Дар синфи XI. Дарси IV

Хайрулло Раҳимов,

Аълочии маорифи Тоҷикистон,

омӯзгори собиқадор, ноҳияи Варзоб

Ҳабиб Юсуфӣ ҳамчун шоири мубориз ва ватансаро ҳарчанд умри зиёд надидааст, вале ашъори ӯ дар тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон нақши созгор дорад. Шеърҳои дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи Ҳ. Юсуфӣ кам бошанд ҳам, вале хеле санъаткорона эҷод гардидаанд. Онҳо аз ҷиҳати бадеият ва образнокӣ баланд буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳорати адабии Ҳ. Юсуфӣ дар ин давра ба авҷи камолот расидааст. Вай маҳз дар ҳамин давра ҳамчун шоири ватанпарвар дар шеърҳояш ҳиссиёти душманситезиро бо ифодаҳои наву пуртаъсир тасвир кардааст ва ин гуна ифода дар шеърҳои то соли 1940 навиштааш вохӯранд ҳам, каманд. Аз ин рӯ, ин шеърҳо барои ҷавонони он вақт ва имрӯз ҳам пурқиммату пураҳаммият мебошанд.

Дар барномаи адабиёт таълими се шеъри дар ин давра навиштаи Ҳ. Юсуфӣ: “Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Интиқом”, “Аз ҳавою обу замин” дохил карда шудаанд. Азбаски хонандаҳо ин шеърҳоро дар синфи VII хондаанд, дар синфи XI бо роҳи мусоҳиба мундариҷаи онҳоро ба хотир оварда, бевосита ба таҳлили ғоявию шаклии онҳо гузаштан беҳтар мебошад. Бо ин роҳ хонандагон бо ғоя, ҳиссиёт ва эҳсосоти гуногун, техникаи шеърӣ, усулҳои адабӣ ва воситаҳои тасвири бадеии шеърҳои шоир шинос шуда метавонанд.

Дарсро аз пурсиши вазифаи хонагӣ, аз рӯйи саволҳои зерин сар кардан мувофиқи матлаб аст:

  1. Илова ба матни китоби дарсӣ кадом шеърҳои ба Ватан бахшидаи Ҳ. Юсуфиро хондаед?
  2. Аз шеъри “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” порчае азёд гуфта, калимаи Ватанро дар ифодаҳои шоир шарҳ диҳед.
  3. Мазмун ва ғояи шеърҳои “Ба Ватан”, “Ватани дил”, “Ба душманони Ватан”-ро гӯед.
  4. Аз шеъри “Ишқи Ватан” порчае аз ёд гуфта, онро маънидод кунед.
  5. Ҳабиб Юсуфӣ табиати диёрро дар кадом шеърҳо васф кардааст?
  6. “Ман ва мо”-и Ҳ. Юсуфӣ кист?
  7. Воқеаҳои Ғарб ва Шарқ ба шоир чӣ таъсир бахшидаанд? Онҳо дар кадом шеърҳояш тасвир ёфтаанд?

Баъд аз ин, баъзе саволҳои дар равиши дарс ба миён омадаро ҳал карда, муаллим бо муқаддимаи кӯтоҳе дарси навро оғоз намуда, қайд мекунад, ки ҷанги хонумонсӯз, ки 22-юми июни соли 1941 дар айни гулгулшукуфии эҷодиёт ва камоли эҷодии Ҳ. Юсуфӣ сар зада буд, нагузошт, ки шоири ҷавон ба орзуи неки худ, ки устоди шеър шудан буд, бирасад. Баъд номи мавзуъ, сарлавҳаи шеърҳоеро, ки ба дарси нав марбут аст, дар тахтаи синф навишта, маълумоти дар синфи VII гирифтаи хонандагон ба тариқи саволу ҷавоби зайл ба хотир оварда мешавад.

Муаллим: — Кӣ шеъри “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”-ро аз ёд гуфта медиҳад?

Талабае даст боло карда, онро ифоданок азёд мегӯяд. Ҳамон талаба ё талабаи дигар ҷавоб медиҳад, ки шоир дар ин шеър ба қалам, ба сухан муроҷиат кардааст. Вай қалам ва суханро ба муборизаи беамон бар зидди душманон даъват карда, вазифаи нави онҳоро муайян намудааст. Шоир, инчунин, дар бораи садоқат ва вафодории халқ ба Ватан сухан ронда, нафрати худро бар душманон аз номи қаҳрамони лирикӣ бо ҳаяҷон ва эҳтироми баланд баён намудааст.

Муаллим: — Чаро шоир шеърашро “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар” ном ниҳодааст?

Талабаи сеюм фикрашро бо донишҳои аз дарси гузашта ҳосил кардааш алоқаманд намуда, ҷавоб медиҳад, ки Ҳабиб Юсуфӣ – сарояндаи Ватани маҳбуб ва тараннумгари ҳаёти зебои одамони он буд. Вай медид, ки Ватан дар зери хавфи поймол шудан монда буд. Аз ин рӯ, ҳисси душманбадбинӣ ва ватандӯстии шоир дучанд гардид. Вай акнун тайёр буд, ки мисли ҳазорҳо ватандӯст шарафи Ватан, ёру диёрашро бо қимати ҷон бихарад ва ҳамин тавр ҳам кард.

Баъд муаллим аз ягон намуди воситаи техникӣ (кодоскоп) истифода бурда, шеъри “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”-ро дар девори синф акс намуда, онро ифоданок хонда, диққати хонандагонро аввал ба байти Саъдӣ: “Ман на он бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман, Он манам, ки андар миёни хоку хун бинӣ саре”, ҷалб намуда, ба хонандаҳо мефаҳмонад, ки Ҳабиб Юсуфӣ аз мазмун ва ғояи ин байт истифода бурда, шеъри худро эҷод кардааст. Ин навъ шеърҳоро дар истилоҳи адабиётшиносӣ «тазмин» мегӯянд. Азбаски талабаҳо дар синфҳои VII -X дар бораи тазмин ва тарзҳои он маълумоти муфассал гирифтаанд, муаллим хусусият ва тарзҳои тазминро таҳлил карда, диққати онҳоро ба таҳлили хусусиятҳо ва ду тарзи тазмини Ҳабиб Юсуфӣ, ки дар шеъри мазкур дучор мешаванд, ҷалб менамояд. Қайд мекунад, ки Ҳабиб Юсуфӣ дар шеъри худ ба фикру ғояи байти Шайх Саъдӣ пайравӣ карда, онро ҳамаҷиҳата қувват додааст. Лекин вай дар шакл ва вазну қофия ба анъанаи тазминнависии куҳан пайравӣ накардааст. Бо мақсади ин ҳақиқатро ба талабагон фаҳмондан қайд карда мешавад, ки байти Саъдӣ аз қитъае гирифта шудааст, ки дорои тарзи қофиябандии “аб, вб” мебошад. Аммо шеъри Ҳабиб Юсуфӣ бошад, аз ҷиҳати тарзи қофиябандӣ ва шакл нав буда, ҳанӯз номи муайян надорад. Баъд ба хонандагон фаҳмонда мешавад, ки Ҳабиб Юсуфӣ дар мисраъҳои:

 Вақти он аст,

 эй қалам!

 Буррандатар гардӣ зи теғ!

 Вақти он аст,

 эй сухан!

 Ғуррандатар гардӣ зи барқ!

 То ба душман ҳамла орам,

 Решааш буррӣ зи бех,

 То расӣ,

 Манҳус-анчарро кунӣ бешоху барг! — аз намуди дигари тазмин — эпиграмма истифода бурдааст. Вай фикри шоири бузурги рус В. Маяковский — “Ман мехоҳам, ки қаламро ба найза баробар кунам”-ро истифода бурда, онро дар қолиби назм сайқал дода, бо забони сода, ифодаҳои наву пурмазмун, бо тартиби зинапоя ба хонанда пешкаш намудааст…

Баъдан бо мақсади диққати бачаҳоро ба қувваи таъсирбахшу тезутунди публитсистии шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ, ки онҳо руҳи замонро равшан ва амиқ ифода мекарданд, ҷалб намудан, аввал аз шеъри “Аз ҳавою обу замин” порчаи:

На, офтоб!

Ту болои мо дурахшон бош!

Ҳаёти мо,

Ту чу ҳаррӯзаат хурӯшон бош!

Насими тоза,

Ту дар боғи мо вазидан гир!

Завод, фабрика,

Ҳозир ба кори майдон бош!

Зи ҳар самум наларзад дарахти мо, ҳайҳот!

Ту, эй рафиқ, ту

Дар поси худ ба завлон бош!-ро омӯзгор ифоданок мехонад.

Муаллим қайд бояд кунад, ки ҳамин гуна ифодаҳои ҳаяҷонбахш, мазмунҳои мушаххасу ба зиндагӣ наздик дар шеъри “Интиқом”, ки он намунаи олии лирикаи публитсистии Ҳабиб Юсуфӣ дар солҳои ҷанг буд, қувваи азими таъсирбахшу боз ҳам тезутундтари публитсистӣ пайдо кардааст. Шоир барои ифодаи маъниҳои барҷаста ва муассиру ҷаззоб баён кардани мақсад дар ин шеър аз воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ истифода бурдааст.

Дар хотимаи дарс қайд бояд кард, ки Ҳ. Юсуфӣ мисли ҳазорон ватандӯстон ба ин муборизаи умумихалқӣ шарик шуда, баъди ду моҳи навиштани шеъри “Муҳаббат ва ҳақиқат” ба ҷабҳа рафт. Дар он ҷо ҳам аз кори эҷодӣ даст накашид. Ин фактро мактубҳои худи шоир, дӯстон ва ҷанговарони ҳамяроқи ӯ тасдиқ мекунанд. Омӯхтани ҳар як шеъри Ҳабиб Юсуфӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносии насли наврас аҳаммияти бузург дошта, танҳо ӯ метавонист “Душманони инчунин ҳаёти нағз кист? Охир бидеҳ ба ман шамшер!” ё худ “Қалам бигзор, бигир теғу ба фарқи аду бизан!” гӯяд. Ин суханон бозгӯи ягонагии кирдор ва суханони шоири ҷанговари тоҷик аст.

Дар охир бо саволҳои зерин дониши омӯхтаи хонандагонро санҷидан ва мустаҳкам кардан даркор аст:

  1. Мазмун ва ғояи шеъри “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”-ро гӯед.
  2. Дар ин шеър таъсири услуб ва тарзи баёни кадом шоири рус дида мешавад?
  3. Дар шеъри номбурда Ҳабиб Юсуфӣ кадом намудҳои тазминро кор фармудааст?
  4. Ҳабиб Юсуфӣ дар шеъри “Аз ҳавою обу замин” ба кӣ чӣ гуна муроҷиат кардааст?
  5. Мазмун ва ғояи шеъри “Интиқом”-ро гӯед. Дар он шоир кадом воситаи тасвир ва санъати шеъриро кор фармудааст?
  6. Хусусияти публитсистии шеърҳои номбурдаро гӯед.

Супориш: Аз китоби дарсӣ саҳифаи 147-ро ва китоби “Роҳи нотамом” шеърҳои солҳои 1941-1942 эҷодкардаи шоирро хонда, дар мавзуи “Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ” иншои хонагӣ нависед.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *