Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори фанни химияи Литсейи №3
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Дар шароити рушди ҷаҳони муосир, таълими босифат яке аз омили асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҳамзамон, фароҳам овардани шароити муносиби таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №114 аз 3 апрели соли 2021 “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”-ро ба тасвиб расонд. Ин барномаи муҳимми давлатӣ ба таъмин ва муҷаҳҳазсозии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти фаннӣ, озмоишгоҳӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ равона гардида, барои такмили раванди таълим, ҷалби хонандагон ба фаъолиятҳои амалӣ ва таҳқиқотӣ ва таҳкими тафаккури илмии наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аҳамияти ташкили озмуни “Беҳтарин кабинети муассисаи таълимӣ”. Татбиқи самараноки Барномаи давлатӣ на танҳо ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ вобаста аст, балки ба истифодаи мақсаднок ва босамари ин таҷҳизот аз ҷониби омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳо низ иртибот дорад. Бо ин назардошт, ташкили озмуни дохилимуассисавӣ таҳти унвони “Беҳтарин кабинети муассисаи таълимӣ” иқдоми саривақтӣ, муҳим ва муассир арзёбӣ мегардад.

Мақсадҳои асосии ташкили чунин озмун инҳо мебошанд:

 – тақвияти истифодаи мақсаднок ва ҳадафманди таҷҳизоти таълимии фаннӣ;

 – рушди базаи моддию техникии кабинетҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи муосири таълим;

 – баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии кормандони таълимӣ дар нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизот;

 – ҷалби хонандагон ба корҳои амалӣ, таҳқиқотӣ ва лабораторӣ;

 – ташаккули фазои эҷодӣ ва илмӣ дар муҳити таълим.

– Маҳорати омӯзгор – омили асосии рушди кабинет.

Таҳқиқоти соҳаи педагогика ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳанд, ки таъсирбахшии таҷҳизоти муосири таълимӣ танҳо дар ҳолате муяссар мегардад, ки омӯзгор тавонад, онро дар амал бо равишҳои навоваронаи методӣ истифода барад.

 Озмун ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки таҷриба ва дониши худро такмил бахшида, усулҳои муосири таълимро амалӣ намоянд, маводи таълимӣ таҳия кунанд ва муҳити омӯзишро ҷолиб, фаъолу созанда гардонанд. Дар баробари ин, истифодаи таҷҳизоти замонавӣ ва ҷалби хонандагон ба раванди озмоишӣ ва таҳқиқотӣ, ки яке аз ҳадафҳои таълими муосир мебошад, гус- тариш меёбад.

Пешниҳод

Барои таъмини объективият ва шаффофияти озмун зарур аст, ки он дар шакли чанд номинатсия гузаронида шавад. Аз ҷумла:

 “Беҳтарин кабинети табиатшиносӣ (биология, химия, физика)”;

 “Беҳтарин кабинети фанҳои риёзӣ (математика, технологияи иттилоотӣ)”;

 “Беҳтарин кабинети технология”;

 “Беҳтарин озмоишгоҳи таълимӣ (озмоишгоҳҳои байнифаннӣ)”.

Меъёрҳои баҳогузорӣ метавонанд чунин бошанд:

  1. Дараҷаи муҷаҳҳаз будани кабинет бо таҷҳизоти фаннӣ ва воситаҳои таълимии муосир;
  2. Мураттабии ҳуҷҷатҳо ва маводҳои методӣ (нақшаҳои таълимӣ, дастурҳои корӣ, варақаҳои амалӣ);
  3. Навоварӣ дар истифодаи таҷҳизот ва таҳияи маводҳои худсоз;
  4. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ дар раванди таълим;
  5. Ҷалби фаъоли хонандагон ба озмоишҳо, корҳои амалӣ ва таҳқиқотӣ;
  6. Намунаҳои муваффақи фаъолият (натиҷаҳои хонандагон, иштирок дар озмунҳо, лоиҳаҳо);
  7. Зебоӣ ва эстетикаи кабинет;
  8. Истифодаи воситаҳои рақамӣ (IT) дар раванди таълим;
  9. Муҳити ташаккулдиҳандаи тафаккури илмӣ;
  10. Ҳамкории омӯзгорон бо муассисаҳои илмӣ ва ташкилоти беруназмактабӣ.

Мусоидат ба татбиқи барномаи давлатӣ тавассути озмун

Таҷрибаи ташкили озмунҳои дохилимактабӣ ва ноҳиявӣ нишон медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо сатҳи омодагии муассисаҳои таълимиро ба намоиш мегузоранд, балки таҳқиқоти амалӣ ва методиро низ ҳавасманд мекунанд. Ғолибони озмун метавонанд дар марҳилаҳои минбаъдаи шаҳрӣ (вилоятӣ) ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, таҷрибаи худро ба дигар омӯзгорон пешниҳод намоянд.

Ин озмун:

–  шароити мусоид барои тақвияти фаъолияти омӯзгорон фароҳам меорад;

 – заминаи рушди муҳити илмӣ ва таҳқиқотиро дар муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам месозад;

 – фазои рақобатии солимро байни муассисаҳо ва омӯзгорон инкишоф медиҳад;

 – ҷалби фаъолонаи хонандагонро ба омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ таъмин менамояд.

 Дар натиҷа, озмун метавонад, ба баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва татбиқи босамари барномаи давлатӣ мусоидат намуда, як модели намунавии рушди устувори соҳаи маориф гардад.

 Низомномаи мазкур ҳамчун намуна пешниҳод мегардад ва дар ҳолати ташкил ва баргузории озмун, шахсони масъул метавонанд, вобаста ба талабот ва шароити мавҷуда ба он тағйирот ворид намуда, баъзе нуктаҳоро илова ё ихтисор намоянд.

НИЗОМНОМАИ

озмуни “Беҳтарин кабинети муассисаи таълимӣ”

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Озмуни “Беҳтарин кабинети муассисаи таълимӣ” тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 3 апрели соли 2021 ва дар доираи татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ мегардад.

1.2. Озмун дар сатҳи муассисавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти таълимӣ ва рушди муҳити таҳқиқотию эҷодии муассисаҳои таълимӣ мебошад.

  1. Ҳадаф ва вазифаҳои озмун

2.1. Тақвияти истифодаи ҳадафмандонаи таҷҳизоти фаннӣ ва воситаҳои таълимии муосир.

2.2. Рушди базаи моддию техникии кабинетҳо ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосир.

2.3. Баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва кормандони таълимӣ нисбат ба ҳифзу истифодаи таҷҳизот.

2.4. Ҷалби хонандагон ба корҳои амалӣ, озмоишӣ ва таҳқиқотӣ.

2.5. Ташаккули муҳити созандаи таълим ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон.

  1. Шакл ва марҳилаҳои озмун

3.1. Озмун дар чор марҳила баргузор мегардад:

  • марҳилаи муассисавӣ;
  • марҳилаи ноҳиявӣ;
  • марҳилаи шаҳрӣ (вилоятӣ);
  • марҳилаи ҷумҳуриявӣ.

3.2. Дар ҳар марҳила, комиссияи махсуси баҳодиҳӣ бо таркиби мувофиқ ташкил дода мешавад.

  1. Номинатсияҳо

Озмун дар шакли номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

 “Беҳтарин кабинети табиатшиносӣ (химия, биология, физика)”;

 “Беҳтарин кабинети фанҳои риёзӣ (математика, технологияи иттилоотӣ)”;

 “Беҳтарин кабинети технология”;

 “Беҳтарин озмоишгоҳи таълимӣ”.

  1. Меъёрҳои баҳогузорӣ

5.1. Дараҷаи муҷаҳҳаз будани кабинет бо таҷҳизоти фаннӣ ва воситаҳои таълимии муосир;

5.2. Мураттабии ҳуҷҷатҳои методӣ ва маводҳои таълимӣ;

5.3. Навоварӣ дар истифодаи таҷҳизот ва таҳияи маводҳои худсоз;

5.4. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиена;

5.5. Ҷалби фаъолонаи хонандагон ба фаъолиятҳои озмоишӣ ва таҳқиқотӣ;

5.6. Натиҷаҳои муваффақи хонандагон дар озмунҳо ва лоиҳаҳо;

5.7. Зебоӣ, эстетика ва тарҳи дохилии кабинет;

5.8. Истифодаи воситаҳои рақамӣ (технологияҳои иттилоотӣ);

5.9. Муҳити эҷодӣ ва илмию таҳқиқотӣ;

5.10. Ҳамкории омӯзгорон бо муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои беруназмактабӣ.

  1. Ҳавасмандгардонӣ

6.1. Ғолибони ҳар номинатсия бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.

6.2. Таҷрибаи беҳтарини онҳо дар дигар муассисаҳо татбиқ гардида, омӯзгорон ҳамчун устодони намунавӣ муаррифӣ карда мешаванд.

  1. Муҳлат ва шартҳои баргузорӣ

7.1. Муҳлати ҳар марҳилаи озмун аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян мегардад.

7.2. Иштироки кабинетҳо дар озмун ихтиёрӣ буда, бо пешниҳоди рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва маводи тасвирӣ амалӣ мешавад.

  1. Тавсияҳо

8.1. Маъмурияти муассисаҳо вазифадоранд, ки омӯзгоронро барои омодагӣ ва иштирок дар озмун дастгирӣ намоянд.

8.2. Озмун ҳамчун платформаи мубодилаи таҷриба ва рушди тахассусии омӯзгорон истифода гардад.

Хулоса, ташкили озмуни “Беҳтарин кабинети муассисаи таълимӣ” на танҳо имкони ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳу сифати истифодаи таҷҳизоти таълимиро фароҳам меорад, балки замина барои густариши муҳити эҷодӣ, таҳқиқотӣ ва илмии муассисаҳои таълимӣ низ мебошад. Ин ташаббус бо роҳандозии марҳилавӣ, номинатсияҳои мухталиф ва меъёрҳои мушаххаси баҳогузорӣ фазои солими рақобат ва мубодилаи таҷрибаи беҳтаринро дар байни омӯзгорон таъмин менамояд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *