Пайрав БАРОТОВ,

муовини директор оид ба таълими МТМУ №66, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон

Биология яке аз фанҳои муҳимми табиӣ мебошад. Фанни мазкур на танҳо асоси илмҳои ҳаётшиносиро меомӯзонад, балки барои ташаккули тафаккури илмӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист, тиб, кишоварзӣ ва биотехнология мусоидат мекунад. Бояд зикр кард, ки дар амалӣ гардонидани вазифаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ тариқи таълими фанни биология, ки табиати зинда ва ғайризиндаро дар алоқамандӣ меомӯзад, имкони хеле васеъ мавҷуд аст, вале бе омӯзиши усулу роҳҳо ва асоси педагогии таълим маълумоти кофӣ ва саҳеҳи биологӣ додан, хусусиятҳои беҳтарини шахс, ба монанди эҷодкорӣ, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба табиати диёрро тарбия намудан хеле душвор мебошад. Ҳадафи асосии таълими биология баланд бардоштани дониши хонандагон дар бораи олами зинда ва ташаккули малакаҳои таҳлилӣ, мушоҳидакорӣ ва ҳалли масъалаҳои воқеӣ мебошад.

 

Нақши биология дар таълим ва тарбия:

  1. Баланд бардоштани дониши илмӣ. Биология ба хонандагон имкон медиҳад, ки қонунҳои ҳаётро фаҳманд ва равандҳои биологиро шарҳ диҳанд. Омӯзиши мавзуъҳои муҳимми биологӣ, аз қабили ҳуҷайра, генетика, экология ва эволютсия ба фаҳмиши раванди табиат ва рушди инсон мусоидат мекунад.
  2. Таҳкими тафаккури илмӣ ва таҳлилӣ. Омӯзиши биология бо истифода аз усулҳои таҷрибавӣ ва тадқиқотӣ барои инкишофи малакаҳои тадқиқотӣ ва тафаккури интиқодӣ ёрӣ мерасонад. Кор бо маълумоти илмӣ, таҳлили далелҳо ва хулосабарорӣ яке аз ҷузъҳои асосии таълими биология мебошад.
  3. Тарбияи фарҳанги экологӣ. Биология ба хонанда дар он хусус ёрӣ мерасонад, ки аҳаммияти муҳити зистро дарк кунад ва барои ҳифзи табиат масъулиятшинос бошад. Омӯзиши мавзуъҳои экологӣ дар мактаб мусоидат мекунад, ки хонанда дар оянда дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист саҳм гузорад.
  4. Рушди малакаҳои амалӣ ва касбомӯзӣ. Дарсҳои биология, бахусус, таҷрибаҳои лабораторӣ, корҳои саҳроӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ба рушди малакаҳои амалии хонанда мусоидат менамояд. Биология заминаи хуб барои интихоби касб дар соҳаҳои тиб, фармакология, агрономия, биотехнология ва муҳандисии биологӣ мебошад.

Мавқеи биология дар системаи таҳсилоти миёна

Дар барномаи таълимӣ биология ҳамчун фанни ҳатмии таълимӣ омӯхта мешавад, ки дарбаргирандаи мавзуъҳои гуногуни марбут ба сохтор ва фаъолияти организмҳо, муҳити зист ва эволютсия мебошад. Дар системаҳои омӯзишӣ омӯзгорон бояд усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла, методҳои интерактивӣ, таҷрибавӣ ва рақамиро истифода баранд. Дар робита бо илмҳои дигар биология бо химия, физика ва география алоқамандии зич дорад, ки барои ташаккули фаҳмиши ҳамаҷониба ва интегратсионӣ муҳим мебошад. Омӯзиши биология ба рушди тафаккури илмӣ ва қобилияти таҳлилӣ мусоидат менамояд. Хонандагон меомӯзанд, ки чӣ гуна мушоҳида кунанд, таҳлил намоянд ва хулоса бароранд. Раванди табиӣ ва биологӣ дар асоси далелҳо ва таҷрибаҳо фаҳмонида мешаванд, ки тафаккури интиқодӣ ва малакаи ҳалли мушкилиро ташаккул медиҳад. Дониши хуби биологӣ барои интихоби касбҳои марбут ба тиб, биотехнология, фармакология, муҳандисии генетикӣ, агрономия ва ҳифзи муҳити зист муҳим аст. Хонандагон дарк мекунанд, ки биология бо ҳаёти ҳаррӯзаи инсон зич алоқаманд аст ва донишҳои он метавонанд дар нигоҳубини саломатӣ, ғизонокӣ ва ҳифзи табиат истифода шаванд.

Биология ба хонандагон мефаҳмонад, ки муҳити зист чӣ аҳаммият дорад ва чӣ гуна метавонанд дар ҳифзи он саҳм гузоранд. Асоси донишҳои биологӣ, махсусан, анатомия ва физиологияи инсон ба хонандагон оид ба тарзи ҳаёти солим аҳаммияти муҳим дошта, фаҳмидани бемориҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо метавонад ба беҳтар шудани саломатии шахсӣ ва умуман, ҷомеа мусоидат кунад.

Барои беҳтар намудани сифати таълим ва ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши биология, истифодаи методҳои муосири таълим зарур аст. Дар масъалаи методикаи таълими биология гуфтан бамаврид аст, ки он системаи раванди таълиму тарбия ва хусусиятҳои фанни мактабиро дар бар гирифта, шакл ва усули таълиму тарбияи фанни биологияи мактабиро меомӯзад. Зимни таълими фанни методикаи таълими биология дониш, малака ва маҳоратҳое ташаккул меёбанд, ки ба онҳо дар оянда аз тарафи омӯзгор барои ба роҳ мондани таълими биология хидмат менамоянд.

Дар асри XXI бо пешрафти илму техника омӯзиши биология наметавонад танҳо бо усули анъанавӣ маҳдуд бошад. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва шавқи онҳо ба фан, истифодаи методҳои муосири таълим зарур аст. Ин методҳо ба омӯзиши фаъол, таҳлил ва таҷрибаҳои амалӣ асос ёфта, ба хонандагон ёрӣ мерасонанд, ки на танҳо дониш омӯзанд, балки донишҳои андӯхтаро дар амал татбиқ намоянд. Методҳои интерактивӣ яке аз равишҳои муассири таълим мебошанд, ки ба фаъолгардонии хонандагон дар раванди омӯзиш мусоидат мекунанд. Ин методҳо дар дарсҳои биология имкон медиҳанд, ки хонандагон фаъолона иштирок намуда, маводро на танҳо аз ҷиҳати назарӣ, балки бо усули амаливу таҳлилӣ омӯзанд.

Аҳаммияти методҳои интерактивӣ дар таълими биология:

  1. Баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба фан.
  2. Таъсири мусбат ба дарки мавзуъҳои мураккаби биологӣ.
  3. Таҳкими тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои таҳлилӣ.
  4. Рушди малакаҳои кор дар гурӯҳ ва ҳамкорӣ.
  5. Мустаҳкам намудани дониш тавассути иштироки фаъолона дар раванди таълим.

Намудҳои асосии методҳои интерактивӣ дар биология:

  1. Методи “Саволу ҷавоб”. Методи мазкур барои таҳкими дониш ва санҷиши сатҳи фаҳмиши хонандагон истифода мешавад. Чӣ гуна истифода бурдани он имкон дорад? Омӯзгор саволҳо пешниҳод мекунад, хонандагон ҷавоб медиҳанд. Саволҳо метавонанд дар асоси диаграммаҳо, расмҳо ё таҷрибаи илмӣ бошанд. Барои бештар фаъол кардани хонандагон, саволҳоро ба таври озмун пешниҳод кардан мумкин аст. Мисол: “Чаро баргҳо дар фасли тирамоҳ тағйири ранг мекунанд?”, “Кадом органеллаи ҳуҷайра энергияи ҳуҷайравиро таъмин мекунад?” ва ба монанди ҳамин.
  2. Методи “Мунозира” (дебат). Ҳангоми баррасии масъалаҳои баҳснок дар биология гузаронидани мунозираҳо самарабахш аст. Аз ин усул чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст? Омӯзгор ду гурӯҳ ташкил мекунад: ҷонибдорони андеша ва тарафи муқобил. Дар масъалаи мавриди назар қарордошта, гурӯҳҳо далелҳои худро пешкаш мекунанд ва баҳсро бо хулоса ҷамъбаст менамоянд. Мисол: “Оё истифодаи ғизои тағйирёфтаи генетикӣ (ГМО) барои инсон безарар аст?”, “Биотехнология бояд маҳдуд карда шавад ё рушд ёбад?
  3. Методи “Кори гурӯҳӣ”. Аз рӯйи методи мазкур хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, масъалаҳои гуногуни биологиро таҳлил ва пешниҳод мекунанд. Чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст? Масалан, омӯзгор як мавзуъро ба қисмҳо ҷудо карда, ҳар гурӯҳ як қисмро таҳқиқ мекунад ва ба синф муаррифӣ менамояд. Натиҷаҳо муҳокима ва хулосаҳои умумӣ бароварда мешавад.

Мисол:

Гурӯҳи 1) Нақши митохондрия дар ҳуҷайра.

Гурӯҳи 2) Тарзи афзоиши вирусҳо.

Гурӯҳи 3) Фотосинтез ва аҳаммияти он дар табиат.

  1. Методи “Лоиҳавӣ”. Омӯзгор мавзуъро пешниҳод мекунад. Хонандагон доир ба мавзуи мазкур маълумот ҷамъоварӣ карда, бо презентатсия ё афиша муаррифӣ менамоянд ва оид ба дар амал чӣ гуна татбиқ кардани он андешаашонро матраҳ мекунанд. Мисол: “Истифодаи микробиология дар тиб” ё “Гармшавии глобалӣ ва таъсири он ба экосистемаҳо”.
  2. МетодиҲалли масъала” (Problem-Based Learning – PBL). Методи зерин барои омӯзиши масъалаҳои воқеӣ истифода мешавад. Чӣ гуна татбиқ карда мешавад? Омӯзгор як масъалаи воқеиро пешниҳод мекунад. Хонандагон сабабҳо ва роҳҳои ҳалли онро таҳлил мекунанд. Мисол: “Чӣ тавр камшавии шумораи занбурӯғҳо ба экосистема таъсир мерасонад?”, “Чаро баъзе маводди доруворӣ барои чанд одам таъсири якхела надоранд?”.
  3. МетодиБозиҳои таълимӣ”. Бо истифода аз бозиҳо, хонандагон метавонанд, мавзуъҳоро бо шавқу завқ омӯзанд. Масалан, истифодаи кроссворд, сканворд, пазл (пазл – аз калимаи англисии “puzzle” гирифта шуда, маънои муаммо ё бозиҳои фикриро дорад) ва дигар бозиҳои интерактивӣ. Ташкили бозии “Шаҳри илм” бо саволҳои марбут ба биология. Мисол: “Ҷамъоварии қисмҳои ҳуҷайра ҳамчун пазл”. “Кӣ тезтар ҷавоб медиҳад?” ва озмуни саволу ҷавоб дар мавзуи биология.

Ҳадафи асосии ин машғулиятҳои интерактивӣ, пеш аз ҳама, таҳлил ва пешниҳоди роҳҳои баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳои биология мебошад. Ин метод муҳиммияти омӯзиши биологияро шарҳ дода, усул ва стратегияҳои муассирро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва шавқи хонандагон ба ин фан пешниҳод мекунад. Методҳои интерактивӣ дар таълими биология барои фаҳму дарки беҳтари мавзуъҳо ва баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон нақши муҳим мебозанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *