Open book and magical glowing letters.
Шоҳзамон ЯҲЁЕВ,
корманди Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Аз қадим бузургони олам баҳри рушди шахсият ва ахлоқи наврасону ҷавонон панду андарзҳои безавол боқӣ гузоштаанд, ки асрҳост ба одамон хидмат мерасонанд. Ин панду андарзҳо дар ниҳоди наврасону ҷавонон машъали илму ирфонро фурӯзон нигоҳ медоранд.
Хушбахтона, то замони мо бузургони илму адаб аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштаанд. Алалхусус, дар бораи аҳаммияти баланд доштани илму адаб ва ахлоқи неку мутафаккироне, амсоли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Муҳаммади Ғаззолӣ, Аттори Нишопурӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Муҳаммади Ҳиҷозӣ ва дигарон панду андарзҳои судманд ва асарҳои алоҳида эҷод кардаанд, ки ҷанбаи ахлоқӣ дошта, то имрӯз қадру қимати худро гум накардаанд.
Дар бештари асарҳо адибон фаслҳои алоҳидаро махсус ба фарзанди худ бахшида, онҳоро ба касби дониш, ахлоқи нек, кирдори шоиста, дӯстиву рафоқат, навозиши бечорагон, хайру саховат, ёрии эҳтиёҷмандон ва хидмати халқ раҳнамоӣ менамоянд. Дар ин баробар, фарзанди худро огоҳ мекунанд, ки аз хислатҳои бад, бухлу ҳасад, кибру ғурур ва худписандӣ, дурӯғгӯӣ, коҳиливу танбалӣ, ҷаҳолату мардумозорӣ, ҷоҳу мансабпарастӣ, тамаллуқу чоплусӣ ва дигар андешаҳои разила барҳазар бошанд.
Бояд зикр сохт, ки рубоиёт ва ғазалҳои нобу дорои маънии баланди Умари Хайём, Носири Хусрав, Собири Тирмизӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайидои Насафӣ, Самандари Тирмизӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон хусусияти баланди таълимию тарбиявӣ дошта, дар боло бурдани сатҳи маънавиёти насли наврас ва ҷавонон хидмати арзанда намудаанд.
Наврасону ҷавонон, ки дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт ба мушкилоту роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ дучор меоянд, ҳамеша ба насиҳати бузургон ва калонсолон ниёз доранд. Аз ин рӯ, онҳоро мебояд, ки осори шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик ва адибони ҷаҳонро мутолиа намуда, кӯлбори маънавии хешро ғанӣ гардонанд. Чуноне ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар асари гаронбаҳояш «Маснавии маънавӣ» фармудааст:
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.
Унсурулмаолии Кайковус дар боби панҷуми «Насиҳатнома», ки «Андар шинохтани ҳаққи падар ва модар» унвон гирифтааст, ба писараш чунин насиҳат мекунад:
«Бо носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бувад ва ту низ хирагии хеш маҷӯй ва бо падару модари хеш чунон бош, ки аз фарзандони хеш тамаъ дорӣ, ки бо ту бошанд, зеро ки он, ки аз ту ояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз вай зодӣ. Ва масали одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт, ҳар чанд дарахтро тааҳҳуди беш кунӣ, мева аз вай накутар ва беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмат дорӣ ва озарм (эҳтиром), дуо ва офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар бувад… ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ…».
Саъдии Шерозӣ бо ду асари пандуахлоқии оламшумули худ — «Гулистон» ва «Бӯстон» дар ҷаҳон ҳамчун муаллими ахлоқ шинохта шудааст, зеро ин асарҳо пурра аз панду андарз ва насиҳат иборатанд. «Гулистон», ки бо санъати насри мусаҷҷаъ иншо гардидааст, ҳикояҳои дилнишину пандомези зиёдеро дар бар мегирад. Мо дар ин ҷо як ҳикояро ба таври мисол меорем, ки ҷанбаи тарбиявӣ дорад:
«Яке аз писарони Ҳорунаррашид пеши падар омад хашмолуд, ки фалон сарҳангзода маро дашноми модар дод. Ҳорун аркони давлатро гуфт:
— Ҷазои чунин кас чӣ бошад?
Яке ишора ба куштан кард ва дигаре ба забон буридан ва дигаре ба мусодираву нафӣ (забти амвол ва табъид). Ҳорун гуфт:
— Эй писар, карам он аст, ки авф кунӣ ва агар натавонӣ, ту низаш дашноми модар деҳ, на чандон ки аз ҳад даргузарад, ки он гоҳ зулм аз тарафи ту бошаду даъво аз қибали хасм:
На мард аст он ба наздики хирадманд,
Ки бо пили дамон пайкор ҷӯяд,
Бале, мард он кас аст аз рӯйи таҳқиқ,
Ки чун хашм оядаш, ботил нагӯяд. «
Хоҷа Самандари Тирмизӣ дар боби шонздаҳуми асари худ «Дастур-ул-мулук», ки ба насиҳати пирон мар ҷавононро бахшида шудааст, чунин мефармояд:
«Азизи ман, муносиб чунон аст, ки ҳушёрони олами маънӣ мастони ҷоми ғафлатро ба гӯшмоли насиҳат ҳушёр созанд ва лоиқ чунон аст, ки бедорони арсаи дониш бехабарони кӯи фориғболиро бо сими адаб бедор кунанд.
Агарчи сухани ҳақ аз рӯйи ҳақиқат арақи инфиол (шарму ҳаё, шармандагӣ) бар рӯйи хубрӯён давонад, шояд, ки яке аз ин миён обрӯи худ мулоҳиза карда, аз феъли зишти худ ва аз суҳбати бадон иҷтиноб (дур шудан ва канора гирифтан) намояд:
Арақ бишуст зи пандам рухи накӯи туро,
Зи ман маранҷ, ки мехоҳам обрӯи туро.»
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асари «Баҳористон»-и бехазони худ илму ҳунарро тарғибу ташвиқ намуда, бо хитоб ба писараш чунин мефармояд:
Чу нодонон на дар банди падар бош,
Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.
Чу дуд аз равшанӣ набвад нишонманд,
Чӣ ҳосил з-он, ки оташрост фарзанд?!
Абдурраҳмони Ҷомӣ хондани китобро ситоиш намуда, онро беҳтарин ҳамнишин ва ёру дӯст мешуморад:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест!
Дар мақола мо кӯшиш кардем, ки аз осори бузургон чун «муште аз хирвор» ба тариқи интихоб панду андарз ва насиҳатҳои судмандро ҷой диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо аз рӯйи мақоли «Илоҷи воқеа — пеш аз вуқуъ» ва «То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст» амал намуда, давраи ҷавонии хешро беҳуда сипарӣ накунанду пайваста ба омӯзиш ва мутолиаи китобҳои илмию бадеӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо шуғл варзанду савияи дониш ва одобу ахлоқи хешро баланд бардоранд.
