Ҷамшеди САЙФУДДИН,
“Маърифати омӯзгор”

Дар заминаи тағйироти иҷтимоиву технологӣ дар ҷомеаи муосир инсоният ба марҳилаи сифатан нави рушду таҳаввул ворид гардидааст, ки дар адабиёти илмӣ бо мафҳумҳои “давраи рақамӣ” ё “асри рақамӣ” (Digital Age) маъруф мебошад. Ин марҳила бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дастрасии васеъ ба иттилоот, тағйироти фарҳангӣ ва дигаргуншавии шаклу мазмуни муоширати инсон тавсиф мегардад. Равандҳои мазкур ба шуури инсон, тарзи фикрронӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва низоми арзишҳо таъсири амиқ мерасонанд. Дар чунин шароит маориф ҳамчун соҳаи калидии рушди ҷомеа ва ташаккули захираҳои инсонӣ дар маркази ин таҳаввулот қарор мегирад. Мактаб, омӯзгор ва тамоми низоми таълим таҳти таъсири ин дигаргуниҳо вазифа, масъулият ва ҳадафҳои сифатан нав касб намуда, раванди мутобиқсозии равишҳои методологӣ, мазмуни таълим ва механизмҳои тарбиявӣ ба талаботи асри рақамӣ аҳаммияти махсус касб мекунад.

Акнун хонандагони мактаб дар муҳите зиндагӣ мекунанд, ки истифода аз телефон, планшет, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити рақамӣ барои онҳо як амри табиӣ ва ҳатмист. Дар натиҷа, ҷаҳонбинӣ низ дигаргун гардида, хонандагони имрӯз насли ҳамадон, зудтағйирёбанда, маълумотпазир ва техникӣ мебошанд. Ин хусусиятҳо ба тарзи фикрронӣ, рафтор, диққат, ҳавасмандӣ ва муносибати онҳо ба омӯзиш таъсири ҳалкунанда доранд. Дар чунин муҳит нақши омӯзгор аз нақши маъмулӣ хеле фаротар рафта, ба меъмори маърифат, шаклдиҳандаи ҷаҳонбиниву ахлоқ, танзимкунандаи рафтори рақамӣ ва масъули ташаккули шахсияти муназзами иттилоотӣ табдил мешавад.

Таҳқиқоти муосири педагогӣ ва психологияи инкишоф исбот мекунад, ки фазои рақамӣ манбаи иттилоот ва муҳити ташаккули фикр, эҳсос, муносибат ва ҳатто ахлоқи насли нав гаштааст. Марк Пренски, ки таъсири муҳити рақамиро ба тафаккури кӯдакон таҳлил кардааст, чунин мегӯяд: “Насли нав дар муҳити рақамӣ таваллуд ёфта, ба воя расидааст, бинобар ин, тарзи фикрронӣ, қабул ва коркарди иттилооти онҳо аз наслҳои қаблӣ куллан фарқ мекунад”. Ӯ таъкид мекунад, ки фазои рақамӣ “манбаи ташаккули тафаккур, арзишҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ” мебошад. Яъне, хонандагони имрӯз иттилооти зиёдеро дар вақти хеле кӯтоҳ қабул мекунанд, вале ин иттилоот на ҳамеша боварибахш ва дурустанд. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд қобилият дошта бошад, ки равандҳои бешумори таъсири иттилоотро ба таҳлил табдил дода, ба хонанда биомӯзонад. Ҷараёни омӯзонидан аз омӯхтан, дарк кардан, арзёбӣ намудан ва дар амал татбиқ кардан иборат аст.

Омӯзгори имрӯз бояд ҳамроҳ бо муҳити техникӣ рушд кунад. Ҳамзамон, арзишҳои бунёдии инсонӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиро бояд ҳифз намуда, таҳким бахшад. Интиқоли дониш, ки вазифаи асосии омӯзгор дар таълими анъанавӣ ҳисоб меёфт, дигар кофӣ нест. Омӯзгор бояд интиқоли дониш + ташаккули тафаккур + тарбия + саводи рақамӣ + маҳоратҳои асри навро дар як ҷо муттаҳид созад. Ин муттаҳидсозӣ кори осон нест ва маҳз аз ин ҷост, ки омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза ба бузургтарин неруи иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Таҳлили равандҳои муосир нишон медиҳад, ки акнун омӯзгорони муваффақ ҳамонҳое мебошанд, ки аз истифодаи технологияҳои ҷадид огоҳанд ва аз он дар фаъолияти педагогии худ мақсаднок истифода бурда, равандҳои анъанавӣ ва инноватсиониро ба тавозуни комил нигоҳ медоранд. Ба хонанда дарки муназзами иттилоот, ҳисси масъулият ва арзишҳои инсонию ахлоқӣ меомӯзонанд.

Дар шароити асри рақамӣ, ки омӯзонидани насли нав масъулияти ҷиддӣ тақозо менамояд, омӯзгор ба унвони сутуни асосии ҷомеа боқӣ мемонад. Зеро танҳо омӯзгор метавонад, ки дар “ҷаҳони нав” барои хонанда фазои саршор аз маърифат, ахлоқ, фарҳанг ва тафаккури солим бисозад ва наврасро ба ҳайси инсони комили замони худ омода намояд.

Ба андешаи мутахассисон омӯзгори замони нав бояд таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ, пешрафтҳои илмӣ ва технологияи иттилоотиро беҳтар аз хонанда дарк намуда, онҳоро ба раванди таълим мутобиқ созад. Истифодаи воситаҳои рақамӣ, барномаҳои интерактивӣ, китобхонаҳои электронӣ ва платформаҳои онлайн бояд ҳамоҳанг бо педагогикаи фаъол ва методҳои таҳлилӣ ба кор бурда шаванд.

Таълиму тарбияи рақамии хонандагон вазифаи асосии омӯзгори муосир аст. Зеро дар асри рақамӣ, ки иттилоот босуръат интиқол меёбад ва захираҳои дониш бениҳоят васеъ ҳастанд, насли нав бо имконоти нав ва ҳамзамон, бо таҳдидҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ҳар хонанда дар муҳити рақамӣ, дар баробари  омӯзиши фанҳо, бояд саводи рақамӣ, ҳисси масъулият, қобилияти худтанзимкунӣ ва маърифати ахлоқиро дошта бошад. Омӯзгор вазифадори ташаккули ҳамзамони равандҳои зерини омӯзиш ва тарбия мебошад.

                           Маълумоти илмӣ ва маърифати рақамӣ

Маърифати рақамӣ (digital literacy) ҳамчун қобилияти инсон барои дарёфт, таҳлил, арзёбӣ ва истифодаи иттилооти дуруст дар муҳити рақамӣ муайян шудааст. Вазифаи омӯзгор дар ин раванд ин аст, ки хонанда бо истифодаи абзорҳои рақамӣ дониш ва малакаҳои фикрии худро самаранок ба кор барад. Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони дорои саводи рақамӣ қобилияти фикрронии мустақилона, таҳлили манбаъҳо ва қабули қарорҳои оқилонаро бештар доранд. Омӯзгор бо роҳнамоии доимӣ ва истифодаи методҳои таҳлилӣ ва интерактивӣ ин равандҳоро татбиқ мекунад.

                                     Одоби рақамӣ ва тарбияи ахлоқӣ

Хонанда бояд дарк кунад, ки рафтораш дар фазои рақамӣ низ таъсиррасон аст. Омӯзгор вазифадор аст, хонандаро бо одоби рақамӣ (digital etiquette) шинос намояд, яъне, рафтори масъулиятнок ва солим дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои омӯзишӣ. Ин раванд эҳтиром ба дигарон, худдорӣ аз нашри иттилооти бардурӯғ ва риояи арзишҳои инсонӣ ва қонуниятро дар бар мегирад. Ба андешаи пайгирони масъала тарбияи ахлоқӣ дар муҳити рақамӣ ба ташаккули шахсияти муназзами иҷтимоӣ ва қобилияти ҳамкорӣ таъсири мустақим дорад. Гарчанде Л. Виготский пеш аз пайдоиши муҳити рақамӣ кор кардааст, ин назарияи ӯ имрӯз низ эътибор дорад: “Инкишофи равонии шахс дар ҳамкорӣ бо муҳити иҷтимоӣ ва воситаҳои фарҳангӣ сурат мегирад”. Аз ин нуқтаи назар, муҳити рақамӣ ҳамчун воситаи фарҳангӣ ба фикр, эҳсос, идрок ва ахлоқи кӯдак таъсир мерасонад.

Ҳадафи дигари тарбияи насли нав ин аст, ки хонанда қобилияти таҳлил, муқоиса ва қабули қарорҳои оқилона пайдо кунад. Роҳнамоии омӯзгор дар ин раванд қобилияти тафаккури танқидӣ ва эҷодии хонандагонро афзоиш медиҳад. Илова бар ин, фаъолиятҳои гурӯҳӣ ҳамкории коллективиро тақвият мебахшад, зеро хонанда фикрҳои худро шарҳ медиҳад, баҳс мекунад ва қарор қабул менамояд.

                    Тарбияи арзишҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ дар фазои рақамӣ

Акнун дар муҳити муосир арзишҳои инсонӣ, аз қабили ростқавлӣ, масъулият, ҳамкории иҷтимоӣ ва эҳтиром бояд ҳамчун пояи тарбия нигоҳ дошта шаванд. Дар чунин шароит маҳз омӯзгор бояд хонандаро роҳнамоӣ кунад, то ки ин арзишҳо дар рафтор ва амалҳои онлайнӣ низ татбиқ шаванд. Ин раванд ҳам саводи техникӣ ва ҳам малакаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиро тақвият мебахшад. Омӯзгор ҳамчун намунаи рафтори фарҳангӣ ва масъулиятнок ба хонанда таъсир мерасонад ва нишон медиҳад, ки истифодаи дуруст ва масъулиятноки технологияҳои рақамӣ яке аз муҳимтарин сифатҳои шахсияти муосир мебошад. Тарбияи рақамӣ заминаи омӯзиши технология, ташаккули шахси комил, масъулиятшинос ва ақлгаро буда, омӯзгори муосир бо ҳамоҳангсозии педагогикаи анъанавӣ ва технологияҳои рақамӣ насли навро ба зиндагӣ омода мекунад, ки ин барои рушди ҳадафҳои стратегӣ ва ҳифзи арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи солим аҳаммияти бузург дорад.

Дар ҳамин замина, ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа ҳамчун ташаккулдиҳандагони афкори солим басо созанда аст. Чунки акнун тарбия ва омӯзиш фаротар аз синфхона шакл мегирад. Муҳити хона, муносибати оила ва таъсири ҷомеа ба рушди шахсияти хонанда нақши ҳалкунанда доранд. Аз ин рӯ,  робитаи мустақими се пойгоҳи муҳимми таълиму тарбия, ҳамоҳангсозии муназзами мактаб, оила ва ҷомеа кафолати рушди зеҳнии насли рақамӣ ва ташаккули шахсиятҳои масъулиятшинос мебошад.

                                      Нақши оила дар тарбияи рақамӣ

Оила ҳамчун муҳити аввалини иҷтимоӣ ва тарбиявӣ дар тарбияи рақамӣ нақши асосӣ дорад. Ҳоло ки хонанда ва умуман, аксари инсонҳо вақти зиёди худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд, назорати фаъол ва дастгирии волидон дар ташаккули саводи рақамӣ ва тарзи дурусти истифодаи технологияҳо нақши муҳим мебозад. Таҳлилҳои психологӣ ва педагогӣ нишон медиҳанд, ки ҳамоҳангии оила ва мактаб ба рушди масъулиятшиносии хонанда, шаклгирии мафкура ва ташаккули шахсияти он таъсири мустақим дорад. Ҳамзамон, оила метавонад ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии хонанда мусоидат кунад.

                                            Нақши мактаб ва омӯзгорон

Таҳқиқгарони соҳа таъкид мекунанд, ки мактаб ҳамчун муҳити расмии омӯзиш ва тарбиявӣ вазифадор аст, ки хонандаро ба омӯхтан ва истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ водор созад. Воситаҳои рақамӣ, платформаҳои омӯзишӣ, барномаҳои интерактивӣ ва китобхонаҳои электронӣ метавонанд дар тарзи таҳсил ва ташаккули малакаҳои фикрӣ истифода шаванд. Хонанда бояд дар синфхона ва ба таври онлайн имкони таҳқиқ, ҳамкорӣ ва эҷод дошта бошад. Омӯзгор вазифадор аст, ки хонандаро дар истифодаи масъулиятноки технологияҳои иттилоотӣ ва бартараф кардани иттилооти бардурӯғ роҳнамоӣ кунад. Ҳамоҳангсозии равандҳо дар шакли семинарҳо, платформаҳои муштарак ва чорабиниҳои омӯзишӣ барои волидон ва хонандагон татбиқ мешавад. Ин усул самаранокии таълимро баланд бардошта, барои рушди босифати шахсияти хонанда низ мусоидат мекунад.

                          Муносибати ҳамоҳангшуда ва аҳаммияти он

Тарзи ҳамоҳангшудаи ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа имкон медиҳад, ки хонанда дар муҳити бехатар рушд кунад, арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангиро таҳким диҳад, қобилияти фикрии мустақилона ва эҳсоси уҳдадорӣ дар ҳалли масъалаҳоро афзоиш диҳад, саводи рақамӣ ва малакаҳои амалии худро дар ҳаёти воқеӣ татбиқ намояд. Ин роҳ хонандаро ҳамчун шахсияти масъулиятшинос, фарҳангдӯст ва эҷодкор ба ҷомеа ворид мекунад ва барои рушди устувори ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

                                                   Пешниҳод ва натиҷа

Таҳқиқоти муосири педагогӣ ва равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки тарбияи самараноки насли рақамӣ танҳо дар шароити ҳамоҳангсозии фаъол ва мунтазами мактаб, оила ва ҷомеа имконпазир мебошад. Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки кӯдак рафтор, арзиш ва меъёрҳои ахлоқиро тавассути мушоҳида ва тақлид меомӯзад. Аз ин рӯ, агар мактаб, оила ва ҷомеа дар муносибат бо муҳити рақамӣ мавқеи ҳамоҳанг надошта бошанд, дар шуури хонанда ихтилофи арзишҳо ва ноустувории ахлоқӣ ба вуҷуд меояд.

Дар ҳамин замина, нақши омӯзгор ҳамчун ҳамоҳангсоз ва роҳнамои равандҳои тарбиявӣ аҳаммияти калидӣ дорад. М. Пренски омӯзгорро дар асри рақамӣ роҳбалад дар ҷаҳони иттилоот медонад. Омӯзгор бояд хонандаро ба истифодаи бошуурона, интиқодӣ ва ахлоқии технологияҳои иттилоотӣ ҳидоят намояд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, барои баланд бардоштани самаранокии тарбияи рақамии донишомӯзон татбиқи пешниҳодҳои зерин муҳим мебошанд:

  1. Ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои омӯзгорон, ки ҳамасола мутобиқ ба талаботи замон баргузор гардида, масъалаҳои педагогикаи рақамӣ, психологияи насли нав, усулҳои омӯзиш ва тарбияи хонанда дар муҳити рақамиро фаро гиранд. Ба андешаи Ш. Тёркл, танҳо омӯзгори дорои саводи рақамӣ метавонад таъсири технологияҳоро ба шахсияти хонанда дуруст дарк намуда, аз онҳо самаранок истифода барад.
  2. Робитаҳои доимиву мунтазами мактаб ва оила бояд таҳким дода шаванд, зеро оила нахустин муҳити иҷтимоии кӯдак буда, таъсири он ба ташаккули арзишҳои ахлоқӣ хеле бузург аст.

Назорат ва ҳамкории пайвастаи мактаб бо волидон имкон медиҳад, ки истифодаи технологияҳо аз ҷониби хонандагон мақсаднок ва бехатар бошад. Ҷалби ҷомеа ба равандҳои тарбиявӣ, аз ҷумла, тавассути барномаҳои маърифатӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва иттилоотӣ, то ки фазои умумии иҷтимоӣ низ арзишҳои мусбат ва ахлоқи рақамиро таблиғ намояд. Н. Постман таъкид мекунад, ки ҷомеае, ки фарҳанги истифодаи технологияро идора намекунад, тадриҷан зери таъсири он қарор мегирад.

Дар маҷмуъ, ҳамоҳангсозии сеҷонибаи мактаб, оила ва ҷомеа кафолати рушди устувор ва ташаккули тафаккури солими насли нав дар ҷаҳони рақамӣ мебошад. Дар маркази ин раванд омӯзгор қарор дошта, ӯ ҳамчун роҳнамо, танзимгар ва шахсияти таъсиргузор дар раванди тарбияи донишомӯз шинохта мешавад.

Хулоса, дар замони босуръати ҷаҳонишавӣ ва рақамигардонии тамоми соҳаҳои ҳаёт, нақши омӯзгор аз интиқолдиҳандаи одии дониш фаротар меравад. Омӯзгор имрӯз ҳамчун меъмори муҳити маърифатӣ, тарбиягари шахсияти босалоҳият ва роҳнамои саводи рақамии хонандагон нақши ҳалкунанда дорад. Ӯ дар ташаккули зеҳн, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии насли нав ва таҳкими заминаҳои ҷомеаи соҳибмаърифат таъсиргузор аст. Ҳамзамон, таъсир ва нақши омӯзгор дар ҳамоҳангии мактаб, оила ва ҷомеа доимӣ буда, дар шароити босуръати тағйирпазирии рақамӣ ин се ниҳод ба ҳам тавъам мебошанд ва заминаи асосии тарбияи дурусти насли рақамӣ маҳсуб меёбанд.

Адабиёт:

  1. Пренски, М. Насли рақамӣ ва муҳоҷирони рақамӣ (Digital Natives, Digital Immigrants) // On the Horizon. — 2001. — Vol. 9, №5. — P. 1-6.
  2. Виготский, Л. С. Тафаккур ва ҷомеа: рушди равандҳои олии равонӣ (Mind in Society: The Development of Higher Psychological Processes). — Cambridge: Harvard University Press, 1978. – 159 с.
  3. Бандура, А. Назарияи омӯзиши иҷтимоӣ (Social Learning Theory). — New York: Prentice Hall, 1977. – 247 с.
  4. Тёркл, Ш. Танҳо якҷо: чаро мо аз технология бештар ва аз ҳамдигар камтар интизорем (Alone Together: Why We Expect More from Technology and Less from Each Other). – New York: Basic Books, 2011. – 360 с.
  5. Постман, Н. Технополия: таслимшавии фарҳанг ба технология (Technopoly: The Surrender of Culture to Technology). – New York: Alfred A. Knopf, 1992. – 222 с.
  6. OECD. Ояндаи маориф ва малакаҳо 2030 (Future of Education and Skills 2030). – Paris: OECD Publishing, 2019. – 105 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *