Марворид ТОҲИРОВА,
мудири кафедраи забони англисии Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати робитаҳои байналмилалӣ, омӯзиши забони англисӣ ҳамчун забони муоширати ҷаҳонӣ аҳаммияти фавқулода касб кардааст. Имрӯз забони англисӣ на танҳо воситаи муошират, балки калиди дастрасӣ ба дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аммо таҷрибаи амалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки танҳо дарсҳои расмии синфӣ барои ташаккули малакаҳои коммуникативии хонандагон кофӣ нестанд.

Мақсад аз таълифи мақолаи мазкур пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои мушаххаси педагогӣ барои баланд бардоштани самаранокии дарсҳои кушод ва корҳои беруназсинфӣ дар омӯзиши забони англисӣ мебошад. Умед аст, ки натиҷаи дилхоҳ ҳосил хоҳад шуд.

Дарсҳои кушод яке аз шаклҳои муҳимми таҷрибагузарӣ ва такмили маҳорати омӯзгорон маҳсуб меёбанд. Аммо мақсади асосии дарси кушод на танҳо нишон додани донишу малакаҳои омӯзгор, балки фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи хонандагон мебошад. Дарси кушоди муассир он дарсест, ки дар он хонандагон ба фаъолияти мустақилона машғул шуда, малакаҳои муоширатро инкишоф медиҳанд ва омӯзгор бояд усулҳои инноватсиониро ба кор барад.

Яке аз усулҳои самарабахш истифодаи бозиҳои таълимӣ мебошад, ки он на танҳо шавқу ҳавас ва рағбати хонандагонро ба таҳсил афзун мекунанд, балки ба онҳо имкон медиҳанд, ки маводди омӯхташударо дар вазъияти воқеии муоширатӣ истифода баранд. Масалан, бозиҳои нақшӣ, ки дар онҳо хонандагон нақши мизоҷ ва фурӯшанда, корманди фурудгоҳ ё беморхонаро бозӣ мекунанд, малакаҳои гуфтугӯии онҳоро дар вазъияти хариду фурӯш ё дархости маълумот мустаҳкам мегардонанд. Ҳамчунин, бозиҳои луғавӣ, монанди кроссворд барои такрори луғатҳои азбарнамуда муфид ҳастанд. Чунин бозиҳо фазои озоди эҷодиро ба миён меоранд ва тарси хонандагон аз хато карданро камтар мегардонанд.

Усули лоиҳавӣ низ яке аз роҳҳои навини омӯзиш мебошад, ки хонандагонро ба ҳалли масъалаҳои муайян водор месозад. Дар ин усул хонандагон ба таври фаъол маълумот қабул мекунанд, худашон ба ҷустуҷӯ, таҳлил ва пешниҳоди ҳалли мушкилот мепардозанд. Масалан, хонандагон метавонанд лоиҳае оид ба фарҳанг ва санъати кишварҳои англисзабон омода намуда, маълумот ҷамъоварӣ кунанд, рӯнамоӣ (презентатсия) тартиб диҳанд ва онро дар синф пешниҳод намоянд. Ин раванд ҳам малакаҳои забонӣ, ҳам қобилияти корро дар гурӯҳ ва масъулиятшиносию мустақилиятро низ тақвият мебахшад.

Мубоҳисаҳо низ воситаи муассири рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои баёнкунӣ мебошанд. Бинобар ин, хонандагон бояд идеяҳои худро бо забони англисӣ пешниҳод кунанд, далелҳо пеш оваранд ва ба тарафи муқобил посух диҳанд. Масалан, баҳси робита ба мавзуъҳои муосир, монанди нақши технология дар ҳаёти одамон, муҳофизати муҳити зист ё таҳсилоти онлайн метавонад хеле ҷолиб ва самарабахш бошад. Ин усул дар баробари малакаҳои забондонӣ, ҳамзамон, фикррониро низ васеъ мегардонад.

Дар замони муосир муттаҳидсозии технологияҳо дар дарсҳои кушод аҳаммияти махсус дорад. Истифодаи лавҳаҳои интерактивӣ, рӯнамоҳо, видео ва барномаҳои таълимӣ дарсро ҷолибу самарабахш мегардонанд. Хонандагон метавонанд ба воситаи барномаҳои мобилӣ ва платформаҳои онлайн машқҳои интерактивӣ иҷро намоянд, бо дигар хонандагон дар саросари ҷаҳон муошират кунанд, мусоҳибаҳо ва мақолаҳои англисиро истифода баранд. Ин усулҳо на танҳо дарсро шавқовар мекунанд, балки хонандагонро барои зиндагӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ омода месозанд.

Усули коммуникативӣ дар омӯзиши забони англисӣ асоси усулҳои дигарро ташкил медиҳад. Дар ин усул ба истифодаи забон ҳамчун воситаи муошират тамаркуз мекунад, на ба омӯхтани қоидаҳои грамматикӣ. Хонандагон бояд аз аввал ба гуфтугӯ машғул шаванд, саволу ҷавоб кунанд, фикрашонро баён намоянд ва масъалаҳоро ҳал кунанд.

Нақши омӯзгор ва хонанда дар дарсҳои кушод бояд мувозинати дуруст дошта бошад. Омӯзгор набояд танҳо маълумотдиҳанда, балки роҳнамо ва ташаккулдиҳандаи раванди таълим бошад. Ӯ бояд фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ташвиқ кунад, суолҳои кушод пурсад, ки хонандагонро ба тафаккур водор кунанд ва фазои озод эҷод намояд, ки дар он ҳар як хонанда тавонад фикрҳояшро озодона баён кунад. Хонандагон бояд субъекти фаъоли раванди омӯзиш бошанд, масъулияти худомӯзӣ ва пешрафти худро эҳсос кунанд.

Баҳогузорӣ ва мулоҳизаи созанда низ ҷузъи муҳимми дарси кушод аст, ки набояд ба додани баҳои рақамӣ маҳдуд бошад, балки бояд хонандаро дар инкишофи минбаъдаи ӯ кумак кунад. Омӯзгор бо шакли конструктивӣ ғалатҳоро ислоҳ кунад ва роҳи такмилро пешниҳод намояд. Баҳогузории ҳамдигарии хонандагон низ муфид аст, зеро хонандагон аз ҳамдигар меомӯзанд ва малакаҳои таҳлилию интиқодиашон инкишоф меёбад.

Корҳои беруназсинфӣ низ аҳаммияти калонро дар омӯзиши забони англисӣ доранд. Чунин корҳо муҳити ғайрирасмӣ ва озодеро фароҳам меоранд, ки дар он хонандагон метавонанд бидуни фишори баҳогузорӣ ва имтиҳон ба забономӯзӣ машғул шаванд. Корҳои беруназсинфӣ имкон медиҳанд, ки дониш ва малакаҳои хонандагон дар шароити воқеӣ таҳким ёбанд ва қобилияти эҷодӣ ва ташаббускории онҳо рушд кунад.

Маҳфилҳои забони англисӣ яке аз шаклҳои маъмултарини корҳои беруназсинфӣ мебошанд. Дар чунин маҳфилҳо хонандагон метавонанд дар мавзуъҳои гуногун бо забони англисӣ суҳбат кунанд, бозиҳо ва машқҳои интерактивӣ анҷом диҳанд, муҳтавои китобҳоро мубоҳиса намоянд ва рӯнамоҳои кӯтоҳ пешниҳод кунанд. Мавзуъҳо бояд ҷолиб ва мувофиқи синну соли хонандагон бошанд, масалан, филмҳо, мусиқӣ, саёҳат, варзиш, технология ва ғайра. Инчунин, хондани шеър ё суруд бо забони англисӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо талаффуз, оҳанг ва лаҳни забон бештар шинос шаванд. Хонандагон метавонанд намоишҳоро ба забони англисӣ тайёр ва иҷро намоянд. Барои ин онҳо бояд матнро ёд гиранд, омода шаванд ва нақшро дар назди ҳамсабақон бозӣ кунанд.

Мусобиқа ва олимпиадаҳо низ барои ташвиқи хонандагон ба омӯзиши забон хеле муфиданд. Иштирок дар мусобиқаҳои гуногун ҳавасмандии рақобатпазириро дар хонандагон бештар менамояд. Ғайр аз ин, тамошои филмҳо ва видеоҳо бо зерсатрҳои англисӣ низ усули хеле самарабахш мебошад. Хонандагон метавонанд забони воқеии гуфтугӯ, талаффуз, луғату ибораҳои рӯзмарраро аз филму сериалҳо омӯзанд.

Барои он ки корҳои беруназсинфӣ самарабахш бошанд, бояд принсипҳои муайянро риоя кард. Якум, мавзуъҳо ва фаъолиятҳо бояд ҷолиб ва мувофиқи манфиатҳои хонандагон бошанд. Агар хонандагон ба мавзуъ шавқ надошта бошанд, онҳо иштироки фаъол нахоҳанд кард. Дуюм, иштироки хонандагон бояд ихтиёрӣ ва фаъолона бошад. Маҷбур кардани онҳо ба иштирок натиҷаи муқобил медиҳад. Сеюм, фазои озод ва эҷодӣ бояд муҳайё шавад, ки дар он хонандагон бидуни тарс аз баҳо ва танқид фикри худро баён кунанд. Чорум, омӯзгор бояд дар нақши роҳнамо ва пуштибон баромад кунад. Панҷум, корҳо бояд мунтазам ва систематикӣ гузаронида шаванд, на эпизодӣ.

Ҳамин тавр, дарсҳои кушод ва корҳои беруназсинфӣ калиди муваффақият дар омӯзиши забони англисӣ мебошанд. Истифодаи усулҳои инноватсионӣ, офаридани фазои эҷодӣ ва озод, иштироки фаъоли хонандагон ва роҳнамоии омӯзгор шароитеро фароҳам меоранд, ки дар он хонандагон донишу малакаҳои забониро ба даст меоранд ва барои фаъолият дар ҷаҳони муосир омода мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *