Махфират СОБИРОВА,
омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа

Дар раванди тафаккури таҳлилӣ дар дарсҳои таърих муайян намудани хусусиятҳои умумии хоси мафҳумҳои таърихӣ, далелҳо барои ҳукми пешниҳодшуда (тарафдор ва зид) ва омода намудани хулосаҳои муфассал дар шакли хаттӣ такмил дода мешаванд.

Роҳҳои инкишофи тафаккури таҳлилии хонандагони синфҳои болоӣ дар дарсҳои фанни таърих гуногун ҳам бошанд, ба андешаи мо, дар байни онҳо се ҷанба, аз ҷумла, пешниҳоди маълумот аз сарчашмаҳои гуногун, истифодаи филмҳову китобҳои таърихӣ ва таҳлили онҳо, кор бо харитаву диаграммаҳо, муҳокимаи ақидаҳо ва андешаҳои ба ҳам зид бартарият доранд. Дар ин нигошта, ин масъалаҳои аслӣ таҳлил мешаванд. 

                          Пешниҳоди маълумот аз сарчашмаҳои гуногун

Ба сарчашмаҳои таърихӣ, ки дар раванди дарсҳои таърих истифода мешаванд, ин натиҷаҳои таъсири инсон ба муҳити зист, ёдгориҳои хаттӣ, ки методологияи ҳуҷҷатҳо номида мешаванд, ҳодисаҳову воқеаҳои таърихӣ дохил мешаванд. Истифодаи сарчашмаҳои таърихӣ барои самаранокии раванди тафаккури таҳлилии хонандагон чӣ аҳаммият доранд?

Бо ёрии сарчашмаҳои таърихӣ усули возеҳият дар ҷараёни таълими фанни таърих, ки хонандагон бо намуди сарчашма шинос мешаванд, ба амал меояд. Инчунин, сарчашмаҳои таърихӣ саргузашти ҳолату ҳодисаҳоро зиндаю равшан ва хулосаҳоро боварибахш мегардонад. Моҳияти сарчашмаҳои таърихӣ дар он аст, ки онҳо барои мушаххас кардани маводи таърихӣ, ба вуҷуд овардани ҳолату суратҳои ҳодисаҳои гузашта ва ба пайдоиши вокунишҳои ҳиссӣ-равонӣ ба давру замонҳо ёрӣ мерасонад.

Тавассути маъхазҳои таърихӣ шавқу рағбат ва ҳаваси хонандагони синфҳои болоӣ ба таърих ва ҳодисаҳои таърихӣ зиёд мешавад. Пешниҳоди далелу бурҳон аз ҷониби омӯзгор дар раванди дарсҳои таърих ба хонандагон имкон медиҳанд, ки вазъи замонҳои гузашта ва имрӯзаро дарку эҳсос кунанд. Кор бо сарчашмаҳои таърихӣ хонандагонро фаъол гардонида, равандҳои тафаккури таҳлилӣ ва тахайюли онҳоро бедор месозанд, ки ин ба азхудкунии донишҳои таърихӣ ва ташаккули шуури таърихӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, кор бо сарчашмаҳои таърихӣ қобилияту малакаҳои мустақилона кор кардан бо навиштаҷот, таҳлил ва истихроҷи иттилоот, баҳо додан ба аҳаммияти сарчашмаҳои таърихии гузашта ва имрӯзаро инкишоф медиҳанд. Дар дарсҳои таърих хонандагон дар бораи аҳаммияти сарчашмаҳо ва дар ин радиф, азнавсозии тафаккури таҳлилӣ барои дақиқан шинос шудан ба муҳити таърихӣ ва онҳоро ҳамчун осори фаъолияти одамоне, ки замоне зиндагӣ кардаанд, мебинанд.

                   Истифодаи филму китобҳои таърихӣ  ва таҳлили онҳо

Имрӯзҳо бисёр филмҳои ватанӣ ва хориҷие ҳастанд, ки аз рӯйи жанр ҳамчун филмҳои таърихӣ тасниф мешаванд. Дар ин раванд, вазифаи омӯзгори фанни таърих аз он иборат аст, ки ҳангоми баргузории машғулиятҳо мутобиқ ба мавзуи дарс филмҳоеро интихоб ва истифода намояд, ки хонандагонро ҷиҳати андешидан ва таҳлили ҳолати таърихӣ водор намоянд.

Кор бо захираҳои видеоӣ ба омӯзгорон ҷиҳати рафъи як қатор мушкилот дар раванди таълим ёрӣ расонида, барои инкишоф ва тарбияи насли наврас нақши муассир доранд. Истифодаи филмҳои таърихӣ, бешубҳа, мароқу завқи хонандагонро баланд бардошта, ҷиҳати мукаммалтар аз худ кардани маводи таълимӣ мусоидат мекунанд.

Бояд қайд кард, ки омӯзиши фанҳои мухталиф ба воситаи видеофилмҳо дар илми педагогика нисбатан нав ба шумор меравад. Истифода ба фарҳанги навору тасвир дар раванди дарсҳои таърих аз чанд ҷиҳат бартарият дорад. Аввалан, таваҷҷуҳи хонандагонро ба раванди дарс зиёд намуда, сониян, моҳияти мундариҷаи дарс арзёбӣ мегардад, сипас, далелҳои ҳуҷҷатӣ ба таври намоиш пешкаш мегарданд, ки тафаккури таҳлилии хонандагонро ҷоннок мегардонанд.

Агар ҳамаи гуфтаҳои дар боло зикр гардидаро таҳлил кунем, бояд ишора кард, ки муассиру созгор истифода кардани намоиши филмҳо дар раванди дарсҳои фанни таърих аз омӯзгори ботаҷриба ва кордон вобастагии зиёд дорад. Омӯзгор бояд ба интихоби порчае, ки дар раванди дарс намоиш дода мешавад, ба таври ҷиддӣ муносибат кунад. Ӯ пеш аз оне, ки ягон филмро ба хонандагон намоиш медиҳад, шакли дарсро муайян кунад, зеро бе муайянсозии шакли дарс раванди таълиму тарбия роҳи ҳалли худро наёфта, таҳлили мавзуи дарс бенатиҷа мемонад.

Ҳама шаклҳои дарсро метавон ба анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ тақсим кард. Ба шаклҳои анъанавии фаъолияти таълимӣ корҳои озмоишгоҳӣ, дарсҳои амалӣ, маърӯзаҳо, семинарҳо, саёҳатҳо, конференсияҳо дохил шуда, ба шаклҳои ғайрианъанавӣ бошад, бозиҳо, мубоҳисаҳо, дарсҳои видеоӣ ва истифодаи воситаҳои овозӣ дохил мешаванд.

Дар шароити имрӯза, тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аз ҷониби бештари омӯзгорон дарсҳои омехта баргузор мешаванд. Ин, албатта, хуб аст, аммо ба эътиборгирии хусусияти дарсро низ омӯзгор набояд аз ёд барорад.

                                          Кор бо харитаҳо ва диаграммаҳо

Ташаккули дониш ва малакаи картографии хонандагони синфҳои болоӣ аз амалҳои одӣ, аз шиносоӣ бо кишварҳо ва давлатҳои алоҳида оғоз шуда, баъдан таърихи ҷаҳон дар давраи муайян омӯхта мешавад. Дар ин ҷо харита яке аз воситаҳои асосии инкишоф додани тафаккури таҳлилӣ ва ба ин васила, пайдоиши донишҳои муҳим дар бораи воқеаҳои таърихӣ мегардад.

Хонандагон аз донишҳои топографӣ-таърихӣ ва қобилиятҳои зеҳнии худ истифода бурда, дар бораи ғояҳо ва динамикаи мавқеи геополитикии давлатҳо, кишварҳо ва тамаддунҳо маълумот пайдо мекунанд. Яке аз самтҳои асосии кор бо харита ин омӯзонидани тарзи пайдоиши он мебошад. Дар раванди дарсҳои фанни таърих омӯзгор ба воситаи харита объектҳои зарурии таълимиро пайдо карда, онро ба хонандагон ба тарзи амалӣ нишон медиҳад, ки ин ба пайдоиши донишҳои дақиқ ва амиқ оварда мерасонад. Ҳангоми дар харита нишон додани ягон давлат диққати хонандагонро ба гирду атрофи он ҷалб кардан лозим аст. Агар дар наздикии ин давлат дарёҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо ҷойгир шуда бошад, хонандагон ба зудӣ маводи таълимиро азхуд мекунанд ва дар асоси тафаккури таҳлилӣ ҳаҷм, мавқеъ ва ҳудуди он давлатро таҳлил карда, хотираи худро мустаҳкам мегардонанд.

Яке аз вазифаҳои омӯзгори фанни таърих аз он иборат аст, ки бо истифода аз харита ва диаграммаҳо саҳифаҳои дурахшони таърихӣ, шахсиятҳои оламшумул ва фаъолияти онҳоро равшану образнок ба хонандагон нишон диҳад. Яъне, хонандагони синфҳои болоиро иштирокдори фаъоли раванди таълим бо усули ҳавасмандкунӣ гардонад. Омӯзгорро мебояд шароити мусоид ҷиҳати бедор кардани тафаккури таҳлилии хонандагон фароҳам оварад, ки онҳо тавассути кашфи мустақилона ё дастаҷамъона ба фазои таълимӣ барои гирифтани донишҳои нав талош варзанд.

                               Муҳокимаи ақидаҳо ва андешаҳои ба ҳам зид

Омӯзгор барои ҷолибияти дарсҳо бояд аз равандҳои таърихӣ ва мавқеъгириҳои ба ҳам зид дар воқеаҳои таърихӣ ёдовар шуда, аз тариқи ин воқеаҳои ҷолиби таърихӣ ҳавасмандии хонандагонро ба омӯзиши фарогири таърих водор созад. Яъне, бо ёдоварӣ аз ин воқеаҳо донишомӯзонро ба умқи воқеаҳои таърихӣ ҳавола намояд.

Ҳамин тариқ, тафаккури таҳлилӣ дар дарси таърих ба хонандагони синфҳои болоӣ имкон медиҳанд, ки дар раванди таълим фаъолона ширкат варзанд. Кор бо харитаҳо ва диаграммаҳо таваҷҷуҳи кунҷкобонаи хонандагонро бештар карда, шавқу завқи онҳоро инкишоф медиҳанд. Муқоисаи ҷадвалҳо, сохтори харитаҳо ва диаграммаҳо диққати хонандагонро на танҳо ба маводи нав ҷалб мекунад, балки тарзи интихоби маълумоти муҳимро аз маълумоти дуюмдараҷа баррасӣ сохта, таҳлил, муқоисаи ҳодисаҳо ва баровардани хулосаҳои муайянро таълим медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *