Таманно ФАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори фанни биологияи Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Олами органикӣ яке аз мавзуъҳои муҳим дар низоми таълим буда, хонандагонро бо олами зинда ошно месозад. Дар ин нигошта намунаи дарсиро доир ба мавзуи «Инкишофи олами органикӣ дар эраи архей» манзури хонандагон менамоем, ки барои омӯзгорони ҷавон ҳамчун маводди иловагӣ муфид мебошад.
Мақсади дарс
— омода намудани хонандагон:
— онҳо оид ба аввалин организмҳои зинда, гетеротрофҳо маълумот дошта бошанд ва шарҳ дода тавонанд;
— пайдоиши фотосинтез ва тақсимшавии олами органикӣ ба рустанӣ ва хайвонотро донанд ва бо мисолҳо шарҳ дода тавонанд;
— оид ба организмҳои прокариотӣ ва эукариотӣ маълумот дошта бошанд;
— дар бораи пайдоиши афзоиши ҷинсӣ ва бисёрҳуҷайрагӣ чун аромофози муҳим маълумот дошта бошад;
— фарқияти организмҳои гаплоидӣ ва диплоидиро донанд;
— оид ба ҳосилшавии бофтаҳои аввалин — эктодерма ва эндодерма дар заминаи пайдоиши ҳодисаи бисёрҳуҷайрагӣ маълумот дош-та бошанд;
Таҷҳизонидани дарс: матн, китоби дарсӣ, овезаҳо, расм, тасвирҳо, маводди таърихӣ, нақша, ҷадвал, диафилм, видеоролик, рӯнамо (презентатсия), варақаҳо.
Метод, даҳонӣ (шифоҳӣ): — маъруза, суҳбат, нақл.
Амалӣ: мушоҳида, супоришҳо, кор бо китоби дарсӣ, методи фаъолгардонӣ, масъалагузорӣ, корҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ.
Равиши дарс
І. Қисми ташкилии дарс:
а) ба ҷо овардани одоби муошират;
б) тайёр намудани хонандагон ба дарс;
в) аз назар гузарондани шумораи хонандагон;
г) мавҷуд будани бӯру латта;
д) тоза будани синф аз ҷиҳати назофат.
ІІ. Пурсиши вазифаи хонагӣ
Аз аҳли синф вазифаи хонагӣ бояд ба таври фардӣ ё умумӣ ба воситаи варақаҳо, рӯнамоҳо ва дигар маводди ёрирасон дар муддати 10-15 дақиқа пурсида шавад. Баъди фикрҳои хонандагонро шунидан муаллим метавонад маълумоти гирифтаро ҷамъбаст карда, сипас, оид ба мавзуъ ба хонандагон маълумот диҳад.
Истилоҳот
Пеш аз дарс истилоҳоти мушкилро аниқ созед. Дар тахтаи синф ё ба воситаи тахтаи электронӣ истилоҳотро пешниҳод кунед ва маънои онҳоро ба хонандагон фаҳмонед. Ба хонандагон фармоед, ки истилоҳоти зеринро дар дафтарашон нависанд.
Астероидҳо — аз калимаи юнонии «астер» — ситора гирифта шудааст, ҷамъи ситораҳо.
Ароморфоз — табдилёбиҳои бузурге, ки дар сохти организм дараҷаи мукаммалии онро афзун мегардонад, яъне, прогресси морфофизиологӣ.
Архей — аз калимаи юнонии «архаиос» — аввалин, қадима гирифта шудааст. Қадимтарин эраи геологӣ, ки давраи фаъолнокии вулқонҳо ба шумор рафта, дар он аввалин боқимондаҳои санг-гаштаи организмҳои прокариотиро ёфтаанд.
Ҳаплоид — аз юнонии «ҳаплус» — ягона, тоқ ва «ейдос» — намуд гирифта шудааст. Организмҳо (ҳуҷайра, ядро)-и дорои дастаи хромосомаҳои тоқ, ки бо ҳарфи лотинии «п» ишора карда мешавад.
Геохронологӣ — шкалаи вақт. Нишон додани пайдарҳамӣ ва боҳамалоқамандии марҳилаҳои инкишофи сайёраи Замин ва олами органикӣ.
Диплоид — ҳуҷайраҳои дорои дастаи хромосомаҳои ҷуфт, ки дар натиҷаи якҷояшавии гаметаҳои ҳаплоидӣ ҳосил мешаванд. Мафҳуми «диплоид» соли 1905 аз тарафи Э. Страсбургер пешниҳод карда шуд.
Мигратсия — муҳоҷир, ҷойивазкунӣ, кӯчиш аз як ҷой ба ҷойи дигар.
III. Муаррифӣ ва муҳокимаи мавзуи нав:
Нақшаи мавзуъро ба хонандагон муаррифӣ мекунем ва онҳоро ба муҳокима даъват менамоем. Мепурсем, ки аз нақшаи гузошташуда кадомаш ба онҳо бештар фаҳмост.
Мавзуъ: Аз таърихи илми бионика ва истифодаи комёбиҳои он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ
Дар баробари инкишофи сайёраи Замин аз моддаҳои содатари химиявӣ пайвастагиҳои мураккаби органикӣ ҳосил шуд. Бо мурури вақт аз он моддаҳо 3,8 — 3,5 миллиард сол қабл организмҳои зинда инкишоф ёфтанд. Дар ибтидои пайдоиши ҳаëт зери таъсири интихоби табиӣ организмҳои зинда дар об ба вуҷуд омадаанд. Пас, об асоси ҳаёт ва ҳастии ҳама мавҷудот будааст. Дар натиҷаи таҳаввул (эволютсия)-и дуру дарози биологӣ, бисёр организмҳои зинда ташаккул ёфта, аз об ба хушкӣ гузаштаанд. Организмҳои ҳозира ва гузаштаи дури геологӣ системаи ягонаи ҳаётро дар бар мегиранд. Вале маълум аст, ки организмҳои замони ҳозира нисбат ба организмҳои замони гузашта гуногунтар ва сершумортар мебошанд. Сабабаш он аст, ки онҳо ба мисли организмҳои замонҳои қадим ба фалокат, фавт ва нестшавӣ камтар дучор омадаанд. Баъзе олимон ақида доранд, ки дар замонҳои гузаштаи геологӣ зиёда аз 50 миллион намуди организмҳои зинда мавҷуд будааст. Афзоиши организмҳо ба тағйирот ва тақсимшавии онҳо ба шохаҳои гуногун мусоидат мекард, як гурӯҳи организмҳо ба гурӯҳи организмҳои мукаммалтар табдил меёфт. Санаҳои поалеонтологӣ шаҳодат медиҳанд, ки ба гурӯҳҳо тақсим шудани организмҳо дар таърихи олами органикӣ, дар ҳама гуна зинаҳои афзоиши онҳо (аз намуд то типҳо) беохир аст ва ин эволютсия ном гирифтааст. Дар равиши таърихии эволютсия, бо мурури вақт, мураккабӣ ва тағйирёбии тарзи ҳаётии организмҳо мушоҳида мешавад. Масалан, аз организмҳои беядро (прокариотҳо) ибтидо гирифтани организмҳои ҳуҷайрагии ядродор (эукариотҳо), ё ба вуҷуд омадани ҳайвоноти бисёрҳуҷайра аз ҷонварони якҳуҷайра, ташаккул ёфтани бандпойҳою нармбаданҳо аз ҳалқакирмҳо ва ғайра. Аз мисолҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки дар натиҷаи эволютсияи биологӣ гурӯҳи нави организмҳо ба вуҷуд омадааст. Аз ҷониби дигар, нестшавии гурӯҳи калони организмҳо ба фавтидани онҳо вобаста мебошад. Як гурӯҳи организмҳо дар фосилаи кӯтоҳи вақт, гурӯҳи дигаре аз онҳо оҳиста-оҳиста дар муддати тулонӣ нест мешаванд.
Аз рӯйи назарияи баъзе олимон, фавтидану қиршавии организмҳо ба сабабҳои дохилии организмҳо ва таъсири муҳити беруна вобаста аст. Сабабҳои дохилӣ инҳоянд:
— захираи қувваи ҳаёт ба охир мерасад (пиршавӣ ва фавтидан);
— устуворӣ ба тағйирот ва мутобиқат ба ҳаёт кам мешавад.
Ба сабабҳои муҳити беруна инҳо дохил мешаванд:
— тектогенез, алалхусус, марҳила ба марҳила тағйир ёфтани таносуби баҳру хушкӣ;
— авҷгирии фаъолияти геологии вулқонҳо ва заминларза;
— тағйир ёфтани таркиб ва қабатҳои атмосфера, минтақаҳои иқлимӣ;
— пасту баландшавии сатҳи уқёнусҳо;
— тағйир ёфтани таркиби ғизои организмо;
— баландшавии радиоактивии Замин аз ҳисоби кӯчиши элементҳои қишр ё таркидани ҷирмҳои осмонӣ;
— гулӯлаборон ё бархӯрдани метеориту астероидҳо ба Замин.
Бо ивазшавии инкишофи шохаҳои мухталифи олами органикӣ ноустувории шароити физикӣ-географии таърихи тараққиёти Замин низ сабаб шуда метавонад. Аз ҷумла, «дигаргуншавии қатъӣ»-и организмҳо ба марҳилаҳои кӯҳпайдошавӣ рост меоянд. Ҳангоми кӯҳпайдошавӣ як гурӯҳи организмҳо ба шароити нави муҳит мутобиқ мешаванд, дигаре аз онҳо барои ҳаёт муқобилият нишон дода натавониста, мемиранд.
Инкишофи олами органикӣ дар эраи архей
Дар эраи архей аввалин организмҳои зинда пайдо шудаанд. Онҳо гетеротроф буда, аз нуқтаи назари А.И. Опарин ба сифати ғизо «хӯроки якум»-ро истифода мебурданд. Марҳилаи муҳимтарини пайдоиши ҳаёт дар рӯйи сайёраи Замин ба пайдоиши фотосинтез алоқаманд аст. Фотосинтезкунандаи прокариотҳои кабуду сабз сианҳо буданд. Сианҳо ва обсабзҳои сабзи эукариотӣ аз уқёнус ба атмосфера оксигени озодро хориҷ мекарданд. Ин боиси пайдо шудани бактерияҳое гашт, ки қобилияти дар муҳити аэробӣ зиндагӣ кардан доштанд. Эҳтимол, дар ҳамин давра дар сарҳади эраи архей ва эраи протеразой ду воқеаи азими эволютсионӣ — афзоиши ҷинсӣ ва организмҳои серҳуҷайрагӣ пайдо шуда бошад. Пайдоиши ин ду ароморфоз аҳаммияти бениҳоят калон дошт. Организмҳои гаплоидӣ (микроорганизмҳо, обсабзҳои кабуду сабз) як дастаи хромосома доранд. Ҳар як мутатсияи нави пайдошуда якбора дар фенотип зоҳир мешавад.

V. Арзёбӣ саволу ҷавоб.
1. Аввалин маротиба кадом организмҳо пайдо шуданд?
А) прокариотҳо В) эукариотҳо С) якҳуҷайраҳо Д) бисёрҳуҷайраҳо
2. Организмҳои зинда аввалин бор дар куҷо пайдо шудаанд?
А) дар об В) дар хушкӣ С) дар дигар сайёраҳо Д) дар ҳаво
3. Аввалин организмҳои зинда дар кадом эра пайдо шудаанд ва чӣ ном доштанд?
A) архей; гетеротроф B) протеразой; аутотроф C) кембрий; муфтхӯр
4. Марҳилаи муҳимтарини ҳаёт ба чӣ вобаста аст?
A) пайдоиши фотосинтез B) тағйирёбии иқлим C) пайдоиши моддаҳои органикӣ.
VI. Ҷамъбаст ва хулоса. Диққати хонандагонро ба мақсади аслии таълими дарс равона сохта, аз онҳо пурсед: Аз нақшаҳои пешниҳодшуда кадомашро ноил гаштанд? Барои ин дар раванди дарс кадом корҳоро иҷро кардаанд?
Vll. Супориши вазифаи хонагӣ. Аз хонандагон хоҳиш намоед, ки оид ба мавзуи дарс вазифаи дар замима омадаро дар хона иҷро намоянд.
