ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТҲОИ ИҶТИМОИИ ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ДАРСҲОИ БЕРУНАЗСИНФӢ

Муҳаммад САФАРОВ,
мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Ташаккули салоҳияти иҷтимоии хонандагон тавассути дарсҳои беруназсинфии физика яке аз вазифаҳои муҳим дар тарбияи шахс ва рушди малакаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Усули кор зимни ташаккули салоҳияти иҷтимоӣ тавассути дарсҳои беруназсинфии физика аз инҳо иборатанд:
- Лоиҳаҳои гурӯҳӣ. Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои физикӣ хонандагон дар гурӯҳҳо кор мекунанд, ки ин ҳамкорӣ ва иртиботи самаранокро талаб мекунад. Намуна: Таҳияи модели системаи офтобӣ ё таҷриба бо истифода аз қонунҳои механика.
- Маҳфилҳои илмӣ. Ташкили маҳфилҳои физика, ки хонандагон метавонанд, донишҳои худро мубодила кунанд ва бо масъалаҳои нави илмӣ шинос шаванд. Инчунин, муҳокимаи мавзуъ дар гурӯҳҳо қобилияти гӯш кардан ва мубодила кардани андешаро тақвият мебахшад.
- Озмунҳо ва олимпиадаҳо. Озмунҳои физикаи амалӣ, ки дар он хонандагон метавонанд бо ҳамдигар рақобат кунанд ё ба як мақсади умумӣ кор кунанд. Ин фаъолият малакаи ҳамкорӣ, масъулият ва идоракунии вақтро ташаккул медиҳад.
- Саёҳат ва ё сафарҳои илмӣ. Ташкили сафарҳо ба расадхонаҳо, озмоишгоҳҳо, паркҳои инноватсионӣ, лабораторияҳо ё дигар муассисаҳои илмӣ, ки дар он хонандагон метавонанд, ҳамроҳ омӯзанд ва таҷриба пайдо кунанд.
- Ҳалли мушкилоти амалӣ. Додани масъалаҳои воқеӣ, ки ҳалли онҳо донишҳои физикӣ ва ҳамкориро талаб мекунад. Намуна: Ҳалли масъалаҳои экологӣ ва ё чен кардани барқу об дар хона бо истифода аз қонунҳои физика.
- Намоиш ва таҷрибаҳо. Иштироки хонандагон дар намоиши таҷрибавӣ ва корҳои лабораторӣ, ки дар гурӯҳҳо гузаронида мешаванд. Ин фаъолият малакаи ҳамкорӣ ва иртиботро инкишоф медиҳад.
- Баҳсу мунозираҳо. Муҳокимаи мавзуъҳои илмӣ, ки гуногунандешӣ ва эҳтиром ба андешаҳои дигаронро тақвият мебахшад.
Натиҷаи ташаккулёбии салоҳияти иҷтимоӣ тавассути дарсҳои беруназсинфии физика: рушди малакаҳои ҳамкорӣ; баланд бардоштани қобилияти ҳалли мушкилӣ; тақвияти малакаҳои коммуникативӣ; баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва масъулият; таҳкими муносибати иҷтимоӣ ва ҳамоҳангӣ дар гурӯҳ.
Дар маҷмуъ, истифодаи корҳои беруназсинфӣ имкон медиҳад, ки омӯзиш на танҳо аз рӯи назария, балки тавассути таҷриба ва ҳамкорӣ гузаронида шавад, ки ин дар ташаккули салоҳияти иҷтимоии хонандагон нақши муҳим мебозад. Аснои рушди салоҳияти иҷтимоӣ усули зерин истифода бурда мешавад:
1.Лоиҳаи дастаҷамъона. Мақсад: Хонандагон дар гурӯҳҳо масъалаҳои физикиро ҳал мекунанд. Масалан: Тарҳрезии ягон таҷриба барои санҷиши қонуни Нютон ва Паскал.
Натиҷа ва манфиат: Рушди малакаи кор дар гурӯҳ, ҳамоҳангсозӣ ва масъулиятшиносӣ.
- Мунозира ва баҳсҳои илмӣ. Мақсад: Ҳавасманд кардани хонандагон барои ҳимояи фикри худ. Масалан: мавзуъҳо, ба мисли “Оё зиндагӣ дар кайҳон имконпазир аст?”.
Натиҷа ва манфиат: Такмили малакаҳои муошират ва таҳлили ақидаҳо.
- Ҳалли мушкилот дар гурӯҳ. Мақсад: Пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти амалӣ ва озмоишӣ. Масалан: Чӣ тавр энергияи аз ҷараёни шамол ё Офтоб гирифташударо самаранок истифода бурдан мумкин аст?
Натиҷа ва манфиат: Омӯзиши малакаҳои ҳамкорӣ ва фикрронии эҷодӣ.
- Истифодаи бозиҳои таълимӣ. Мақсад: Ҳавасманд кардани хонандагон ба ҳамкорӣ дар вақти бозӣ. Масалан: Иҷрои бозиҳои интерактивӣ дар заминаи қонунҳои физика.
Натиҷа ва манфиат: Такмили малакаи иҷтимоӣ ва ҷалби бештар.
- Масъулияти муштараки синфӣ. Мақсад: Имкон додан ба хонандагон барои нақшҳои гуногун. Масалан: Роҳбарони гурӯҳ, назоратгарон, шореҳон ва муҳаррирони натиҷаҳои таҷрибаҳо.
Натиҷа ва манфиат: Тақвияти малакаҳои роҳбарӣ ва ҳамкорӣ.
- Омӯзиши ҳолатҳо. Мақсад: Таҳлили масъалаҳои воқеӣ дар заминаи илм. Масалан: Таҳлили нури Офтоб ва бод барои истеҳсоли неруи барқ.
Натиҷа ва манфиат: Омӯзиши фикрронӣ ва муҳокимаронӣ дар гурӯҳ.
- Муносибати таълим ба ҳаёти воқеӣ. Мақсад: Намунаҳои амалӣ аз ҳаёт барои таҳкими дониш. Масалан: Чӣ тавр фишори ҳаво ба парвози ҳавопаймо таъсир мерасонад?
Натиҷа ва манфиат: Афзоиши ангезаи иҷтимоӣ, ҳавасмандӣ ва шавқоварии омӯзиш.
Бо истифода аз ин усулҳо, омӯзгор метавонад тавассути дарсҳои беруназсинфии физика фазои ҳамкорӣ ва омӯзишро беҳтар кунад ва салоҳияти иҷтимоии хонандагонро инкишоф диҳанд.
Натиҷа ва манфиати рушди салоҳияти иҷтимоӣ дар ҷомеа.
- Такмили малакаҳои муошират:
— фикру ақидаи худро озодона ва фаҳмо баён кардан;
— беҳтар дарк кардани дигарон ва қобилияти гӯш кардани онҳо.
- Рушди ҳамкорӣ ва кор дар гурӯҳ:
— омӯзиши ҳамоҳангсозӣ ва ҳалли мушкилӣ дар гурӯҳ;
— омодагӣ ба ҳамкорӣ дар муҳити корӣ ва иҷтимоӣ.
- Такмили малакаҳои ҳалли мушкӣ:
— рушди қобилияти баҳогузорӣ ба вазъият ва оқилона ёфтани роҳи ҳалли он;
— омӯзиши идора кардани зиддиятҳо ва бартараф намудани онҳо.
- Пешрафт дар худшиносӣ ва худбаҳодиҳӣ:
— дарк кардани нақш ва арзиши шахсияти худ дар ҷомеа;
— инкишоф додани эътимод ба худ ва қобилияти роҳбарӣ.
- Баланд бардоштани масъулиятшиносӣ:
— ҳисси масъулият барои вазифаҳои худ ва таъсири амалии худ ба дигарон;
— қобилияти идора кардани вақт.
- Омодагӣ ба ҳаёти воқеӣ:
— дорои салоҳияти иҷтимоӣ дар таҳсили оянда ва ҳаёти касбӣ;
— рушди малакае, ки ба навоварӣ, эҷодкорӣ ва ҳалли мушкилӣ боис мешавад.
- Рушди эмпатия ва таҳаммулпазирӣ:
— эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ва зиддияти иҷтимоӣ дар ҳаёт;
— қобилияти кор бо одамони дорои фарҳангу дин ва ақидаи гуногун.
- Беҳтар кардани натиҷаи таълимӣ:
— ташаккули салоҳияти иҷтимоӣ аз муҳити мусбати омӯзиш ва сатҳи самаранокии таълим.
Натиҷаҳои амалӣ:
— Тарбия ёфтани шаҳрвандони масъулиятшинос ва фаъол.
— Таҳкими муҳити солими иҷтимоӣ дар мактаб ва ҷомеа.
— Омодагӣ ба роҳҳои мураккаби ҳаёти шахсӣ ва касбӣ.
Рушди салоҳияти иҷтимоӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки афроди муваффақ, масъул ва дорои малакаҳои универсалӣ шаванд. Он дар таълими физика ҳамчун маҷмуи малакаҳо ва сифатҳое баррасӣ мешаванд, ки ба хонандагон имкон медиҳад, ки то бо дигарон ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои муштаракро ҳал кунанд ва дар ҷомеа фаъол бошанд.
Тавассути дарсҳои беруназсинфии физика чунин малакаҳо рушд меёбанд:
— Малакаҳои ҳамкорӣ: кор дар гурӯҳҳои хурд барои иҷрои лоиҳаҳои лабораторӣ, мубодилаи идеяҳо ва ҳалли мушкилӣ дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ, тақсими вазифаҳо ва масъулият миёни узви гурӯҳ.
— Муоширати самаранок: ифодаи фикр ва ҳалли масъалаҳои физикӣ бо истифода аз истилоҳи илмӣ, пешниҳоди ҳисобот ва натиҷаи таҳлилӣ бо шарҳи дақиқ ва возеҳ, шунидани андешаҳои дигарон ва баҳодиҳии мантиқӣ ба онҳо.
— Ҳалли мушкилӣ: дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои амалӣ бо истифода аз қонуну қоидаҳои физика, рушди малакаҳои фикрронии мантиқӣ ва таҳлилӣ барои қабули қарорҳои муштарак.
— Эҳтиром ба гуногунандешӣ: қабули андешаҳои гуногун ва баррасии нуқтаи назари дигарон ва омӯзиши роҳҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо тавассути ҳамкорӣ бо ҳамсабақон.
— Масъулиятшиносӣ: ҷавобгарӣ ба иҷрои вазифаҳои таълимӣ дар доираи лоиҳаҳои даставӣ ва ҳисси масъулият нисбат ба натиҷаи кори гурӯҳӣ.
— Рушди малакаҳои роҳбарӣ: роҳбарӣ дар ташкили кори гурӯҳӣ, ҳавасманд кардани узви гурӯҳ барои фаъолият ва саъю кӯшиш.
— Огоҳӣ ва аҳаммияти иҷтимоию экологӣ: баррасии таъсири кашфиёти физикӣ ба ҷомеа ва муҳити зист.
— Масъулияти илмӣ: мулоҳиза дар бораи масъулияти илм ва технология дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ.
Ин малакаҳо на танҳо дар раванди омӯзиши физика, балки дар ҳаёти воқеӣ низ барои ҳамгироӣ бо ҷомеа ва ҳаллу фасли мушкилии гуногун хеле зарурӣ ва муҳим мебошанд. Барои рушди салоҳияти иҷтимоӣ тавассути дарси физика, метавон мисолу масъалаҳоеро пешниҳод кард, ки хонандагонро ба ҳамкорӣ, муошират ва ҳалли мушкилии муштарак ҷалб мекунанд, чунин машқҳо ба рушди малакаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Чанд намуна:
- Мушкилоти гурӯҳӣ (ҳамкорӣ ва муошират).
Масъала: Дар як гурӯҳ (5-6 нафар) таҷҳизоти заруриро барои чен кардани қувваи соиш истифода баред.
Мақсад: Чен кардани қувваи соиши байни ду сатҳи гуногун ва таҳлили натиҷаҳо.
Тартиби иҷрои кор: Гурӯҳҳо вазифаҳои худ- ро: чен кардан, ҳисоб кардан ва хулоса бар- овардан тақсим мекунанд.
Натиҷаҳо ва муҳокимаҳо дар як ҳисоботи ягона пешниҳод мешаванд. Ин гуна машқҳо малакаҳои ҳамкорӣ, масъулиятшиносӣ ва таҳлилиро рушд медиҳад.
- Ҳалли масъала бо истифода аз гуфтугӯи дастаҷамъӣ (эҳтиром ба гуногунандешӣ).
Масъала: Чӣ гуна метавон неруи бод ва офтобро ҳамчун манбаи энергияи барқароршаванда самаранок истифода кард?
Шарти кор: Гурӯҳҳо пешниҳодҳои худро бо мисолҳо ва далели илмӣ таҳия мекунанд.
Ҳар гурӯҳ фикри худро ба дигарон пешниҳод мекунад ва он муҳокима карда мешавад. Ин усул муоширати самаранок, гуногунандешӣ ва таҳлили экологиро ташаккул медиҳад.
- Лоиҳа: «Шаҳри энергетикӣ» (масъулиятшиносӣ ва роҳбарӣ).
Вазифа: Лоиҳаеро тарҳрезӣ кунед, ки дар он шаҳри хурдро бо истифода аз манбаи энергияи барқароршаванда таъмин намояд.
Марҳалаҳо: Таҳқиқи манбаъҳои энергияи мавҷуда.
Ҳисоб кардани самаранокии манбаъҳои гуногуни энергия. Пешниҳоди нақшаи ниҳоӣ ба ҳайати доварон (омӯзгор ва хонандагон). Дар ин усул малакаҳои роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ ва шуури иҷтимоӣ рушд меёбад.
- Таҷрибаҳои амалӣ (эҳтиром ба табиат ва муҳити зист).
Масъала: Санҷиши самаранокии истифодаи энергияи гармӣ барои гарм кардани об.
Вазифа: Гурӯҳҳо бо истифода аз асбоб энергияи гармиро чен мекунанд.
Дар натиҷаи ченкунӣ дар бораи таъсири истифодаи энергияи анъанавӣ ба муҳити зист муҳокима мешаванд. Дар таҷрибаҳои амалӣ шуури экологӣ ва ҳамкорӣ ташаккул меёбад.
- Муносибати илм ба масъалаҳои иҷтимоӣ (шаффофият ва таҳлили иҷтимоӣ).
Масъала: Бо истифода аз донишҳои физикӣ шарҳ диҳед, ки чаро дар нақбҳои калон шамол мевазад ва чӣ гуна онро барои коҳиш додани ифлосшавӣ истифода бурдан мумкин аст.
Шарти кор: Гурӯҳҳо сабаби илмии ҳодисаро таҳқиқ ва баррасӣ мекунанд. Тарҳҳои пешниҳодшударо барои истифодаи ҳодиса дар масъалаҳои иҷтимоӣ омода мекунанд. Дар ин маврид малакаи таҳлили иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ рушд меёбанд. Зикр кардан зарур аст, ки ин гуна мисолу масъалаҳо на танҳо дониши физикӣ, балки малакаҳои иҷтимоии муҳимро тақвият дода, барои рушди шахс ва ҳамгироӣ бо ҷомеа хеле заруранд.