
Садбарг АХМЕДОВА,
омӯзгори фанни физикаи
МТМУ №64-и ноҳияи Рӯдакӣ
Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳаи таҳсил, омӯзгор баҳри тақвият ва мустаҳкамкунии мавзуъҳои гузашта, оид ба фанни физика муваззаф аст, ки ба хонандагон чорабинии беруназсинфиро ба роҳ монад. Ба ин мақсад, омӯзгор номгӯи саволҳои шавқоварро тартиб дода, алоҳида ё ба василаи викторинаҳо (озмунҳои фаннӣ) хонандагонро ба онҳо ҷалб менамояд. Иқрор бояд шуд, омода кардани саволҳои шавқовар оид ба физика дар асоси викторина ё озмунҳои фаннӣ барои хонандагон дар як синф, масалан, синфи 8 мушкил буда, вақти зиёдеро талаб мекунад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки тавассути маҷаллаи писандидаамон “Маърифати омӯзгор” чанд саволи шавқовар ва ҷавобҳои онҳоро, ки аз манбаъҳои гуногун гирд оварда шудаанд, манзури омӯзгорони физика ва шогирдони онҳо намоем.
Саволи 1. Чаро турнаҳо ва дигар парандаҳо ҳангоми парвоз ба дуриҳо села шуда парвоз мекунанд?
Ҷавоб: Дар сари села парандаи пурқувваттарин парвоз мекунад. Ҳаво сарселаро, ки ба нӯги киштӣ шабоҳат дорад, шорида мегузарад, парандаҳои камқувват дар даруни села ҷой мегиранд ва муқовимати ҳаворо камтар ҳис мекунанд.
Саволи 2. Барои чӣ дар таги об чапакзанӣ душвор аст?
Ҷавоб: Ҳангоми ҳаракати сусти дастон оби кам истифода мешавад. Ҳангоми ҳаракати тези дастон об наметавонад, ба ду тараф ҷудо шавад, ки дар натиҷа массаи муттаҳид ба миён меояд.
Саволи 3. Барои чӣ дар баландиҳои кӯҳ баромадани буғумҳои одамон нисбат ба пастиҳо зиёдтар рух медиҳад?
Ҷавоб: Дар баландӣ фишор паст буда, қувваи ҷафсшавии буғумҳои устухонҳо ба ҳамдигар кам мешавад ва баромадани буғумҳо бисёртар рӯй медиҳад.
Саволи 4. Барои чӣ дар вақти кофтани чой шаммаҳо дар маркази пиёла ҷамъ мешаванд?
Ҷавоб: Фишор дар моеи ҳаракаткунанда назар ба суръат камтар аст. Бинобар соиши об аз танаи пиёла суръат камтар мешавад. Фишори зиёдатӣ байни марказ ва лабҳои пиёла шаммаҳоро ба марказ ҷамъ меорад.
Саволи 5. Чаро одамон ва ҳайвоноти хунукхӯрда меларзанд?
Ҷавоб: Онҳо ҳамин тавр гарм мешаванд. Аз ҳаракат (ларзидан) кори механикӣ ба амал меояд ва неруи дохилӣ баланд мешавад.
Саволи 6. Оби ҷӯшон назар ба оби хунук оташро зудтар хомӯш мекунад (дарҳол гармии буғҳосилкунанда аз оташ гармиро мегирад ва оташро бо қабати бӯғ мепӯшонад ва расидани ҳаворо коҳиш медиҳад). Оё оби ҷӯшро ба оташ тавассути насос пошидан мумкин нест?
Ҷавоб: Не. Дар насос таги поршен ба ҷойи ҳавои аз заряд холишуда бӯғи чандири 1 атм ҳосил мешавад ва оби ҷӯш ба шлангҳо намешорад.
Саволи 7. Ҳубоби электронидашуда то андозае дам шуда, радиусаш хеле бузург мешавад (заряд тағйир намеёбад). Энергияи заряд чӣ тавр тағйир меёбад? Будани заряд ба дамидани ҳубоб ёрӣ мерасонад ё монеа мешавад?
Ҷавоб: Ҳубоби заряднок (Wp = Q2/2R) кам мешавад, зеро зарядҳо аз якдигар тела хурда, ба афзоиши болои озод мусоидат менамояд.
Саволи 8. Араго дар соли 1822 мушоҳида намуд, ки ақрабаки дар ғилофи мисин буда, дар ҳолати баробарвазнӣ лаппиш хурда, зуд бозмеистад. Чаро?
Ҷавоб: Ақрабаки магнитии лаппишхурдаистода майдони тағйирёбандаи магнитиро ба амал меорад. Он дар мис ҷараёнҳои гирдбодмонандро ба «заряди иҷборӣ» табдил медиҳанд, ки бо майдонҳои худ ба ҳаракати ақрабак монеъ мегарданд.
Саволи 9. Агар бо болға ба охири қубури филизии дароз бизанед, нафари дар сари қубур истода садои ду зарбаро мешунавад. Барои чӣ?
Ҷавоб: Зарбаи аввал мавҷи садо ба филиз буда, зарбаи дуюм ба ҳаво мебошад.
Саволи 10. Ба шиша об мерезанд. Фавораи (ҷараёни) об дар ин вақт аз худ садои оҳанги муайянеро мебарорад. Дар ҷараёни торафт пуршавии об ин оҳанг баландтар мешавад. Барои чӣ?
Ҷавоб: Таги шиша ба резиши об резонанс медиҳад. Бо пур шуда истодани шиша, дарозии сутуни резонатор кам шуда, баландии оҳанг меафзояд.
Саволи 11. Барои чӣ тирезаҳо назар ба деворҳои берунаи хонаҳо, агар онҳо бо ранги тира ранг шуда бошанд ҳам, рӯзона тира ба чашм мерасанд?
Ҷавоб: Инъикоси нур аз девор ҳамеша нисбат ба маводи нургузаронандаи тиреза зиёдтар мебошад.
Саволи 12. Лентс Эмилий Христианович физики рус мебошад. Ӯ дар кадом самти физика корҳои асосии худро иҷро кардааст? Корҳои асосии ӯ бо чӣ робитаи амиқ доранд?
Ҷавоб: Дар самти электромагнитизм. Вобаста ба ин, Қонуни Лентс дар самти ҷараёни индуксионӣ эҷод гардидааст.
Саволи 13. Гюйгенс Христиан-физики ҳолландӣ дар кадом самти физика машҳур гардидааст?
Ҷавоб: Дар самтҳои механика ва оптика. Дар ин самтҳо формулаи Гюйгенс барои марҳилаи лаппишхуриҳои гармоникии ақрабак ва Принсипҳои Гюйгенс доир ба фаҳмидани механизми паҳншавии нур маълум ҳастанд.
Саволи 14. Ба электроскопи заряди мусбат дошта, ҷисми заряди манфидоштаро наздик меоранд. Дар ин ҳолат чӣ рух медиҳад?
Ҷавоб: Аввал кунҷи байни варақчаҳо майда шуда, баъд ба 0 баробар мешавад, сипас, меафзояд.
Саволи 15. Ба қадри имкон бештар аломатҳои монандӣ ва фарқияти байни майдонҳои электрикӣ ва гравитатсиониро нишон диҳед.
Ҷавоб: Монандиҳо:
- Аналогияи ҳамтаъсирии зарядҳо ва масса (қонунҳои Кулон ва Нютон);
- Ҳарду майдон консервативианд (кор дар роҳи сарбаста ба сифр баробар аст);
- Дар онҳо вуҷуд доштани иқтидорҳои (потенсиалҳои) гуногун.
Фарқият:
- Массаи манфӣ нест;
- Ҷисмҳои гравитатсионии бетараф нест.
Саволи 16. Барои чӣ парандаи дар яке аз ноқилҳои баландшиддат нишастаро неруи барқ (ток) намекушад?
Ҷавоб: Гуногунии иқтидор (потенсиал) ва неруи барқ дар байни панҷаҳо кам аст.
Саволи 17. Дар занҷири ҷараён порчаҳои сими мисин, филизин ва никелии диаметр ва дарозиаш якхела пайваст мебошанд. Ҳангоми пайвасткунии пайиҳам ва пайвасткунии параллелӣ кадом порча зиёдтар метафсад?
Ҷавоб:
а) никелӣ, филизин, мисин (то ҳадди кам кардани муқовимат);
б) мисин, филизин, никелӣ (то ҳадди кам кардани ҷараён).
Саволи 18. Чаро ҳангоми раъду барқи наздик зарбаи тези гӯшкаркунанда ва ҳангоми раъду барқи дур зарбаи гулдурросӣ шунида мешавад?
Ҷавоб: Ҳангоми раъду барқи наздик-мавҷҳои аввалини садо аз худи раъду барқ назар ба акси садое, ки аз предметҳо инъикос мешавад, бамаротиб пурқувваттар аст.
Ҳангоми раъду барқи дур бошад, мавҷҳои аввалин ва акси садошуда ба гӯши мо бо қувваи фарқкунанда мерасад.
Саволи 19. Ду заррачаи якхела, яке босуръату дигаре камсуръат, дар доираи як майдони магнитӣ ҳаракат мекунанд. Кадоме аз ин заррачаҳо гардиши зудтар мекунанд?
Ҷавоб: Вақти гардиш аз суръати заррачаҳо (m/qBp 2= t) вобастагӣ надорад.
Саволи 20. Оинаи ҳамвор дар таҳти кунҷи 30 градус дар гирди тире, ки дар ҳамворӣ ҷойгир буда, ба нури афтодаистода перпендикуляр мебошад, тоб мехурад. Нури инъикосшуда дар ин вақт ба кадом кунҷ тоб мехӯрад?
Ҷавоб: Ба 60 градус.
Саволи 21. Сафина (киштӣ) дар оби дарё чуқуртар фуру меравад ё дар баҳр, чаро?
Ҷавоб: Азбаски оби шӯри баҳр нисбат ба оби ширини дарё зичтар аст, сафина дар дарё чуқуртар фуру меравад.