Зиёдамо АМИРОВА,
омӯзгори фанни математикаи Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Кабинети фаннӣ дар раванди таълиму тарбия яке аз воситаҳои асосӣ ба шумор меравад. Кабинети корӣ ячейкаи хурди таълимии муассиса мебошад, ки бо асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникии таълим ва мебелу таҷҳизоти барқӣ таъмин шуда, дар он корҳои таълиму тарбия, корҳои инфиродӣ ва беруназсинфӣ бо хонандагон дар асоси талаботи барномаи давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар шароити системаи кабинетӣ таълими дилхоҳ фан босамар ва ба мақсад мувофиқ гузаронида мешавад, яъне, дар системаи кабинетӣ омӯзгор ба он мушарраф мешавад, ки дарсро бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим гузаронад. Ҳамзамон, кабинети корӣ ҳуҷраи озмоишӣ ба ҳисоб рафта, дар он баҳри осонии кори омӯзгор шароит фароҳам оварда мешавад. Ин ҷо номгӯи ҳуҷҷат ва воситаҳои аёниро ҳамчун намуна баҳри осонии кори ҳамкасбон манзур медорам.

Дар ҳуҷраи корӣ зарур аст, ки шароити зерин муҳайё бошад:

1) Воситаҳои таълим: китобҳои дарсӣ, илмӣ ва методӣ аз фанни математика, барномаҳои таълимӣ ва адабиёти иловагӣ доир ба ин фан;

2) Воситаҳои техникии ҳозиразамон: компютер, тахтаи электронӣ;

3) Асбобҳои аёнӣ: плакату овезаҳо бо формулаҳои математикӣ.

Кори кабинети математика дар 5 самт ба роҳ монда мешавад:

1) Таҷҳизонидани кабинети математика бо нақшаю ҷадвалҳои математикӣ;

2) Ҷиҳозонидани кабинети корӣ бо асбобҳои техникӣ ва таъмини равшании синфхона;

3) Ташкили китобхонаи кабинети корӣ;

4) Ҷамъоварии асбобҳои аёнӣ ва дидактикии таълим аз фанни математика;

5) Ташкил намудани шиносномаи синф.

Ҳамин тавр, дар асоси ташкил ва дуруст ба роҳ мондани ин самтҳо дар ҳар кабинети муассисаҳои таълимӣ барои таълиму тарбия шароит фароҳам мешавад. Кори кабинети математика ва умуман, кабинетҳои фаннӣ дар асоси оиннома, низомномаи муассиса ва фармоиши директори муассиса ба роҳ монда мешаванд. Мутассадии кабинети корӣ дар асоси фармоиши директори муассиса таъйин гардида, ба раванди кори он пурра ҷавоб мегӯяд.

Дар таҷҳизонидани ҳуҷраи кории математика бояд талаботи зерини меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шавад:

1) Муҳофизати меҳнат (тавсияҳо доир ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ);

2) Талаботи ҳолати санитарӣгигиенӣ;

3) Барномаҳо доир ба фанни таълимӣ ва дарсҳои иловагӣ, нақшаҳои тақвимӣ;

4) Фаъолияти муштарак.

Ин банд аз чанд зербанд иборат аст:

а) Мавод доир ба тайёрӣ ба аттестатсияҳои хатм ва мавод барои имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ;

б) Бурдани корҳои инфиродӣ бо хонандагони сустхон;

в) Маводи озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ;

г) Корҳои илмӣ ва эҷодии хонандагон;

д) Нақшаи гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот.

 Кабинети математика ба фазоҳои зерин ҷудо карда мешавад:

1) фазои кории омӯзгор

2) фазои корӣ барои таълимгирандагон

3) фазо барои воситаҳои таълим

4) фазо барои васоити техникӣ

5) фазо барои фаъолияти инфиродии таълимгирандагон

Ҷадвали 1.

Ҳуҷҷатҳое, ки барои кори кабинети математика заруранд:

— Ҷадвали 1. Шиносномаи синф

Воситаҳои аёнӣ ва нақши онҳо дар раванди дарсу машғулиятҳои математика
Воситаҳои аёнӣ он воситаҳо ва маводест, ки барои беҳтар фаҳмидани консепсияҳо ва арзишҳои математика бо истифода аз тасвирҳо, графика, намунаҳо ва рамзҳо ёрӣ мерасонад. Воситаҳои аёнӣ дар математика барои илова кардани ҷузъиёти зарурӣ, таҷриба ва ташаккули фаҳмиши амиқу дақиқи таълимгирандагон хеле муҳим аст.

Нақши воситаҳои аёнӣ:

1. Ташаккули фаҳмиш. Воситаҳои аёнӣ, ба монанди диаграммаҳо, графикҳо, ҷадвалҳо ва тасвирҳои геометрӣ ёрӣ медиҳанд, ки хонандагон конструксияҳои абстрактии математикӣ, ба монанди фигураҳои геометрӣ ё функсияҳоро осонтар ва равшантар дарк кунанд.

2.  Таъсири ҷузъӣ ва ёддошт. Воситаҳои аёнӣ ба ёддошт ва такрор кардани мавод ёрӣ мерасонад, зеро донишомӯзон ба воситаи тасвиру графикаҳо метавонанд, маводро беҳтар ва дурусттар фаҳманд.

3. Гузариш аз абстраксия. Воситаҳои аёнӣ имкон медиҳанд, ки донишомӯзон аз фаҳмишҳои назариявӣ комилан ба таҷрибаҳои амалии аёнӣ гузаранд.

4. Қувваи таъсиррасонӣ. Воситаҳои аёнӣ як воситаи муҳим барои таълимдиҳандагон мебошад, ки барои беҳтар нигоҳ доштани мавод дар хотири таълимгирандагон қудрати бештарро дорост.

5. Ҷалби диққат. Воситаҳои аёнӣ ба раванди омодасозӣ ва фаъол намудани диққати донишомӯзон ёрдам мекунад. Бо ёрии тасвирҳо, графикҳо ва шаклҳои аёнӣ донишомӯзон метавонанд, худро дар муҳити таълим фаъолтар ҳис намоянд.

Дар маҷмуъ, кабинети фаннӣ дар таълим ва омӯзиши фанни математика нақши муҳим ва муассир дорад, зеро онҳо шароити мусоидро барои донишомӯзон фароҳам меоваранд, то таълиму омӯзиши математика осонтару фаҳмотар бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *