Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

Дар меҳмонхонаи Ҳилтони Душанбе 22-23-юми октябри соли ҷорӣ семинари миллӣ таҳти унвони «Густариш додани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар маориф ва манбаъҳои таълимии боз барои омӯзиш дар тӯли ҳаёт дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ Киромиддин Назаров, мутахассиси Барномаи маорифи ЮНЕСКО Лина Бенет, сардори шуъбаи ТИК дар соҳаи маорифи Дафтари марказии ЮНЕСКО Фенгчун Миао, сардори Институти технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маорифи ЮНЕСКО Светлана Князева, маъмури барномаи маорифи идораи ЮНЕСКО дар шаҳри Тошканд Бахтиёр Намозов ва сардорону масъулони марказҳои технологию коммуникатсионии донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев қайд кард, ки соли 2015 Созмони Милали Муттаҳид 17 барномаи рушди устуворро то соли 2030 қабул кард. Дар доираи ин барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 барои ҳамаи донишҷӯёни хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар таҳсилоти фарогиру босифатро таъмин намояд. Ба рушди низоми маориф хеле омилҳо таъсир мерасонад, ки яке аз онҳо истифодаи ТИК мебошад, зеро он имкониятҳои зиёд дорад.

-Роҳандозӣ намудани ТИК дар муассисаҳои таълимӣ талаботи рӯз аст, зеро дониши як наслро ба насли дигар беҳтар расонида метавонад. Инсон ба воситаи ТИК метавонад илму дониши бештар бигирад, чунки он ба раванди донишомӯзӣ навовариҳои ҷиддӣ ворид месозад. ТИК барои истифодаи захираҳои таълимии дастрас низ мусоидат менамояд. Ман мутмаинам, ки дар кори семинар сиёсати истифодаи захираҳои таълимии дастрас мавриди баррасӣ қарор мегирад,-қайд кард Р.Мирбобоев

Сардори шуъбаи ТИК дар соҳаи маорифи Дафтари марказии ЮНЕСКО Фенгчун Миао изҳор дошт, ки ЮНЕСКО як қатор фаъолиятҳоро доир ба ТИК дар соҳаи маориф ва манбаъҳои таълимии боз (МТБ) дар Осиёи Марказӣ баргузор карда истодааст. Дар ин замина, ЮНЕСКО бо дастгирии молиявии гурӯҳи ВЕЙДОНГИ Чин оид ба густариши ТИК дар соҳаи маориф ва МТБ барои омӯзиш дар тӯли ҳаёт дар Тоҷикистон семинари миллӣ ташкил кард. Вазифаи асосии ин семинар аз тавсеаи ТИК дар соҳаи маориф ва МТБ дар кишвар иборат аст. Барои мусоидат намудан дар ин масъала зарур аст, ки таҷрибаҳои миллӣ табодул шаванд, механизмҳои мавҷуда баррасӣ гашта, бо таҷрибаҳои пешрафта ва тавсияҳои байналмилалӣ муқоиса гардида, камбудиҳо муайян ва қадамҳои минбаъда доир ба вусъатдиҳии ТИК дар соҳаи маориф ва МТБ дар Тоҷикистон мувофиқа карда шаванд. Вазифаҳои аслии семинари имрӯза омӯзиш додани иштирокдорон дар бораи донишҳои муҳими ТИК дар соҳаи маориф, МТБ ва аҳамияти он, муаррифӣ намудани ТИК-и мавҷуда дар соҳаи маориф, таҷриба ва фаъолиятҳои дар Тоҷикистон амалишаванда, сабақҳои омӯхташуда аз дигар кишварҳо бо мақсади мусоидат ба муколамаи сиёсӣ доир ба ТИК дар соҳаи маориф мебошад.

Сипас, сардори Институти технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маорифи ЮНЕСКО Светлана Князева дар мавзӯи «Иқтидори МТБ ва таъсироти он ба кишварҳои интихобшуда», сардори шуъбаи ТИК дар соҳаи маорифи Дафтари марказии ЮНЕСКО Фенгчун Миао дар мавзӯи «Таҷрибаҳои глобалӣ оид ба ТИК дар сиёсати соҳаи маориф ва чорчӯбаи салоҳиятҳои МТБ барои муаллимон», маъмури барномаи маорифи идораи ЮНЕСКО дар шаҳри Тошканд Бахтиёр Намозов дар мавзӯи «Таҷоруби МТБ дар Ӯзбекистон» ва дигарон маърӯзаҳои худро тариқи слайдҳо ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Раҳматулло Мирбобоев ишора намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 99,7% наврасоне, ки синнашон ба синни мактабӣ расидаанд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва ин яке аз муваффақиятҳои кишвар дар самти аз байн бурдани бесаводӣ ба шумор меравад. Яке аз сабабҳои асосии ба ин натиҷа ноил шудан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад, ки он дар қатори мактабу маориф ва ҷомеа падару модарро барои ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани фарзанд маҷбур месозад.

Иштирокдорон дар мубоҳисаҳои семинар фаъолона ширкат варзида, ба як қатор саволҳо фосух дарёфтанд ва дар охир онҳо аз ҷониби ташкилкунандагони семинар бо сертификатҳо қадрдонӣ шуданд.

Дилафрӯз ҚУРБОНӢ-«Омӯзгор»,

Аҳмадшоҳи МАСЪУД-мутахассиси Маркази

матбуоти Вазорати маориф ва илм

 

 

  • Дида шуд: 1664

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj