(Дар мисоли панду андарзҳои Абулқосим Фирдавсӣ)

Саъдӣ ҚОСИМӢ,

мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, профессор

Саида ЗАЙДУЛЛОЗОДА,

дотсенти кафедраи методикаи таълими забон

ва адабиёти ҳамин донишгоҳ

Дар мавриди таҳким бахшидани раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва зарурати тарғиби оқилонаи он дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат чунин баён намуда буданд: “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим — омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд” (9).

Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки устодону омӯзгорон дар заминаи талаботи таълими босалоҳият бояд хонандагону донишҷӯёнро бо илму донише фаро гиранд, ки самараи онро шогирдон дар ҳаёт барои ҳалли мушкилоти зиндагӣ истифода бурда тавонанд. Зеро дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва бенизомии фазои иттилоотӣ танҳо илму дониши дар зиндагӣ инсонро муваффақу сарбаланд мегардонад.

Яке аз масъалаҳои таҳқиқталаби соҳаи маориф, ки доираи пажуҳиши он пайваста хулосаву назарҳои тозаи мутахассисонро тақозо мекунад, таълими босалоҳияти фанни адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки тадриси фанни мазкур дар МТМУ ҷойгоҳи хос дорад, зеро таълими адабиёт дар мактаб барои наврасону ҷавонон мактаби асосии тарбия аст. Бояд гуфт, ки ҳадафи муаллими асили адабиёт ба камол расонидани шахсият аст ва ӯ тавассути таълими фанни мазкур якбора се натиҷаро ба даст меорад: хонандагонаш дар доираи барномаи таълими адабиёт мазмун, маънавият, ҷаҳонбинӣ, хусусан, забон, сохтори шаклию ҳунарии мероси гузаштаро меомӯзанд; барои дар оянда идома додани омӯзиши осори бузургони сухан донишомӯзон омода ва ҳавасманд мешаванд; шогирдони дар сатҳи зарурӣ тарбиятёфта, барои наслҳои оянда дастовардҳои илмиву адабиро нигоҳ медоранд.

Тавре маълум аст, тадриси адабиёт дар МТМУ дар се зина: курси хониши эзоҳӣ (синфи 1-4), курси хониши адабӣ (синфи 5-7) ва курси таърихи адабиёт (8-11) ба роҳ монда мешавад. Бояд гуфт, ки равиши таълим ва мундариҷаи мавзуъҳо дар зинаҳои таълим куллан фарқ доранд. Муҳимтарин талаботи тадриси мавзуъҳои адабиёт ба роҳ мондани таълими босалоҳият ба шумор меравад. Дар ин миён таълими босалоҳияти панду андарзҳои Абулқосим Фирдавсӣ дар феҳристи мавзуъҳои тадрисшаванда ҷойгоҳи алоҳида дорад.

Бояд гуфт, ки барои таълими мавзуи мазкур дар синфи VII панҷ соат ҷудо шуда, мундариҷаи мавзуъҳои пешниҳодшуда дар барнома чунин тартиб доранд: Достони “Кова ва Заҳҳок”; “Разми Гурдофарид ва Суҳроб”; панду андарзи Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”; Қироати намунаҳо, нақл, азёд кардани абёти пандомез (4, 32).

Тадриси боби Фирдавсӣ дар синфи VIII низ ба роҳ монда мешавад ва мутобиқи барномаи таълим барои синфи VIII ҳашт соат ҷудо шудааст:

— Рӯзгори Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Фирдавсии Тӯсӣ: ҷавонӣ ва оғози таълифи “Шоҳнома”, таълиф ва таҳриру анҷоми “Шоҳнома”, пешниҳод ба Султон Маҳмуд (ривоят ва ҳақиқат) ва анҷоми рӯзгори Фирдавсӣ;

— Мазмуни “Шоҳнома”, се қисми асосии “Шоҳнома”: замони Пешдодиён, Каёниён, оғози қисмати таърихӣ, хурӯҷи Искандар ва аҳди Сосониён;

— Достонҳои “Шоҳнома”, таҳлили достони “Рустам ва Суҳроб”, мазмуни достон: оғози достон, ҷавонии Суҳроб, ҷангномаи Суҳроб, марги Суҳроб ва сӯгу мотами ӯ. Ғоя ва мақсади эҷодии Фирдавсӣ дар ин достон;

— Мазмуни достони “Ҷанги Рустам бо Исфандиёр”, оғози достон, муносибати Рустам ва Исфандиёр ба ҷанг, ҷанги рӯзи аввал, ҷанги рӯзи дуюм ва марги Исфандиёр;

— Таҳлили образҳои достони “Суҳроб” ва “Ҷанги Рустам бо Исфандиёр”. Образҳои Суҳроб, Гурдофарид, Исфандиёр ва Симурғ;

— Пандномаҳои Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ва мазмуни онҳо. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва таҷрибаи ҷаҳонии ҳамосасароӣ (4, 41).

Мутобиқи талаботи барнома яке аз мавзуъҳое, ки дар ду зинаи таълим мавқеи хосса дорад, таълими босалоҳияти панду андарзҳои Фирдавсӣ маҳсуб меёбад. Умуман, таҳлилу баррасии мавзуи мазкур дар меҳвари тамоми мавзуъҳои боби Фирдавсӣ нақши муҳимму калидӣ дорад, зеро тамоми достонҳои “Шоҳнома” руҷуъҳои лирикии панду ахлоқӣ ва муҳтавои андарзомӯзи ҳаёти персонажҳо перояи рангини бадеӣ доранд. Муаллими адабиёт вазифадор аст, дар заминаи талаботи барномаи таълим ва нақшаҳои корӣ (нақшаи тақвимӣ, нақшаи мавзуӣ ва нақшаи тавзеҳӣ) таълими босалоҳияти панду андарзҳои Абулқосим Фирдавсиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини таълими босалоҳияти мавзуъҳои адабиёт татбиқи унсурҳо (донад, тавонад, азёд кунад ва татбиқ кунад) ва марҳилаҳои (дарки матн, арзёбии матн, тағйири матн ва таҳияи матни худ) таълими босалоҳият дар раванди дарс ба шумор меравад.

Дар асоси китоби дарсии фанни адабиёт (Нашриёти «Мавлавӣ», Душанбе – 2008, мураттибон Тоиров У., Зикиров Х., Мӯсоев М.) барои синфҳои 7-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ намунаҳои зерини панду андарзҳои Абулқосим Фирдавсӣ барои баҳрабардории хонандагон пешниҳод шудааст:

 

Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт,

Тани кӯҳро хок молад ба мушт.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

Дусад гуфта чун ними кирдор нест.

Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ,

Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.

Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,

Ҳама некӯӣ андар андеша кун.

Бибахшу бихӯр, то тавонӣ дирам,

Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам.

Ба ҳар кор дар пеша кун ростӣ,

Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.

Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой,

Ҳамон низ бо марди нопокрой.

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,

Дигар ҳарчи бошад, намонад ба кас.

Ба гетӣ намонад, ба ҷуз номи нек,

Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Набошад касе дар ҷаҳон пойдор,

Ҳама номи неку бувад ёдгор.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор (3, 60).

 

Бояд гуфт, ки намунаҳои пешниҳодшуда барои тадриси хонандагони синфи 7 пурра мутобиқ буда, барои расидан ба ҳадафи асосии таълими адабиёт, яъне, тарбияи инсони комил муаллими адабиёт ҳатман, бояд унсур ва марҳалаҳои таълими босалоҳиятро роҳандозӣ намояд. Яъне, хонанда маводди пешниҳодшударо мутобиқи талаботи унсурҳои таълими босалоҳият бояд, пеш аз ҳама, бо риояи истҳои грамматикиву мантиқиву психологӣ дурусту беғалат хонад. Зеро “Омӯзиш аз шиносоӣ ва шиносоӣ аз хониш оғоз мегирад, яъне, зинаи аввали омӯзиши асари бадеӣ хониш мебошад”(1,178). Аммо дар аксари мактабҳои миёна ба тарзи хониши хонандагон диққати зарурӣ дода намешавад. Вобаста ба талаботи унсурҳои таълими босалоҳият хонанда маводди хондашударо бояд шарҳ дода тавонад. Татбиқи унсури сеюми таълими босалоҳият тақозо менамояд, ки хонандагон ҳатман бояд аз маводди тадрисшаванда порчаеро азёд кунанд. Ва дар ниҳоят мутобиқи талаботи унсури чоруми таълими босалоҳият муаллим бояд татбиқ шудани муҳтавои маводди омӯзонидашударо аз хонандагон тақозо намояд. Яъне, агар хонанда мисраъҳои: “Ҷавонмардию ростӣ пеша кун, Ҳама некуӣ андар андеша кун”-ро пурра аз худ карда, шарҳ дода метавонад, бояд донад, ки ӯ вазифадор аст, дар ҳаёти ҳамарӯза хислатҳои ҷавонмардию ростӣ ва накуиву солориро аз худ зоҳир намояд. Дар ин раванд, муаллими адабиёт бояд мушоҳидакорона рафтору кирдори хонандагонро мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор диҳад.

Аз шартҳои дигари таълими босалоҳияти адабиёт татбиқи марҳалаҳои дарки матн, арзёбии матн, тағйири матн, таҳияи матни худ мебошад ва муаллими адабиёт дар раванди дарс бояд меъёрҳои мазкурро пурра татбиқ намояд. Бояд гуфт, ки ҳар як марҳалаи таълими босалоҳият талаботи худро дорад. Масалан, дар марҳалаи дарки матн муаллим бояд бо хонандагон тарзи дурусти хониши ашъори панду ахлоқии Абулқосим Фирдавсиро ба роҳ монад. Дар ҳамин марҳала бояд барои шарҳи пурраи андарзҳои Фирдавсӣ луғатномаи мукаммал тартиб дода шавад. Зеро “Маҳз ба шарофати ҳар чӣ бештар донистани луғатҳо хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки фикри худро (мавзуъҳои дарсҳоро) ба таври саҳеҳу дақиқ ва фарогир иброз доранд, суханашон ҳадафгиру муассир бошад ва ҳамчунин, ба маънии матнҳо зуд ва аниқ сарфаҳм раванд”(10).

Албатта, дар китобҳои дарсӣ то як андоза луғатҳои зарурӣ оварда шудаанд, аммо муаллими адабиёт барои хубтар ташаккул додани нутқи хонандагон ва такмили фонди луғавии онҳо бояд омӯзиши ҳар чӣ бештари луғатро ба роҳ монад.

Барои мавзуи “Таълими босалоҳияти панду андарзҳои Абулқосим Фирдавсӣ” муаллим метавонад, чунин луғатнома тартиб диҳад:

 

— Саросар: сар то сар, аз сар то по, ҳама ҷо, тамоман;

— Ранҷ: меҳнат, заҳмат, машаққат, алам, озор;

— Хирадманд: оқил, доно, соҳибақл, донишманд;

— Ҷавонмардӣ: мардонагӣ, далерӣ, ҳимматбаландӣ, олиҳимматӣ, саховат, футувват;

— Некуӣ: некӣ, хубӣ, кори нек, кори ба хайр;

— Андеша: фикру мулоҳиза, хаёл, тааммул, тасаввур;

— Нагзояд: осеб нарасонидан, зарар нарасидан;

— Газоидан: дандон задани инсон ва ё ҳайвон ба чизе, чизеро сахт ба дандон гирифтан; маҷозан: газанд расондан, озор додан, ранҷонидан, осеб расонидан;

— Костӣ: камӣ, камбудӣ, нуқсон; каму костӣ: камбудӣ, нуқсон, зиён;

— Дурӯғозмой: дурӯғ: фиреб, найранг; озмой: санҷ; яъне, ба дурӯғ санҷидани касе;

— Нопокрой: нопокандеш; касе, ки андешаву пиндори нопоку нохуб дорад;

— Гетӣ: ҷаҳон дунё, олам;

— Саранҷом: охиран, дар охир, охируламр, оқибат;

— Ёдгор: хотира, нишона; туҳфа, ҳадя, ки барои хотира дода мешавад;

— Наспарем: насупоридан, надодан, набахшидан.

 

Вобаста ба талаботи марҳалаи дуюми таълими босалоҳият, ки арзёбии матн аст, хонандагон бояд ашъори дарсро аз лиҳози назариявӣ таҳлил намоянд. Яъне, меъёрҳои зерини назариявӣ дар асоси панду андарзҳои Фирдавсӣ бояд ташхис карда шаванд:

 

  1. Муайян кардани мавзуъ;
  2. Муайян кардани ғояҳо;
  3. Муайян кардани қофияву радиф;
  4. Муайян кардани санъатҳои бадеӣ;
  5. Шарҳу тафсири пурраи ашъор.

 

Тавре маълум аст, мавзуи ашъори мавриди тадрис тараннуми панду андарз буда, ғояҳое чун башардӯстиву инсонпарастӣ, некрафториву некгуфторӣ, ҷавонмардиву солорӣ, садоқату вафодорӣ тарғиб шудаанд. Чунончи, тавсиф дар мисраъҳои зерин:

 

Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой,

Ҳамон низ бо марди нопокрой.

Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,

Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Набошад касе дар ҷаҳон пойдор,

Ҳама номи неку бувад ёдгор.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

 

Санъати муболиға дар мисраъҳои зерин:

 

Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт,

Тани кӯҳро хок молад ба мушт.

 

Санъати тазодду муқобала дар мисраъҳои зерин:

 

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор (3, 60).

 

Мутобиқи талаботи дигари марҳалаи арзёбии матн муаллим бояд шарҳу тафсири пурраи ашъори мавриди таҳлилро барои хонандагон роҳандозӣ намояд. Чунончи:

 

Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт,

Тани кӯҳро хок молад ба мушт (3, 60).

 

Шарҳ: агар ду бародар рафиқу шафиқи ҳамдигар бошанд, дар канори ҳамдигар бошанд, муҳофизи ҳамдигар бошанд, аз уҳдаи бартараф кардани тамоми мушкилот мебароянд.

 

Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ,

Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ (3,60).

 

Шарҳ: Ганҷу дороӣ андаруни ранҷу меҳнат нуҳуфта шудааст. Ин ҷо ганҷ ду паҳлуи маъноӣ дорад: ганҷ — симу зар; ганҷ — илму дониш; дар ҳар ду маврид ҳосил бе ранҷу меҳнат ба даст намеояд. Инсон бояд донад, ки яке аз ҳадафҳои муҳимтарини ба дунё омаданаш меҳнати ҳалол кардан ва заҳмат кашидан барои ба даст овардани ганҷ аст.

 

Бибахшу бихӯр, то тавонӣ дирам,

Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам (3,60).

 

Шарҳ: Инсон бояд рӯзии бадастовардаашро ҳам худаш истифода кунад ва ҳам ба дигарон (фақирону барҷомондагон) бибахшад, яъне, саховат кунад. Саховат кардан аз моли бадастоварда бадиҳову мусибатҳоро дур мекунад.

 

Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,

Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек (3,60).

 

Шарҳ: Дар дунё аз инсон фақат номи нек мемонад, яъне, агар инсон дар зиндагӣ некиҳои зиёд карда бошад, ӯро некиҳояш пойдор менамоянд. Инсоне, ки саранҷоми нек мехоҳад, бояд дар ҳаёт рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек дошта бошад.

Дар асоси марҳалаи сеюми таълими босалоҳият (тағйири матн) малакаҳои ҳозирҷавобиву эҷодкории хонандагон ба таври гуфторӣ ташаккул дода мешаванд. Барои ба таври натиҷабахш роҳандозӣ намудани ин марҳила омӯзгор бояд тавассути саволҳои проблемавию назариявӣ фазои мубоҳисавӣ ташкил намояд. Аз ҷумла, чунин саволҳо:

 

  1. Дар панду андарзҳои Фирдавсӣ кадом хислатҳои шоистаи инсон тараннум шудаанд?
  2. Ба андешаи шумо боз кадом хислатҳои наҷиб барои инсон манфиатбахшанд?
  3. Абулқосим Фирдавсӣ кадом хислатҳои инсонро мазаммат кардааст?
  4. Барои бартараф кардани хислату одатҳои бад инсон бояд чӣ кор кунад?
  5. Инсон ва ҷойгоҳи ӯ дар панду андарзҳои Фирдавсӣ чӣ гуна арзёбӣ шудааст?
  6. Мафҳуми “дурӯғозмой”-ро чӣ гуна шарҳ дода метавонед?

 

  1. Чаро Фирдавсӣ “Бузургӣ саросар ба гуфтор нест” гуфтааст?
  2. Фирдавсӣ мегӯяд: “Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем”. Барои пайравӣ намудан ба ин насиҳат чӣ бояд кард?

 

Мутобиқи талаботи марҳалаи чоруми таълими босалоҳият (таҳияи матни худ) асосан, нутқи хаттии хонандагон ташаккул дода мешавад. Дар ин марҳала муаллим метавонад, дар заминаи мавзуи мавриди тадрис якчанд зермавзуъҳоро барои навиштани эссе пешниҳод намояд. Бояд гуфт, ки ду марҳалаи охири таълими босалоҳият: тағйири матн ва таҳияи матни худ ҷиҳати инкишофу такомули нутқи мураттаб, эҷодкориву ҳозирҷавобии хонандагон роҳандозӣ мешавад ва дар заминаи принсипи “хонандамеҳварӣ”-и таълими босалоҳият амалӣ мегардад. Яъне, омӯзгор вобаста ба талаботи ду марҳалаи охир бояд фазои мусоидро ба вуҷуд оварда, худ ҳамчун довар хонандагонро назорат кунад. Барои ташкили натиҷабахши ин марҳила метавон номгӯи зерини эссеҳоро пешниҳод кард:

 

  1. Дӯстон оинаи якдигаранд;
  2. Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир;
  3. Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ;
  4. Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек;
  5. Бузургӣ саросар ба гуфтор нест.

 

Дар маҷмуъ, таълими босалоҳияти адабиёт, воқеан, як навъ муносибатест, ки байни хонандаву муаллим тамоми монеаҳои равониву иҷтимоиро бартараф мекунад. Ҷорӣ намудани чунин муносибат дар таълими адабиёт, аз як ҷониб дарсро натиҷабахш мегардонад, аз тарафи дигар масъулияти хонандаву муаллимро баланд бардошта, онҳоро муттаҳид менамояд. Муаллими адабиёт шахсиятест, ки дар зеҳни хонандагон ҷаҳони бекудурати маънавиро бунёд карда, онҳоро ба сӯйи фарҳанги бегазанду оламшумул раҳнамоӣ менамояд. Дар байни мавзуъҳои мухталифи фанни адабиёт таълими панду андарзи бузургон ҷойгоҳи хосса дошта, руҳу равони хонандагонро бо чашмаи поку мусаффои маънавиёт омезиш мебахшад. Ба ин маънӣ, таълими панду андарзҳои Абулқосим Фирдавсӣ дар радифи дигар мавзуъҳои ҳамтабори фанни адабиёт имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари ошноӣ пайдо кардан бо аҷдоди худ аз ганҷинаи илму маърифат бардошти маънавӣ намоянд ва дар роҳи расидан ба хештаншиносӣ оқилонаву самимона қадам бардоранд. Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки “Таълими адабиёт ва парвариши ахлоқи ҳамида аз вазифаҳои бунёдии мактаб аст, ки дар амалӣ гардонидани ин вазифа омӯзгори адабиёт масъулияти бештар дорад” (1,21).

 

Адабиёт:

  1. Аҳмадов Мирзоҳабиб. Таълими адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологияи мактабҳои олии Тоҷикистон) (қ1). – Хуҷанд: Ношир, 2012, 483 саҳ.
  2. Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 7, таҳиякунандагон: Тоиров Урватулло, Зикиров Хайрулло, Мӯсоев Муҳаббат). – Душанбе, Мавлавӣ, 2008, 302 саҳ.
  3. Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 8, таҳиякунанда: Абдунабӣ Сатторзода). – Душанбе, Маориф, 2018, 320 саҳ.
  4. Барномаи таълими адабиёти тоҷик (бо тавсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ) мураттибон: Ҳайати Шурои коршиносони назди Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба таълифи барнома ва китобҳои дарсии адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11. — Душанбе, Маориф, 2007, 42 саҳ.
  5. Тӯрақул Зеҳнӣ. “Санъати сухан”. — Душанбе: Ирфон, 1970.
  6. Раҳим Мусулмониён. “Назарияи адабиёт”.- Душанбе: Маориф, 1990.
  7. Мулло Абдусамад. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷики муассисаҳои олии касбии ҶТ). — Душанбе, Ирфон, 2014.
  8. Ҳазрати Иноятхон. “Тарбият”, тарҷума ва таҳқиқи Ю. Юсуфӣ. — Душанбе: Адиб, 2010.
  9. https://www.tgpu.tj. Убайдов С.О. Муносибати таълими босалоҳият дар таълими фанҳои табиию-риёзӣ.
  10. https://omuzgor-gazeta.tj. Майгуна Эвазова. Луғатомӯзӣ бунёди забондонист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *