Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

  28-уми январи соли 2018 дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода – ректори ДМТ, муовинони ректор ва намояндагони расонаҳои иттилоотӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

   Муҳаммадюсуф Имомзода аз фаъолияти солонаи донишгоҳ дар назди намояндагони расонаҳо ҳисобот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2018 ҳам мисли чанд соли охир ДМТ аз рӯи рейтинги ҷамъбастнамудаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишгоҳҳои кишвар дар ҷои аввал қарор дорад. Ичунин, тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли таҳсили 2017-2018 30 ихтисос (6 ихтисос дар маълумоти 2-юми олӣ) дар 14 факултети донишгоҳ ба шакли таҳсили фосилавӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо имрӯз ҳудуди 5500 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, раёсати ДМТ тасмим гирифтааст, дар муддати наздиктарин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як бинои 2-ошёна (комплекси иҷтимоӣ), ки он дорои ҳаммому кошонаи ҳусн (мардонаву занона), нуқтаи хушкашуӣ  ва ошхона мебошад, сохта ба истифода диҳад.

    Дар охир миёни раёсати ДМТ ва рӯзноманигорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аҳмадшоҳи МАСЪУД-мутахассиси Маркази

матбуоти Вазорати маориф ва илм

 

  

 

  • Дида шуд: 1716

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj