
Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбари як муассиса будан фаъолиятест, ки хеле мураккаб ва масъулиятпазир. Ҳар як роҳбари мактаб дар баробари донистани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, доштани дониши хуби касбӣ, равоншиноси хуб будан, маданияти баланди ахлоқӣ ва маънавӣ доштан шахси ҳамаҷониба пешқадам, тараққипарвар ва лаёқати баланди ташаббускорӣ бояд дошта бошад. Ӯ масъул аст, ки ба ҳар як муаллим дар самти барпо намудани лабораторияи эҷодии шахсӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъоли таълим, интихоби усул ва шеваи мувофиқ баҳри расидан ба мақсади таълим, дуруст муайян намудани ҳадафи асосии дарс, ташкили фазои ҳамкорӣ, муносибати фардӣ бо хонандагон мадад расонад. Яъне, расидан ба ин ҳадафҳоро директор бо муовинонаш пеш аз оғози соли таҳсил дида бароянд, ки вай ба кӣ кори фардӣ мегузаронаду муовинонаш ба киҳо. Дар ин кор, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониши тахассусии муаллим, маҳорати касбии ӯ, муносибати вай бо хонандагон дар мадди аввал меистад. Яъне, мақсади асосӣ кушода додани маҳорати касбии омӯзгор аст.
Пеш аз он ки директор ба дарси муаллими ҷавон ворид шавад, маслиҳат медиҳем, ки аввал дар бораи усулҳои таълим, тарзи истифодаи адабиёти иловагӣ ва китоби дарсӣ, кори мустақилонаи хонандагон, тарзи муносибату муомила бо хонандагон, арзёбии донишу малака ва маҳорати онҳо, ҷалби хонандагони «танбал» ба фазоӣ ҳамкорӣ ба вай маслиҳат диҳад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутахассиси ҷавон, пеш аз ҳама, дар ҳамин самт ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавад.
Директор аввал бо мақсади кумак якчанд асарҳои педагогиеро, ки ба таълиму тарбия бахшида шудаанд, ба муаллим тавсия намуда, барои баланд бардоштани маҳорати касбиаш чанд дастуру мақолаҳои методистонро низ пешниҳод менамояд, ки мутолиа кунад ва ба дарсҳои омӯзгорони варзидаю эҷодкор бештар ворид шавад.
Роҳбари муассиса ҳангоми суҳбат бо омӯзгори ҷавон дар назди вай чанд масъалаи муҳимро мегузорад, ки бояд ӯ дар рафти дарс ба он таваҷҷуҳи хосса диҳад:
- Муайян намудани ҳадафи асосии дарс чӣ аз диди вай ва чӣ аз диди хонанда.
- Таносуби байни донишҳои назариявӣ ва маҳорати амалӣ, яъне, назарияро ба амалия татбиқ карда тавонистани хонанда.
- Ҳангоми таълим ба кадом қоидаву таърифҳо, формулаҳо аҳаммият додани вай.
- Чӣ тавр фазоӣ ҳамкориро ташкил карда тавонистани ӯ.
- Роҳҳои ташкил намудани вазъияти проблемавӣ (масъалагузорӣ).
- Тарзи супориши вазифаи хонагӣ ва роҳҳои пурсиши он.
- Тавсияи адабиёти иловагӣ барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбӣ, гирифтани маълумоти иловагӣ аз адабиёти тавсияшуда.
- Инкишофи маҳорати андешаронӣ ва хулосабарории хонандагон.
Ба дарсҳои аввалини мутахассиси ҷавон даромадани директор зарурат надорад, зеро бояд ба ӯ имкон дода шавад, то бо аҳли синф пурра шинос шуда, роҳашро ёбад, вале ин маънои онро надорад, ки муаллими навро аз назарҳо дур монем, балки директор имкон дорад, ки ӯро гоҳ-гоҳ ба дафтари кориаш даъват намуда, чунин саволҳо диҳад:
— Шумо ҳангоми супориши вазифаи хонагӣ ба кадом самти кор бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоед?
— Барои ташаккули неруи зеҳнию ақлонии хонандагон кадом усулро истифода мебаред?
— Аз кадом усулҳои фаъоли таълим истифода бурдед?
— Чӣ тавр месанҷед, ки мақсади гузошташудаатон иҷро шуд ё не?
— Аз саволгузории мақсаднок чӣ тавр истифода мебаред?
— Барои ташаккули неруи зеҳнии шогирдон аз кадом усулҳо истифода бурдан лозим?
Аз суҳбати омӯзгори ҷавон аён мегардад, ки вай дар кадом самт душворӣ мекашад. Кадом усули корро дуруст сарфаҳм намеравад. Сипас, роҳбари муассиса ҳақ дорад, ки ба дарси муаллими ҷавон даромада, дар ҳамон самт ба вай ёрӣ расонад.
Ҳангоми таҳлили дарси муаллими ҷавон директор норасоиҳои ӯро ошкор намуда, барои рафъи онҳо бояд маслиҳатҳои судманд диҳад. Яъне, омӯзгорро бисёр танқид накарда, балки тавсияҳои таконбахш диҳад, ки дар оянда барои пешрафти кори ӯ мусоидат намоянд.
Рӯзи дигар директор омӯзгори ҷавонро метавонад, ба дарси худ даъват намояд. Дар ин ҳолат директорро лозим аст, ки ба дарс тайёрии ҷиддӣ бинад, то ки мутахассиси ҷавон аз дарси вай чизе ба худ гирифта тавонад ва дар пешрафти фаъолияти кории минбаъдаи ӯ мадад расонад. Пас аз иштирок ба дарс директор ҳатман бояд ба муаллими нав суҳбат гузаронад. Бубинад, ки вай барои худ аз ин дарс чӣ бардоштааст. Кадом навгониҳои дарсро эҳсос кардааст. Фаъолияти хонандагонро чӣ тавр баҳо медиҳад. Кадом лаҳзаи дарс барояш бештар писанд омадааст: гурӯҳбандӣ ё арзёбии дониш, ташкили фазои ҳамкорӣ ё масъалагузорӣ, истифодаи аёният ё тарзи пурсиши вазифаи хонагӣ. Ҳамин тариқ, мутахассиси ҷавон метавонад ба шаш-ҳафт дарси сарвари таълимгоҳ ворид шуда, маҳорати кориашро такомул диҳад.
Директори мактаб дар ин ҳолат бо муаллимони ботаҷриба ба 10-12 дарси вай ворид шуда, натиҷаи он мушоҳидаҳои муаллими ҷавонро мавриди санҷиш қарор диҳад. Бинад, ки он тавсияву маслиҳатҳо дар низоми кори омӯзгор, дар фаъолияти педагогии вай ягон тағйироту дигаргунӣ ворид намудааст ё на.
Мушоҳидаву суҳбатҳо нишон доданд, ки мутахассиси ҷавон чизи асосиро фаҳмидааст, аз уҳдаи моҳирона ташкил кардани кор, идора намудани синф, дар як ҷо муттаҳид кардани андешаҳо, истифодаи шаклу методҳои ҳамкорӣ бо хонандагон баромада метавонад, вале ҳанӯз ҳам дар ҳаллу фасли чанд масъалаи муҳимми тадрис ба хубӣ баромада наметавонад:
а) тақсимоти дурусти вақт;
б) ба роҳ мондани кори гурӯҳӣ;
в) истифода аз саволҳои ташаккулдиҳанда (продуктивӣ);
г) дуруст ба роҳ мондани муаррифии кори гурӯҳҳо;
ғ) арзёбии донишу малака;
д) баҳодиҳӣ ба кори якдигар.
Дар ин ҳолат директорро лозим аст, ки самти кориашро дигар кунад. Роҳу усулҳои ташкили ҷадиди таълимро ба вай нишон диҳад ва омӯзгорро бо адабиёту дастурҳои методӣ, инчунин, бо нашрияву маҷаллаҳои соҳавӣ таъмин намояд.