Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Баҳс, баҳс, баҳс, ва ҳама сари як масъала: мақола, пешниҳод ва интихоб. Воқеан, ин бори аввал нест, ки гирди як миз чунин баҳс ташкил мекунем. Нашрияҳои соҳа, ҳатто, ғайрисоҳавӣ, ки ҳамагӣ чанд сол пеш доди наёфтани мақола ва надоштани муаллифон-омӯзгорон мезаданд, имрӯз дар интихоби мақолаи мувофиқ додхоҳӣ доранд. Гумон накунед, ки ин додхоҳияшон ҷудоӣ ҷустан аз муалифон аст. Не, ин ба хотири дарёфти муаллифони соҳибқалам, андешаҳои бунёдӣ ва пешниҳодҳои бикри мутахассисон ва рушди соҳа аст. Мушкил он аст, ки…, беҳтараш, ба андешаҳо назар мекунем.

                                          

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор”: - Нашрияҳои «Омӯзгор» ва «Маърифати омӯзгор» борҳо аз робитаи алоқамандони худ, онҳое, ки танҳо ба хотире ба мо муроҷиат мекунанд, бо нигаронӣ садо додаанд. Ҳанӯз чанд сол пеш бо номи «Нашрия ва муштарӣ: баҳсе, ки аз вазъ бармеояд» бо иштироки мутахассисону омӯзгорон мизи мудаввар ташкил карда будем. Ҳатто, дар шумораи №45 (аз 8 ноябри соли 2018) мақолаеро бо номи «Шарҳи даъвои нашрияву муштарӣ» низ чоп кардем, ки дар он масъалагузорӣ бо таҳлилу пешниҳодҳо манзури хонандагон гашта буд. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба мавзӯъ чунин нишасту вохӯриҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе низ борҳо сурат гирифта, интизориҳое дар пай дошт. Аммо…

Биёед, бубинем, ки чаро омӯзгорон мақола навишта ва пешниҳод карда наметавонанд? Оё фаъолияти хадамоти методӣ натиҷаовар нест?, Роҳбарони муассисаҳо  камтаваҷҷуҳанд?, Ё касбияти омӯзгорон зери суол рафтааст?, Омӯзгорон чӣ нависанд ва барои чӣ: танҳо барои аз аттестатсия гузаштаву категория гирифтан ё…?

Саида НАБИЗОДА- сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”: - Аслан тарзи навиштану пешниҳод кардани мақола мавзӯи нав нест, вале муҳим аст. Имрӯз моро чӣ водор намуд, ки ба ин мавзӯъ боз рӯ биёрем? Ҳамагӣ чанд сол қабл аз ин ҷиҳат бо роҳбарону мутахассисони идораҳои зерсохтори вазорат “дастбагиребон” ҳам мешудем. Ин дар ҳоле буд, ки аз кӯҳистони дурдасти Муъминобод, Ховалинг, Масчоҳ, Панҷакент, Ишкошим, Дарвоз, Рашт ва дигар ба мо мақолаҳо пешниҳод мешуданд, вале аз пойтахт кам. Мо бо вуҷуди чунин нигаронӣ, аз роҳбарияти сарраёсати маорифи шаҳр, бахусус, Маҳмадалӣ Азизӣ сипосгузорем. Чунки аз талаботи зиёди эшон, ки чопи мақоларо ҳатмӣ донистанд, омӯзгорон нашрияҳоро шинохтанд. Яъне, талаботи роҳбарият нашрияҳоро муаррифӣ кард, вагарна куҷо хондану навиштан?

“Маърака”-и аз аттестатсия гузаштани омӯзгорон теъдоди муаллифони иҷбориро дар нашрияҳо афзуд (агарчи муаллифони хуб ҳам ёфтем). Дар “Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, № 281 тасдиқ гардидааст, дар тавсифномаи аттестатсияшаванда ба фаъолияти корманд дар баробари чанд паҳлуи дигар, ба ин ҷиҳат низ баҳогузорӣ карда мешавад: “татбиқи донишу таҷриба дар вазифаи ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ (маърӯза дар конфронсу семинарҳо, мақолаҳои методӣ, иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо).” Бубинед, худи ҳамин талабот чун пештар нишон намедиҳад, ки дар гирифтани дараҷаи олӣ бо навиштани мақолаҳои илмӣ-методӣ фарқияти омӯзгор-олим аз омӯзгори одӣ бояд шинохта шавад. Намедонем, чаро, омӯзгорон бе назардошти ин маънӣ бештар майли категорияи олӣ гирифтан доранд. Далели онҳо собиқаи зиёди кор, таҷрибаи ғанӣ, эҷодкорӣ дар дигар паҳлуҳои дарс, теъдоди шогирдонашон, ки дар олимпиадаҳо пирӯз шудаанд, мебошад.

Ба ҳар сурат, мо бо фаҳмондану ҷанҷол кардану ҳамкориҳои зич беҳтарин муаллифонро аз шаҳри Душанбе (литсейи инноватсионии Душанбе, гимназияи №2, гимназияи иқтисодӣ, мактабҳои №№21, 30, 49, 62, 69) пайдо кардем.

Н.Нурализода: - Қариб 70 дарсади мақолаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, умумигӯӣ аз ҳад зиёд аст. Фикр мекунам, навиштани 5 мақола дар муҳлати муайян (яъне дар давоми 5 сол) бояд сурат гирад. Соле пеш роҳбарияти  Литсейи иноватсионии “Душанбе” аз мо хоҳиш карданд, ки доир ба тарзи навиштани мақола бо омӯзгорони онҳо семинар гузаронем. Пас аз чанд рӯзи семинар беҳтарин мақолаҳо ба мо пешниҳод шуданд.

 Ҳамза Наврӯзов- корманди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф: - Вақте ки омӯзгор менависад, аввал бояд мушкилоти соҳа, ислоҳот, дурнамои таълими фанни худ (ё кори худ)-ро, ки дар ниҳоят ба рушди сифати таҳсилот мусоидат мекунад, дар назар гирад. Ду ҷанбаи муҳимми натиҷагирӣ ва рушди фаъолияти омӯзгор аст: яке такмили ихтисос, дигаре, аз аттестатсия гузаштани омӯзгорон. Омӯзгорон мувофиқи ҷадвали тақсимот вақти аз аттестатсия гузаштани худро бояд донанд. Вобаста ба ин барои иҷрои талаботи қоидаҳои он омодагӣ гиранд, чопи мақола бартарӣ дар он аст. Аз нигоҳи ман, меҳвари асосии фаъолият ба назорати дохилимактабӣ рабт дорад. Баъд, талабот дар ҳар давр набояд якранг бошад, самтҳои гуногуни таҳрикдиҳандаанд, ки омӯзгорро ба фикр кардану эҷод водор менамоянд. Дар ин ҷо иттиҳодияи методӣ, шӯрои методӣ, сипас, шӯрои педагогии мактаб, ки мақоми олии мактаб аст, бояд пайдарҳам фаъолият намоянд. Бояд дар дафтари худомӯзии омӯзгор кори панҷсолааш аз рӯи 5 талабот навишта шавад. Дар аттестатсия ин нукта аз назари масъулин бояд дур намонад, дар акси ҳол, танҳо бо талаби навиштани мақола моҳияти аттестатсия аз байн меравад.

Н.Нурализода: - Мо аз байни омӯзгорон муаллифҳое дорем, ки эҷодкоранд, соҳибқаламанд, ба хотири категория не, доим менависанд ва хуб ҳам менависанд, рӯбардор намекунанд, навиштаашон тарҷумазада ҳам нест. Дуруст аст, ки навиштан дар мавзӯи рӯз хоси матбуот аст, аммо на ба ин дараҷа. Чаро мо сабабҳои ёд нагирифтани забонҳои хориҷиро, ки тӯли 11 сол меомӯзем, навишта натавонистани иншо ё эссе, ғайр аз чор амали математикӣ аз уҳдаи ҳалли мисоле набаромаданро хаттӣ гуфта натавонем? Магар фарқи хонандаи фаъолро аз қафомонда шарҳ додан душвор аст?

Абдувосит Нуралиев - корманди Маркази миллии тестӣ: - Ҳар кас чун устод Айнӣ асар навишта наметавонад, лекин бо тамрину омӯзишу пажӯҳишу кӯшишу гӯишу хоҳиш метавонад чун устод ва ҳатто аз ӯ беҳтар мақола нависад. Дар ҳама самт, аз ҷумла робитаи нашрия бо муаллифон ду омил вуҷуд дорад: талабот ва ҳавасмандӣ. Дар таҷриба мо ҳам бо ҳар гуна муаллифон сари кор доштем. Нафаре омад ва хоҳиш кард, ки барояш мақолае нависем, маслиҳаташ додем, ки аввал мавзӯъро муайян кунед, баъд мақсад гузоред, ки барои кӣ менависед. Агар не, кор бефоида аст. Оне, ки дар ҳаёташ як хабар ҳам нанавишта буд, мақоланависи моҳир шуд, ҳатто ба публитсистика ҳам гузашт.

Гуфтем ҳавасмандӣ. Пештар ҳаққи қалами хуб буд ва вақте менавиштед, масъала пайгирӣ мешуд. Ҷанбаҳои молиявии кори хадамоти методӣ, аз ҷумла, иттиҳодияи методиро мақомоти дахлдор бояд ба инобат гиранд. Яъне, ба роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва дигар маош таъйин кардан зарур аст.

Р.Худоёров – муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе:

- На ҳар кас ба фаъолияти омӯзгорӣ даст мезанад. Ҳар кор қонуну талаботи худро дорад. Соҳаи маориф ҳам. Талабот барои додани дараҷаи тахассусӣ барои фарқ кардану шинохтани омӯзгорон нигаронда шудааст. Омӯзгоре, ки дараҷаи баландтари тахассусӣ мехоҳад, бояд худомӯзӣ, навоварӣ, эҷодкорӣ дошта бошад. Барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон соли 2018 се қарори раиси шаҳр ба имзо расид. Яке доир ба барномаи таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дигараш технологияи иттилоотӣ ва сеюмӣ барномаи рушди соҳаи маориф барои солҳои 2018-2020. Раёсати таъминоти методии маорифи шаҳр мақолаҳои омӯзгоронро барои чоп гирд овардааст. Бо таассуф, бештари мақолаҳое, ки менависанд, оҳанги иттилоотӣ ҳам надоранд. Фикр мекунам, дар курсҳои такмили ихтисос ин паҳлуи фаъолияти омӯзгорон бояд ба инобат гирифта шавад.

Имомназар Холназар – корманди ДҶТИКСМ: - Мо солҳои охир бо супориши роҳбарияти донишкада миёни ҳамаи шунавандагони курсҳо озмуни “Иншои беҳтарин” ташкил мекунем. Бале, мақола не, иншои озод ва он ҳам дар мавзӯъҳои мубрами рӯз. Мушоҳида мешавад, ки омӯзгорони мо аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромада наметавонанд. Алҳол мо ба эссе рӯ оварда истодаем. Ба назар мерасад, ки худи омӯзгорон ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Дар навиштаҳои омӯзгорон ғалатҳо ниҳоят зиёд дучор мешаванд. Аз ин рӯ, дар донишкада имрӯз фаъолияти эҷодии шунавандагон ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ санҷида мешавад. Кори хуб пайдо кардан мушкил. Ин ҳолат натиҷаи ҳамон аттестатсияҳое аст, ки хотирбинӣ мекунем. Қалам танҳо дар давраи аттестатсия не, балки ҳамеша бояд дар дасти омӯзгор бошад. Яке аз вазифаҳои иттиҳодияҳои методӣ таҳрири навиштаҳои омӯзгорон аст. Оё ин кор дар мактабҳо ба назар гирифта мешавад?

Ҳафизаи Бобоҷон – корманди Маркази такмили ихтисоси шаҳр:  - Омӯзгорро ҳушдор додан аз он ки бе навиштани мақола ва он ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дараҷаи тахассусӣ намегирад, хатои маҳз аст. Чунки ҳар омӯзгоре, ки умрашро фидои кори худ кардааст, бе мақола сазовори дараҷаи олии тахассусӣ аст. Ин талабот боиси он шуд, ки дар саҳифаҳои нашрияҳои соҳа мақолаҳои хому ночаспон роҳ ёбанд. ...Муаллимае бо 43 соли собиқаи кор аз аттестатсия гардонда шуд, ки ин ба баландшавии фишори хунаш таъсир расонд. Чаро мо обрӯи чунин омӯзгоронро ҳифз накунем, кори ӯро нодида гирем? Чаро дар саҳифаҳои матбуот аз таҷрибаи ӯ нагӯем? Хадамоти методӣ (аз мактаб сар карда) бояд инро омӯзад.

Ф.Гулмадов – ходими калони АТТ: - Дарвоқеъ, агар меъёри асосӣ ҳамин бошад, билкул хато аст. Омӯзгорро барои маҳораташ бояд категория дод, барои маҳорати педагогӣ, на чизи дигар. Дар даврони Шӯравӣ магар категория буд? Не, аммо мо чеҳраҳое доштем ба мисли Муҳаббат Маҳмудова, Идӣ Халифаев, Ҳабиба Каримова, Азизов, Амонашвили, Шаталов, Макаренко, Ушинский, Сухомлинский, ки ба категория ниёз надоштанд, лекин таҷрибаашонро аз тамоми дунё омада меомӯхтанд. Фарз кардем, ки омӯзгор мақола навишт, кӣ кафолат медиҳад, ки мақоларо худаш навиштааст?

 

А.Нуралиев: - Аммо гуфтан дуруст нест, ки ин талабот ғалат аст. Навиштани мақола ҳамчун талаботи асосӣ не, яке аз шартҳои талабот аст.

Эҳсон Сафарзода- сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм: - Ба Маркази матбуоти вазорат ҳар рӯз қариб 10 нафар барои чопи мақола дар нашрияҳои соҳавӣ муроҷиат менамоянд. 7-8 нафарашон мепурсанд: “Ягон кас нест мақола нависад, маслиҳат мекунем...?” Дуруст қайд шуд, муайян кардан душвор аст, ки муаллиф худи омӯзгор аст ё каси дигар. Ба ин хотир, беҳтараш, рӯзи аттестатсия аз омӯзгор навиштани эссе талаб карда шавад, ё тартиб додани нақшаи яксоатаи дарс ва ё ягон маърӯза. Вақте ҳадаф шинохтани омӯзгор ва муайян кардани қобилияти ӯст, шакли талабот бояд дигар гардад. Як мисол: омӯзгори собиқадоре, ки баҳои Сарвари давлатро соҳиб шуда, дар телевизион ҳам очерке аз таҷрибааш тайёр карданд, аз аттестатсия нагузашт, он ҳам ба сабаби нарасидани як мақола дар нашрияи ҷумҳуриявӣ. Ин ҷиҳатҳо бояд ба назар гирифта шаванд.

Р.Худоёров: - Омӯзгорони нафақахӯр аз чунин талабот истисноянд.

Сайдамир Аминов – мактабшинос: - Дар баҳогузории омӯзгорон эҷоди мақолаву китоб бояд бартарӣ дошта бошад. Ба назари ман, масъала гузоштан, ки омӯзгор нависад ё нанависад, нодуруст аст. Бояд чӣ тавр навиштан ҳадафи суҳбат бошад. Аввалан, талабот ҳаст, бояд иҷро гардад. Сониян, навиштан ба ҳар кас муяссар намешавад. Аз таҷрибаи чунин омӯзгорон бояд очерку лавҳа омода намуда, ба омма пешкаш намуд.

Бояд гуфт, ки ин салоҳият дар пешниҳоди мақолаҳо моро бесалоҳият кард (!), мақолаҳое бо ин ном менависанд, ки шавқмандӣ ва муҳтавои дуруст надоранд. Ҳол он ки бо назардошти муносибатҳои салоҳиятнокӣ  танҳо дар асоси як матн 20 намуд корро иҷро кардан мумкин аст (тавре дар китобу раҳнамоҳо мо ҷо додаем). Ё бигирем, мақолаҳои илмиеро, ки ба ном аспирантҳо менависанд. Чунин мақолаҳоро хонда, кас дар тааҷҷуб меафтад. Устодону мутасаддиён чиро назорат мекунанд, номаълум.

С.Набизода: - Бале, мақолаҳои илмие, ки пешниҳод мешаванд, яктарафа, тарҷумазада ва бештар рӯбардоранд. Ҳол он ки мақолаи илмӣ чунин паҳлуҳоро дар бар мегирад: масъалагузорӣ; тавзеҳи мухтасари мақсад ва зарурати он; таҳлили масъала; қисми ҷамъбастӣ ва пешниҳодот оид ба масъалаи таҳқиқшуда. Чунин мақолаҳо каманд, хусусан, аз насли ҷавон.

С.Аминов: - Ба андешаи мо, дар назди шуъбаҳои маориф маҳфилҳои эҷодӣ ташкил кардан ва мақоланависиро ба омӯзгорон ёд додан даркор! Масъалаи асосӣ ин аст, ки касе (худи мо ҳам) доир ба идораи мактаб чизе наменависад, ғайр аз Ҳабиб Искандаров. Мактаби мактабшиносон бояд бошад, то тарғиб кунад ва тарғиб ёбад. Мо бояд худамон соҳаро рушд диҳем, аз поён. Бале, ин кори вазир ё Ҷаноби Олӣ не,  кори мо аст!

 Моҳинав Сафарова - омӯзгори мактаби рақами 49, ноҳияи Фирдавсӣ: - Дарси омӯзгор як ҷаҳон маънӣ дорад. Агар онро рӯйи варақ биёрад, беҳтарин мақола мешавад. Лекин ҷуръату маҳорат надорад ӯ. Омӯзгор дар як вақт ҳам роҳбари синф аст, ҳам дарсдиҳанда, ҳам нақша тартиб медиҳад, ҳам чорабинӣ мегузаронад, гузашта аз ин чорабиниҳои беруназмактабӣ ҳам ҳастанд (санҷишҳоро намегӯед). Бо ин ҳама хоҳиши мақоланависӣ дорад. Фақат ӯро аз нозукии мақоланависӣ бояд огоҳ намуд.

Одинамо Одинаева - директори литсейи инноватсионии “Душанбе”-и ДТТ: - Вақте аз зери дасти омӯзгор садҳо олиму адиб, ҳуқуқшинос, иқтисоддон ва шахсиятҳои маъруфи дигар мебароянд, чаро ду ҷумларо навишта натавонад? Худ қазоват кунед: омӯзгори имрӯза агар ду ҷумларо аз таҷрибаи худаш навишта натавонад, ҳуқуқи омӯзгорӣ дорад? Ин ҳам дар замоне ки шогирди имрӯза ба ҳама гуна иттилоот дастрасӣ дорад, дар ҳар маврид фикрашро гуфтаву навишта метавонад. Ҳанӯз Ушинский гуфта буд, ки “Муаллим то даме зинда аст, меомӯзад. Ҳамин ки аз омӯхтан монд, симои муаллимияш бартараф мегардад.”

Ин масъалаҳоро дар муассисаҳои таълимӣ ҳал кардан лозим. Вақте ҷамъбасти сол мешавад, ҳар як аъзои иттиҳодияи методӣ аз натиҷаи фаъолияташ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Азим Байзоев - коршинос, корманди ПРМ: - Ба назари ман, ҳамон талаботеро, ки барои додани тахассус ҳаст, бо назардошти ҳавасмандкунии омӯзгорон таҷдиди назар кардан лозим.  Шарт нест, ки омӯзгор таҷрибаашро худаш муаррифӣ кунад. Метавон аз омӯзгор дар шакли мусоҳиба ё лавҳа маълумот гирифта, таҷрибаашро муаррифӣ намуд. Вале агар менависад, бартарӣ дода шавад, хуб аст. Дар курсҳои такмили ихтисос бо ҷалби кормандони нашрияҳо соатҳои омӯзиши мақоланависӣ монем, шояд ба ҳадаф расидан имконпазир гардад.

Муҳаммадшариф Рустамзода - муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”: - Имрӯз, ки маориф дар ҳоли рушд қарор дорад, мавзӯъҳо ҳам барои навиштан зиёд шудаанд. Вале бояд иқрор шуд: навиштан кори осон нест. Беҳтараш, омӯзгорон дар бораи як соати дарсашон нависанд. Баъзеҳо мавзӯъҳоро аз интернет гирифта, ба дарсҳои худамон мутобиқ карданӣ шуда, ба 12-20 қисмат ҷудо мекунанд. Албатта, омӯзгорони кордон дар 45 дақиқа аз уҳдаи ин кори бузург мебароянд, аммо аксарият не. Омӯзгорон бояд дар мавриди сифатҳои китобҳои дарсӣ бисёртар нависанд, чун онҳо бо китоб сари кор мегиранд ва воқеиятро мебинанд. Ҳатто худи мо онҳоро ба ин кор бояд водор намоем. Кӣ медонад, шояд дар оянда аз байни ин қадар омӯзгор чанд тан олим барояд.

Номвар Қурбонов- муҳаққиқ, корманди маҷалла: - Талаботе, ки омӯзгор бояд мақола нависад, ғалат аст. Чунки омӯзгорон мақола гуфта, навиштаҳое пешниҳод мекунанд, ки на забони дуруст доранд, на ҳадаф. Баъзе муаллифон дар мақолаҳояшон мисолу масъалаҳоро аз китоб бардошта, ҳалли онҳоро пешниҳод мекунанд, ки ин зарурат надорад. Аз дигар тараф, рӯзгор то андозае монеи навиштану хондани омӯзгор (бахусус, дар деҳот) мегардад. Масъалаи дигар қадршиносии омӯзгор аст, ки мутаассифона, на дар ҳама ҷо инро ба назар мегиранд. Ҳатто дар ҳудуди ноҳия таҷрибаи омӯзгорро паҳн кардан аз тарафи маъмурияти мактаб ва мақомоти дахлдор метавонад ҳавасмандиро ба миён орад. Ин зарур ҳам ҳаст. Чунки нафароне ҳастанд, ки дар амалия бисёр корҳои хуб мекунанд, вале навишта наметавонанд.

Маҳина Бобоева - сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии табъу нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ: - Омӯзгорон ду имконияти васеи мақоланависӣ доранд: яке ин ки онҳо бо китобҳои дарсӣ кор мекунанд ва  аз ҳусну қубҳи китобҳо огаҳанд, дигаре ҳама гуна роҳу усули таълим аз назару таҷрибаи онҳо мегузарад ва аз ин рӯ, онҳо метавонанд воқеиятро баён кунанд. Имконияти аввал моро водор менамояд, ки дар чопи такрории китоб камбудиҳоро ислоҳ намуда, аз андешаву пешниҳодоти тоза истифода барем. Пешниҳоди мақолаҳои методӣ бошад, ҳам барои муаррифии таҷрибаи худи муаллифон хуб аст, ҳам барои омӯхтани дигарон.

Қурбоналӣ Зиёев- мудири осорхонаи АТТ: - Ман чанд пешниҳод дорам: якум, дар рӯзномаи «Омӯзгор» тавсияҳо барои таҳияи мақола барои омӯзгорон чоп карда шавад; дуюм, доир ба ҳар фан рубрикаҳои алоҳида ҷудо гарданд; сеюм, дар ҷамъбасти сол ба беҳтарин муаллифон мукофотҳо супорида шавад. Аз ин ҳавасмандӣ муаллифони хуб пайдо карда метавонем.

Ҳ.Наврӯзов:  - Зарурати тафсири қарори ҳукумат «Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш омадааст. Ягон ҳуҷҷат догма нест, ба ин мавзӯъ бояд диққати ҷиддӣ дод. Дар тафсир муайян кардан лозим, ки он чиро дар назар дорад, бояд кӣ чӣ нависад, роҳҳои баҳогузорӣ кадомҳоянд...

Сайфиддин Камолзодакорманди АТТ: - Фикр мекунам, чун мавзӯи таҳқиқотӣ интихоб кардани ин масъала ба манфиати кор аст. Зеро то ҳанӯз беҳтарин мутахассисони мо донишу маҳорати худро рӯйи коғаз оварда наметавонанд, ҳол он ки аз суҳбаташон бисёр чизҳоро гирифтан мумкин аст.

А.Нуралиев: - Ташкил кардани барномаҳои радиоиву телевизионӣ бо иштироки коршиносон ҳам метавонад ин монеаро бартараф намояд. Ҳ.Бобоҷон: - Дар мактабҳо рӯзномаву маҷаллаҳо дастрас намешаванд. Ин мушкилӣ пайгириро талаб мекунад. Бояд рӯзноманигорон муайян кунанд, ки чаро ин тавр аст, он вақт аз нахондани омӯзгорон гиламанд шудан мумкин аст.

С.Аминов: - Даъвати мутахассисон ба курсу семинарҳо бояд дар асоси шартнома сурат гирад, ин муҳим аст.

Обидҷон Маҳмудзода – сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм: - Агар дастуру воситаҳои  тавсиявӣ, ки барои мақоланависӣ кумак мекунанд, ба омӯзгорон дастрас набошанд, мо бояд аз минбари нашрияҳои соҳа самаранок истифода барем. Тавассути чунин чорабиниҳо метавон беҳтарин фикру андешаҳоро ба даст овард.

Э.Сафарзода: - Ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза саркӯб кардани масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ё паст задани омӯзгорон нест. Ҳадаф дарёфти роҳи ҳалли масъала аст: эҷодкории омӯзгор сайқал ёбад ва омӯзгори эҷодкор шинохта гардад. Ду сол пеш вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорон баргузор гардид. Мо хостем, фикру мулоҳизаи омӯзгоронро ҷамъоварӣ намоем. Ончунон пешниҳодҳо навиштанд, ки аз баъзе мақолаҳои мо хубтар.

Шермаҳмад Ёрмуҳаммадзода - директори Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ: – Хеле мутаассифам, ки дар ин нишаст иштирок карда натавонистам. Дар ҳақиқат, ин масъала боиси ташвиш буда, ҳалли ҷиддӣ металабад. Моро мебояд тарзи навиштани мақоларо ба омӯзгорон нишон диҳем, онҳоро аз ин ҷиҳат ҳавасманд гардонем. Агар омӯзгорон дар навиштан шавқу ҳавас надоранд, ин айби мост, чун бетаваҷҷуҳӣ карда, ин ҷиҳатро нодида гирифтем. Аз дигар тараф, на ҳама нутқи хаттӣ доранд, агар доранду онро истифода намебаранд, комилан айби масъулини хадамоти методӣ ва роҳбарони мактабҳост. Агар нутқи хаттӣ суст аст, мо бояд тарзи иншонависӣ (эссе)-ро ба хонандагон тавре нишон диҳем, ки гуфта ё шунидаашонро дарҳол навишта тавонанд. Омӯзгоре, ки худомӯзӣ надорад, аз пайи такмили донишу маҳорати худ нест, шогирдонаш хаттиву шифоҳӣ фикри худро баён карда наметавонанд, нақша-конспекти дарсаш рӯбардор аст, ҳеҷ гоҳ мақола навишта наметавонад. Инро бояд дар хотир дошт. Ба ҳар сурат, мо иқдомеро, ки шумо пеш гирифтед, истиқбол мегирем ва кӯшиш мекунем, минбаъд дар ин самт тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоем.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Саидаи ФАЗЛ,

Аҳмадшоҳи МАСЪУД

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                    

 

 

 

  • Дида шуд: 1810

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj