Мадина МАМАДҶОНОВА,
мураббии кӯдакистони №82,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Мақсад: Шинос кардани бачаҳо бо адади 20. Фаҳмондани мафҳум дар бораи даҳӣ ҳамчун воҳиди нави ҳисобӣ. Шинос кардани бачаҳо бо тартибёбӣ ва тарзи навиштани ададҳои даҳии дуюм. Давом додани омӯзиши ҳал кардани намунаҳои арифметикӣ. Тартиб додан ва ҳал кардани масъалаҳои арифметикӣ ва мантиқӣ.

Вазифаҳо:

  1. Таълимӣ. Шинос кардан бо адади 20, тартиб- ёбӣ ва тарзи навишти он. Фаҳмондани мафҳум дар бораи воҳиди нави ҳисобӣ – даҳӣ. Шинос кардани бачаҳо бо тартибёбии ададҳои даҳии дуюм ва тарзи навишти онҳо. Мустаҳкам кардани малакаи тартибдиҳӣ ва ҳал кардани масъалаҳои арифметикӣ, намунаҳо. Давом додани ҳалли масъалаҳои мантиқӣ. Мустаҳкам кардани донишҳо дар бораи шаклҳои геометрӣ.
  1. Инкишофдиҳанда. Инкишофи диққат, хотира, афкори мантиқӣ.
  2. Тарбиявӣ. Тарбияи мустақилнокӣ, ташаббускорӣ, пуртоқатӣ, малакаи то охир расондани кори оғозгардида.

Таҷҳизот ва мавод: Барои мураббӣ: варақаҳо бо намунаҳои арифметикӣ, тахтаи магнитӣ, овезаҳо барои тартибдиҳии масъалаҳои арифметикӣ барои ҷамъ ва тарҳкунӣ, нақшаи кулбача. Барои бачаҳо: чӯбчаҳои ҳисоб, хаткӯркунак, лифофаҳо бо шаклҳои геометрӣ.

Тайёрии пешакӣ: машғулияти инфиродӣ оид ба ҳалли намунаҳо аз рӯйи варақаҳо, тартибдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои арифметикӣ, ҳалли масъалаҳои мантиқӣ.

Метод ва усули кор бо бачаҳо: суҳбат, фаҳмондадиҳӣ, саволҳо.

Муҳтавои машғулият

Марҳилаи I.

Мураббӣ: — Бачаҳо, хирс аз афсонаи “Кулбача” аз мо ёрӣ мепурсад.

Хирс: — Бачаҳо, шумо албатта, дар ёд доред, ки вақте ман хостам ба кулбача дароям, бо он чӣ ҳодиса рӯй дод?

Бачаҳо: — Ҳа, дар ёд дорем. Кулбача  шикаста, фурӯ рехт.

Хирс: — Дуруст. Ман ба дигар ҳайвонҳо ваъда додам, ки кулбачаашонро сохта медиҳам. Бинокорон гуфтанд, ки барои сохтани кулбача 20 болор лозим аст. Ман бошам, фақат то 10 ҳисоб карда метавонам. Илтимос, барои ёд гирифтани ҳисоб то 20 ба ман ёрӣ расонед. 

Марҳилаи II.

Мураббӣ: — Бачаҳо, биёед, ба хирс ёрӣ мерасонем. Ту, хирс, аз паси мо такрор бикун.

Аввал, дар тахта ададҳоро бо тартиб мегузорем. Мураббӣ ба назди тахта яке аз кӯдаконро барои иҷрои масъала даъват менамояд ва аз хирс хоҳиш мекунад, ки ададҳоро нависад.

Мураббӣ: — Бачаҳо, оё хирс супоришро дуруст иҷро кард?

Бачаҳо:  — Бале, дуруст иҷро кард.

Мураббӣ: — Бачаҳо, 10 чӯбчаро ҳисоб карда, ба тарафи чап гузоред. Шумо чанд чӯбчаро                  гузоштед? Чӣ тавр бояд гӯем?

Ҷавоби бачаҳо: — Мо 10 чӯбча ё як даҳиро ба тарафи чап гузоштем.

Мураббӣ: — Ин чӯбчаҳоро як бандча карда бандед ва шумораашонро бо адад ишора намоед.

Бачаҳо ва хирс супоришро иҷро мекунанд.

Мураббӣ: — Акнун дар бандча чанд чӯбча будааст, бо адад ишора намоед.

Бачаҳо адади 10-ро мегузоранд.

Мураббӣ: — Адади 1 ва адади 0 чиро нишон медиҳанд?

Ҷавоби бачаҳо: — Адади 1 дар ин ҷо як даҳиро нишон медиҳад, адади 0 бошад, набудани воҳид-ро нишон медиҳад.

Мураббӣ: — Акнун аз тарафи рости даҳӣ як чӯбчаро гузоред ва бо адад ишора намоед, адади чанд ҳосил мешавад? (Бачаҳо адади 11-ро мегузоранд).

Мураббӣ: — Дар адади 11 чанд даҳӣ ва чанд воҳид ҳаст?

Ҷавоби бачаҳо: — Як даҳӣ ва як воҳид.

Мураббӣ: — Акнун аз тарафи рост боз 1 чӯбчаро гузоред. Шумо аз тарафи рост чанд чӯбчаро гузоштед? Ҷамъ чанд чӯбча гузоштед? Онҳоро бо ададҳо ишора намоед.

Ҷавоби бачаҳо: —   Мо аз тарафи рости даҳӣ 2 чӯбча мондем. Якҷо бо даҳӣ 12 чӯбча шуд.

Мураббӣ: — Агар аз тарафи рости даҳӣ 3 чӯбчаи дигар гузорем, ҳамагӣ чанд чӯбча мешавад? Онҳоро бо ададҳо ишора намоед.

Ҷавоби бачаҳо:  — 15 чӯбча ва  адади 15 ҳосил мешавад.

Мураббӣ: — Аз тарафи рости даҳӣ то даҳ адад шуданаш чӯбчаҳо гузоред. Аз тарафи рост чанд чӯбча шуд ва онҳоро  ба  таври дигар чӣ меномем?

Ҷавоби бачаҳо: — Аз тарафи рост даҳ чӯбча ё як даҳӣ.

Мураббӣ: — Ин даҳиро бо резин бандед. Чанд даҳӣ ҳосил шуд? Мо ҳамагӣ чанд чӯбча мондем? Адади ҳосилшударо ба рақам ишора намоед.

Ҷавоби бачаҳо: — Ду даҳӣ ё бист чӯбча.

Мураббӣ: — Хирс, ту акнун фаҳмидӣ, ки 20 болорро чӣ тавр ҳисоб кардан лозим аст?

Хирс: — Ташаккур, бачаҳо! Ман акнун то 20 ҳисоб карда, кулбачаи нав сохта метавонам. Ба бӯрёкӯбони мо биёед. (Хирс меравад).

Мураббӣ: — Бинед, бачаҳо, хирс нақшаи кулбачаи навро фаромӯш кардааст. Биёед, онро бубинем, ки он аз кадом шаклҳои геометрӣ кашида шудааст?

  Ҷавоби бачаҳо: — Квадратҳо, росткунҷаҳо, секунҷаҳо, давраҳо ва ромбҳо.

Лаҳзаи варзиш (Шеър дар бораи адади 20):

Адади ду ва адади нол,

Мерақсанд бисёр хушҳол.

Адади бист озод аст,

Дар кори ҳисоб шод аст.

Мураббӣ дар тахта варақаҳоро бо мисолҳои ҷамъкунӣ ва тарҳкунӣ бо ҷавобҳои дурусташон ҷой медиҳад.

Мураббӣ: — Бачаҳо, мисолҳоро дар варақаҳо хонед ва варақаҳои ҷавоби дурустро ёбед:

16; 13; 14; 19; 20

11+2=                           

15+1=

16-2=

18+2=

20-1=

 Мураббӣ:  — Ба лавҳаи тасвирҳои гунҷишк- дошта нигаред, ҳисоб кунед, ки чандтои онҳо дар шохчаҳои дарахт нишастаанд ва масъаларо бо тарҳкунӣ эҷод намоед: Дар шохчаҳо 9 гунҷишк нишастанд, 2 гунҷишк парида рафт. Дар шохчаҳо чанд гунҷишк монд?

Мураббӣ: — Масъаларо ҳал карда, ҳалли онро бо адад ва аломатҳои математикӣ ишора намоед.

Бачаҳо  масъаларо ҳал мекунанд. 

Марҳилаи III.

Мураббӣ: — Бачаҳо, шумо имрӯз бо кадом адад шинос шудед?

 Ҷавоби бачаҳо: — Мо бо адади 20 шинос шудем. Он аз 2 даҳӣ ва воҳиди 0 тартиб ёфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *