Бегмаҳмад ШОДИЕВ,
омӯзгори Литсейи №3 барои хонандагони
болаёқати шаҳри Душанбе

Барои ҳал кардани системаи муодилаҳои симметрӣ чӣ бояд кард?

— Аввал, онҳоро ба системаи муодилаҳои якҷинса бояд табдил дод.

— Дувум, табдилдиҳиҳои математикиро бояд иҷро кард.

— Савум, татбиқи формулаҳои зарби мухтасар, ба зарбшавандаҳо ҷудо кардан, хосиятҳои муодилаҳоро иҷро намудан, аз муодилаи якум дуюмашро ҷамъ ё тарҳ кардан ё ин ки баръакс, табдилдиҳии ифодаҳо, ихтисори касрҳо, хосияти асосии касрро иҷро намудан, тағйирёбандаи навро дохил кардан ва ғайраҳоро (вобаста ба тарзи дода шудани системаи муодилаҳои симметрӣ) донистан лозим аст.

— Чаҳорум, дар натиҷаи ин амалҳо системаи муодилаҳои симметрӣ ба системаи муодилаҳои якҷинса мегузарад ва дар натиҷаи дохил намудани тағйирёбандаи нав системаи муодилаҳои мазкурро низ ба системаи муодилаҳои хаттии дуномаълума, системаи муодилаҳои дараҷаи дуюми ёрирасон табдил дода, онҳоро аз рӯйи тағйирёбандаи нав ҳал мекунему ба системаи муодилаҳои асосии гузоришшуда бармегардем ва бо тарзҳои маъмул онҳоро ҳал мекунем.

Дар поён мо чанд супоришро доир ба мавзуи мазкур аз китоби дарсии алгебра барои синфи 9 ҳамчун намуна меорем..

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *