Силмон Мавлонназаров,
устоди Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намуд

Яке аз омилҳои асосие, ки барои суръатбахшии рушди иқтисодӣ таъсир мерасонад, рушди технологияҳои рақамӣ аст. Рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аҳаммияти муҳим дорад. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои мо аз ҳар ҷиҳат муфид буда, омили рушди соҳибкории хурду миёна, боло бурдани ҳосили меҳнат, афзоиши рақобатнокӣ ва дар умум, рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Иқтисоди рақамӣ чун маҷрои нави рушди иқтисодӣ дар асоси мубодилоти далелҳо, иттилоот дар реҷаи вақти воқеӣ пайваста, бо истифодаи технологияҳои рақамӣ, заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва таҷрибаи соҳибкорӣ сурат гирифта, ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳити сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Барои рушди иқтисодиёти рақамӣ зарурати таъсиси платформаи рақамӣ, ки майдони рушди онро таъмин менамояд, ба миён омадааст. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин платформаи рақамӣ таҳия шудааст, ки бо туфайли рушди иқтисоди рақамӣ рақобатпазирии иқтисодиёт ва рушди босубот таъмин мегардад. Ҷавҳари иқтисодиёти рақамиро истеҳсоли рақамӣ ва хидматрасониҳо, ки бо технологияи рақамӣ алоқамандӣ доранд, ташкил медиҳад.

Иқтисоди рақамӣ дар ду элемент зуҳур менамояд: Якум – саноати электронӣ, истеҳсоли микрочипҳо, компютерҳо ва механизмҳои телекоммуникатсионӣ, электроникаи таъйиноти маишӣ. Дуюм – ширкатҳои соҳаҳои технологияи рақамӣ ва истифодабарандагони технологияи рақамии воситаҳои истеҳсолӣ, нигаҳдорӣ ва идораи иттилоот. Дар иқтисодиёти навин ширкатҳои иқтисодиёти рақамӣ ба мадди аввал баромада, нуқтаи рушд шудаанд, ки иқтисодиётро бо захираҳои рақамӣ таъмин менамоянд.

Агар дар аввали асри XX пешоҳанги рушди иқтисодиёти ҷаҳониро ширкатҳои азими нафтӣ, металлургӣ, мошинсозӣ ташкил медоданд, пас имрӯз ширкатҳои азимро ширкатҳои рақамии “Apple”, “Google”, “Amazon” ва дигарҳо ташкил медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти иқтисоди ҷаҳонӣ ба иттиҳоди иттилоотии ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муосири рушди ҷомеаи иттилоотӣ шомил шудааст. Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва ҳарчи бештар қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иттилоотии ҷомеа ва субъектҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқии ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ бунёд шуда аст. Ба хотир меорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳукумати электрониро дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз намуд.

Ҷаҳони имрӯзаро падидаҳои нав фаро гирифтаанд, ки таҳти назар қарор додани онҳо барои пешравии давлату миллат ниҳоят муҳим мебошад. Истифодаи технологияи рақамӣ даҳсолаи ахир ҳамчун мояи асосии рушди иқтисодиёт дар пояи инқилоби чаҳоруми саноатӣ ба вуҷуд омада, боиси ташаккул ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт гардидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам   Эмомалӣ      Раҳмон   ба   Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии      Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид шудааст, ки «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ҷалб намояд».

Дар замони муосир давлатҳои пешрафта ба таври назаррас дар ҷараёни таълим аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд, то ки раванди таълимро инноватсионӣ, замонавӣ ва натиҷабахш гардонанд. Кишварҳои ИМА, Ҷопон, Сингапур ва Чин мисолҳои намунавӣ мебошанд. Дар ИМА зеҳни сунъӣ дар платформаҳои таълимӣ барои ташкили барномаҳои мутобиқшавӣ истифода бурда мешавад, ки ин ба ҳар як донишҷӯ вобаста ба сатҳи дониш ва камбудиҳои инфиродии ӯ машқҳо ва маводди таълимии махсусро пешниҳод мекунад. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки омӯзгорон дақиқ дарк кунанд, ки дар кадом қисматҳо донишҷӯён мушкилӣ доранд ва ба таври самаранок ин камбудиҳоро бартараф кунанд. Ҷопон ва Сингапур дар таълими автоматикунонидашуда пешсаф ҳастанд. Онҳо системаҳои пурқудрати зеҳни сунъӣ эҷод кардаанд, ки ба таври автоматӣ донишро санҷида, ба донишҷӯён тавсияҳои инфиродӣ медиҳанд ва ҳамзамон, донишҷӯёнро ба раванди таълим бештар ҷалб мекунанд. Дар Чин системаи зеҳни сунъӣ дар мактабҳо барои пайгирии фаъолияти донишҷӯён, баррасиҳои дарс ва ислоҳи хатоҳо васеъ истифода мешавад.

Яке аз мавқеъҳои калидӣ дар ин кишварҳо – ташкили ёрдамчии виртуалӣ мебошад. Масалан, дар Сингапур донишҷӯён имкон доранд, дар ҳама соати шабонарӯз ба ёрдамчиҳои виртуалӣ муроҷиат кунанд, ки бо истифодаи зеҳни сунъӣ метавонанд ба онҳо ҷавобҳои дақиқ ва муфассал диҳанд. Бо истифода аз ин равиш, донишҷӯён раванди таълимро бидуни маҳдудияти вақт идома медиҳанд.

Якчанд самти асосӣ, ки технологияҳои  рақамӣ  дар  онҳо  истифода  мешаванд, инҳоянд: 

1.  Омӯзиши бархат (онлайн) ва курсҳои омӯзишии электронӣ 

— Платформаҳои омӯзиши бархат. Масалан, «Coursera», «edX», «Khan Academy» ва «Udemy» ба хонандагон ва донишҷӯён имкон медиҳанд, ки дар шакли фосилавӣ таҳсил кунанд. Омӯзиши бархат дар ду шакл ташкил карда мешавад: синхронӣ ва асинхронӣ.

— Низомҳои идоракунии омӯзиш (LMS). Масалан, «Moodle», «Canvas» ва «Blackboard» ба омӯзгорон ва таълимгирандагон имкони идоракунии курсҳо, тақсими манбаъҳо ва супоришҳоро медиҳанд.

2.  Таълими мутобиқшаванда (адаптивӣ) 

— Таълими мутобиқшаванда яке аз равишҳои таълим буда, ба талаботи фардии ҳар як таълимгиранда равона шудааст. 

— Барномаҳои омӯзиши адаптивӣ. Барномаҳое, ки бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ба таълимгирандагон манбаъҳои омӯзишиеро пешниҳод мекунанд, ки ба қобилият ва суръати омӯзиши онҳо мутобиқанд. 

— Таҳлили маълумот. Технологияҳои рақамӣ ба омӯзгорон имкон медиҳанд, ки раванди омӯзишро назорат ва таҳлил карда, ба таълимгирандагон роҳнамоӣ кунанд. 

3.  Захираҳои электронӣ ва китобҳои дарсӣ 

— Китобҳои электронӣ. Китобҳои дарсӣ ва манбаъҳои рақамӣ ба таълимгирандагон имкон медиҳанд, ки маълумоти заруриро бо роҳи осон ва сода ба даст оранд; 

— Манбаъҳои бемаҳдуд. Манбаъҳои маълумот, мақолаҳои илмӣ ва захираҳои дигари сарчашмаҳои бархат барои таҳқиқ ва омӯзиш      дастрасанд. 

4.  Технологияҳои рақамии абрӣ 

— Технологияҳои рақамии абрӣ (Cloud Computing) дар таълим имкони нав ва фарогирро барои омӯзиш фароҳам меоранд. Ин технологияҳо ба муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён имкон медиҳанд, ки ба захираҳои таълимӣ, афзорҳо ва барномаҳо тавассути Интернет дастрасӣ пайдо кунанд.  

Қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ қадами устувор гузошт. Консепсияи мазкур бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи давлатии рушд ва татбиқи «Технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуда буд. Ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ боиси ҷунбишу тағйироти сифатӣ дар муносибатҳои институтҳои ҳокимияти давлатӣ бо тамоми истифодабарандагон – аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидор, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштааст. Умуман, муқаррароти асосии консепсия ба барпо кардани инфрасохтори ҳукумати электронӣ дар ташаккули инфрасохтори ягонаи телекоммуникатсионӣ ва платформаи ягонаи муназзам барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ равона шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас дар мамлакат ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти тиҷорат анҷом дода шудаанд. Консепсия ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардида, аз соли 2019 расман Портали савдои Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Қабули ин ҳуҷҷатҳо ба рушди заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мусоидат намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро муайян менамояд. Истифодаи технологияи рақамӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ метавонад ба баланд гардидани рақобатпазирии онҳо дар муносибати тиҷорати байналмилалӣ нақши калидӣ гузорад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф онҳоро зарур аст, ки ба омӯзиши донишҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи бозомӯзии касбии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ яке аз бахшҳои ҳаётан муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир мавқеи устувор касб намудааст.

Пешвои миллат, дар ҷаласаи нахустини Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуданд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хидматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи  инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд».

Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавассути таъсис ва фаъолияти густурдаи паркҳои технологӣ, паркҳои технологияҳои иттилоотӣ, паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии мутахассисони соҳавӣ таъмин карда мешавад. Таъсиси паркҳои технологӣ метавонад дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи технологияҳои инноватсионӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба кишвар сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад, мусоидати амиқ кунанд. Чунин муҳит барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҷалби ғояҳо, технологияҳо, ҳалли масъалаҳо тариқи низоми рақамӣ ва мутахассисони боистеъдод пешбинӣ шудааст. 

Дар кишварҳои тараққикарда ва қисман рӯ ба тараққӣ чунин марказҳо таъсис дода шудаанд ва имрӯз ба марказҳои бузурги илмию технологӣ табдил ёфтаанд. Барои мисол, соли 2005 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Парки технологияҳои баланд таъсис дода шуда, мутахассисони он ба таҳияи барномаҳои компютерӣ ва дигар барномаҳо машғуланд. Айни замон, зиёда аз 1000 ширкат узви он буда, беш аз 90 фоизи барномаҳои таҳиянамудаи марказ ба содирот равона карда шудааст. Парк дар солҳои охир содиротро ба таври назаррас зиёд намуда, суръати афзоиши он 125%-ро ташкил дод. Ба ин монанд метавон Парки технологӣ ва инноватсионии “Сколково”-и Федератсияи Россия, парки илмии Кембриджи Британияи Кабир, Маркази илмию истеҳсолии “Водии Медикон”-и Шветсия, Маркази технологии “Водии Кремний”-и ИМА, марказҳои технологии шаҳрҳои Ганновер ва Мюнхени Олмон, Сингапур, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Малайзия ва даҳҳо марказҳои дигари бузурги илмию истеҳсолӣ ва технологию инноватсиониро метавон мисол овард.

Дар ин росто, яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла, роҳандозии ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмини интернети фарохмавҷ ба шумор меравад. Айни замон дар Тоҷикистон миқдори истифодабарони фаъоли алоқаи мобилӣ ва интернет, аз ҷумла, интернети мобилӣ батадриҷ зиёд гардида, имкони бузурги рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тавассути он рушди маҷмуии ҷумҳурӣ фароҳам аст.

Боиси тазаккур аст, вақте ки дар мамлакатҳои мутараққӣ сухан оид ба рушди илм меравад, илмҳои физика, химия, математика, барномасозӣ, технологияи компютерӣ, астрономия ва монанди инҳо дар назар дошта мешавад. Имрӯз раванди таълим бояд бо дарназардошти талаботи иқтисоди рақамӣ ташкил карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад, иштиғоли устувори бозори меҳнатро таъмин намояд. Муҳимтар аз ҳама, мусоидат ба рушди неруи зеҳнии инсон қувваи кориро ба сармояи асосии истеҳсолот табдил медиҳад. Дар бозори меҳнати иқтисодиёти рақамӣ касбҳои зерин, ба истилоҳ “бозоргир” мебошанд: меъмори шабакаи иттилоотӣ, ороишгари интерфейс, таҳиягари модели калон (мутахассисе, ки системаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди зиёди маълумотро тарроҳӣ мекунад), аудитор оид ба технологияи иттилоотӣ, кибермуфаттиш (коршиноси таҳқиқи киберҷиноятҳо), мушовир оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, мутахассис оид ба технологияи амнияти иттилоотӣ, кор бо равандҳои истеҳсолоти автоматӣ, кибертехнологияи муҳити зист, дизайнери интерфейсҳои зеҳнӣ, ки кулли онҳо дониши мукаммали фанҳои дақиқро талаб менамоянд. Дар маҷмуъ, вусъатбахшии раванди татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат хоҳад намуд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *