғояи нигоштаҳо бояд инъикоси ҳуҷҷативу воқеии мактаби миллӣ дар тӯли сӣ сол; нақши  созандаи соҳаи маориф дар ташаккули миллат, забони тоҷикӣ ва давлати Тоҷикистон; мактаби миллӣ: дастовард, мушкилот ва дурнамо; таҷрибаи ибратбахши омӯзгорон; раванди татбиқи амалии ислоҳоти маориф ва иҷрои талаботи асноди ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа дар маҳалҳо; шахсият ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа бошад. Ҳамчунин осори илмиву публитсистие, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани савияи худогоҳиву худшиносии насли наврас мебошад, ба озмун роҳ дода мешаванд. Афзалият ба нигоштаҳое дода мешавад, ки дар онҳо баробари масъалагузорӣ роҳҳои беҳтару самарабахши ҳалли мушкилоти соҳаи маориф  нишон дода шаванд.

     Дар озмун тамоми хоҳишмандон – олимон, адибон, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва ашхоси машғул ба дигар касбу соҳаҳо иштирок карда метавонанд. Маводи ба озмун пешниҳодшаванда дар шакли рисола, китоб ва ё силсилаи мақолаҳо бояд тайи солҳои 2019-2021 нашр гардида, дар 5 нусха то охири моҳи майи соли 2021 ба идораи маҷалла пешниҳод карда шаванд. 

      Ҷоиза дорои шаҳодатнома, нишон ва маблағи пулӣ (3 ҳазор сомонӣ) буда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

 

  • Дида шуд: 1670

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj