
Маҳбуба БОБОМУРОДОВА,
дотсенти кафедраи методикаи
таълими забон ва адабиёти
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Солҳои охир дар партави дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳамчун омили асосии ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Вазорати маориф ва илми кишвар ҳадафҳоеро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки калидӣ будани соҳаро бори дигар собит месозанд. Яке аз чунин иқдом гузариш ба раванди муносибати босалоҳият ба таълим аст. Муносибати босалоҳият ба таълим равандест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ) равона мешавад. Раванди муносибати босалоҳият ба таълим ба саволҳои зерин: «Омӯзгор чӣ кор карда метавонад?», «Омӯзгор кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» – ҷавоб медиҳад. Инчунин, ҳангоми санҷидан диққати асосӣ ба сифати иҷрои амал равона мегардад. Яъне, салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат мебошад.
Ин навъи таълим бештар ба мавзуъҳои проблемагузорӣ ва роҳҳои ҳалли он аз нигоҳи хонанда ва инкишофи тафаккури интиқодии он сарчашма мегиранд. Хонанда дар асоси марҳалаҳои ибтидоии донишомӯзӣ аз қабули мушкилот (Оё ман метавонам?) то дарки вазъият, дарёфти фарзия (қоидасозӣ), дар асоси ғалатҳои худ роҳ ба сӯйи салоҳиятҳо меҷӯяд. Муносибати босалоҳият ба таълим ба хонанда маърифат додан, иҷро карда тавонистан, зистан ва якҷоя зиста тавонистанро талқин менамояд. Омӯзгоронро зарур аст, хонандаро натанҳо ба шароити дохилии Тоҷикистон, балки берун аз он низ омода созанд. Бо сабабҳои идомаи таҳсилу кор дар хориҷ аз кишвар ба ҷавонони мо мушкилоти забонӣ, салоҳияти касбу кори гуногун ва мутобиқшавиро ба вуҷуд меорад, аз ин рӯ, муносибати босалоҳият ба таълим дар асоси стандартҳои байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои судманд заминаи мусоид мегузорад.
Пешрафти илмию техникӣ, ки хоси марҳалаи кунунии ҷомеаи инсонист, ҳамарӯза дар инкишофу дигаргуниҳост. Рушди соҳаҳои гуногуни илм дар кори таълиму тарбия низ таъсири амиқ расонида, боиси ба вуҷуд омадани вожаю истилоҳоти нав мегардад. Ин истилоҳи нав бо вуҷуди дар аввал андаке бегонаю дурушт намудан, баъдтар истифодаашон маъмул мегардад. Мавриди таҳқиқ қарор гирифтан ин маънои луғавии вожаи «салоҳият» аст.
Салоҳият чист? Барои дақиқ намудани мафҳуми салоҳиятнокӣ онро мебояд аз нуқтаи назари этимология ва дигар тааллуқияти соҳавӣ таҳлил намуд.
Салоҳият қобилият, малака ва маҳорат буда, «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, балки он дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳорат дар шуури хонанда ташаккул меёбад. Дар фарҳангҳо «салоҳият» бо маъноҳои 1) «полномочие», 2) «способность» (қобилият) шарҳ ёфтааст. Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» вожаи «компетентность» ба маънои салоҳият доштан, салоҳиятдор, соҳибҳуқуқ будан оварда шудааст. Шакли дигари ин калима, яъне, «компетенция» ба маънои кордонӣ, қодир будан омадааст.
Имрӯз ин калима дар зеҳну забони ҳар як омӯзгору мутахассиси соҳа хуб нишаст ва ба таври фаровон истифода мегардад. Номзади илми филология, равоншод Азим Байзоев нигошта буданд: «Дар баробари худи калимаи «салоҳият» имрӯз калимаҳои дигари сохта — «босалоҳият», «салоҳиятнок», «салоҳиятнокӣ» ва ибораҳое, ки дар таркибашон ин ибораро доранд, пайдо шуданд. Он чӣ моро нигарон кардааст, мавҷуд набудани ягонагӣ дар фаҳмиш ва истеъмоли ин истилоҳот аст. Ҳатто дар дохили ҳамон як мақола истифода шудани шаклҳои гуногуни истилоҳоти мавриди назар ба мушоҳида мерасад. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки дар раванди ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим, пеш аз ҳама, ягонагӣ ва дурустии истифодаи истилоҳотро таъмин намоем».
Устод Садриддин Айнӣ дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷикӣ» вожаи «салоҳият»-ро чунин шарҳ додааст: «Салоҳият — аҳл будан дар коре (фалонӣ дар ин кор салоҳият надорад, яъне, аҳли ин кор нест» (ҷ.12, 1976, с.330).
Дар «Қомуси дарӣ ба русӣ» (нашри соли 1978) чунин тарҷума шудааст: «Салоҳият» 1) пригодность, соответствии; 2) компетентность; 3) полномочие — салоҳият доштан — быть компотентным…» (с. 498).
Дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (соли 2006 зери таҳрири Д. Саймиддинов, С. Д. Холматова, С. Каримов), вожаи мавриди назар чунин тарҷума шудааст: «Салоҳият — 1) компетентность, компетенция; 2) полномочие; прерогатива; 3) соответствие, годность, пригодность; — салоҳият доштан а)быть компатентным; иметь полномочия; б) годится, соответствовать; Салоҳиятдор 1) компотентный, авторитетный; мақомоти-компетентные органы; 2) полномочый» (с. 515).
Дар «Фарҳанги форсии Амид» вожаи салоҳият ин тавр тафсир шудааст: «Салоҳият — солеҳ будан, дархур будан, шоистагӣ» (2535, Теҳрон, с.702). Дар «Фарҳанги форсӣ», ки ба қалами Муҳаммад Муин тааллуқ дорад, салоҳият чунин эзоҳ ёфтааст: Салоҳият 1) шоиста будан, аҳлият доштан; 2) шоистагӣ, сазоворӣ, 3) ихтиёре, ки қонун ба додгоҳе медиҳад, ки ба муҷиби он ба даъвое расидагӣ кунад, ба иборати дигар шостагии қонуни додгоҳ, барои расидагӣ ба даъвои хос.
Салоҳиятдор — салоҳиятдоранда — шоиста барои расидагӣ ба амре, дархури иҷрои амале, додгоҳи салоҳиятдор, мақомоти… (ҷ. 2, 1375, Теҳрон, с. 2159). Дар «Луғатнома»- и Деҳхудо низ вожаи «салоҳият»-ро чунин шарҳу эзоҳ додаанд: «Салоҳият» — ба маънои шоистагӣ, сазоворӣ, дархурӣ, аҳлият.
Инчунин, мафҳуми «салоҳият» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» — шоистагӣ, қобилият, лаёқат тафсир шудааст. Дар баъзе аз сарчашмаҳо мафҳумҳои «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ» аз ҳамдигар тафовут доранд. Зери мафҳуми «салоҳиятнокӣ» — воқиф будан, ваколат доштан фаҳмида шуда, мафҳуми салоҳият чун доираи саволҳое, ки фард бо истифода аз ваколатҳои худ амали муайянеро иҷро мекунад, дар назар дошта мешавад. Дар адабиёти илмӣ муҳаққиқон Т. Е. Исаев ва Е. И. Огарев чунин нигоштаанд: «Махсусияти салоҳиятнокӣ ин аст, ки шахс бо истифода аз донишу малака ва таҷрибаи андӯхтааш ҳодисаҳоро бо воқеияти кунунӣ муқоиса намуда, хулосаи асоснок ҳосил менамояд».
Махсусан, Е. И. Огарев чунин менигорад: «Салоҳиятнокӣ ин нишондиҳандаи арзишӣ буда, ба устод имконияти сайқал додани дониш, қабули қарор, банақшагирӣ ва дигар имконияти расидан ба ҳадафҳоро мефаҳмонад. Салоҳиятнокӣ дар таҳсилот раванди бошууронаи фаъолият ба шумор рафта, дар доираи ваколати муқарраршуда ба амал бароварда мешавад ва натиҷаи он арзёбии фаъолияти устод дар ҷараёни таълим мебошад. Салоҳият ва салоҳиятнокӣ ба ҳам алоқаманд буда, якдигарро пурра мекунанд”.
Барои амалӣ гаштани барномаи салоҳиятноккунии маориф ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, омӯзгорони дарсдиҳанда бояд ҳатман босалоҳият — лоиқ, сазовор ва шоистаи касби хеш бошанд. Агар омӯзгор босалоҳият набошад, дар бораи ташаккули салоҳият ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест. Омӯзгори имрӯзаро зарур аст, дар асри xxI хонандаро на танҳо ба шароити имрӯзаю ояндаи Тоҷикистон, балки ба зиндагӣ дар тамоми ҷаҳон омода созад. Хонандагони имрӯза муваззафанд, ки ҳам донанд ва ҳам тавонанд. Муносибати босалоҳият ба таълим тағйир додани раванди таълим набуда, балки дигар намудани муносибат ба таълим аст.
Хулоса, ҳар дигаргунӣ ва иқдоме, ки дар соҳаи маориф амалӣ мегардад, ҳадафҳои худро дорад. Ин ҳадафҳо вақте амалӣ мегарданд, ки мо — омӯзгорон дастҷамъона, бо дили гарм барои бароварда сохтани он камари ҳиммат бандем ва эҷодкорию масъулиятшиносӣ ҳамроҳамон бошад.