1-уми феврали соли 2019 дар толори Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимнан Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм қайд намуд, ки соли 2018 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз ҷумла, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 151 бинои муассисаи таълимӣ барои 36600 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
- Соли 2018 5220 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2017 227 нафар зиёд аст, - иброз дошт вазир.
Дар идомаи суханронӣ Н. Саид зикр намуд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои олӣ ва мутобиқ гардонидан ба стандартҳои байналмилалӣ иқдоми шоистаро рӯйи даст гирифтааст. Аз ин рӯ, 320 ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ омода карда шудааст.
Ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
мутахаcсиси Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
‹ | › | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |