МУШОВИРИ КАБИНЕТҲОИ МЕТОДӢ КИСТ ВА ДАР PУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОР ЧӢ НАҚШ ДОРАД?
Сафармуҳаммад
АЛИМАРДОНОВ,
корманди Маркази таълимию методӣ, табъу нашр
ва таъмини маводи хониш дар
назди раёсати маорифи вилояти Хатлон
Ҷиҳати ҳамқадамӣ пайдо кардан ба низоми таҳсилоти байналмилалӣ маорифи кишварро зарурияти ислоҳот ва таҷдид пеш омадааст. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо мақсади рушди касбии омӯзгорон ва такмили салоҳияти хонандагон як қатор лоиҳаҳо татбиқ шудаву амалӣ мегарданд.
Ислоҳоте, ки айни ҳол дар самти дастрасӣ ба таҳсилоти босифати фарогир, рушди муттасили касбии омӯзгорон, такмили муносибати мусбат дар таълим, гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон, тадриси алоҳидаи забон (навиштан) ва хондан дар зинаи аввали таҳсилот ҷараён дорад, аз ҳар як корманди соҳаи маориф дониш, малака ва маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Мундариҷаи ин ислоҳот дар самтҳои гуногун ба хотири таъмини муносибати функсионалӣ дар таълим буда, мазмуни фанро “аз масъалаҳое”, ки хонандагон бояд ҳал кунанд, ба тартиб медарорад. Дар иртибот ба ин, бояд зикр намуд, ки муваффақона расидан ба натиҷаҳои комёб ва таъмини муносибати функсионалӣ дар таълим тавассути рушди муттасили касбии омӯзгорон имконпазир аст. Рушди муттасили касбӣ бо иродаи қавии ҳар як омӯзгор ва ёриву дастгирии мушовири босалоҳият (шахси дорои малака, маҳорат ва донишҳои касбӣ) ба амал бароварда мешавад.
Мушовирӣ вазифаест, дар кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ки ба омӯзгорон — 130-150 омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳияҳо ва 180-200 омӯзгори муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ва ё он фан ёрии методӣ мерасонад.
Тавзеҳот:
1. Теъдоди мушовирон аз рӯйи фанҳои таълимӣ ҳар сол вобаста ба шумораи омӯзгорон чунин муқаррар ва ба шуъбаи молияи шаҳр (ноҳия) мувофиқа карда мешавад:
1.1. Як воҳиди кории мушовир барои 180 то 200 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар шаҳр ва шаҳракҳо ҷой гирифтаанд.
1.2. Барои 130 то 150 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумии дар ҳудуди деҳот 1 воҳиди кории мушовир ҷудо мегардад.
2. Як воҳиди кории мушовир барои муассисаҳои томактабӣ дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 10 ва зиёда аз он муассисаи томактабӣ новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия ҷойгирбуда ҷудо карда мешавад.
2.1. Дар сурати на камтар аз 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва дар назди 10 ва аз он зиёда муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доштани марказҳои инкишофи кӯдак низ як воҳиди кории мушовири муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак ҷудо намудан имконпазир аст.
Инчунин, барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор намудҳои гуногуни корҳои таълимӣ — методиро ба нақша мегирад, ташкил мекунад ва амалӣ мегардонад. Аз ин хотир, бояд зикр кард, ки мушовир вазифадор аст, ки ба омӯзгор ёрии методӣ расонида, дар навбати худ ҳар як омӯзгор дар раванди таълим имкон дорад, ки барои рушди касб бо мушовири кабинети методӣ ҳамкории самаранокро ба роҳ монад ва тавассути омӯхтан дар сайқал додани касби худ саъй намояд. Чунон ки гуфтаанд:
Набурда ранҷи шогирдӣ зи устодӣ чӣ мелофӣ?
Муриди кистӣ, эй кӯдаки бепир, пират ку?
Толиби Омулӣ
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ мушовир, яъне, шахси ба омӯзгор ёрирасон метавонад директор, муовини директор, роҳбари иттиҳодияи методӣ ё ягон омӯзгори соҳибтаҷриба бошад. Бо мурури замон омӯзгор низ маҳорату малакаи заруриро аз худ намуда, барои хеш нақши мушовирро бозида метавонад.
Бояд гуфт, ки роҳнамоии омӯзгорон ва расонидани ёрии методӣ ба онҳо аз мушовир масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Барои муайян намудани ниёзи омӯзгор мушовирро зарур аст, ки ба ду раванд аҳаммият диҳад: Якум, бояд муайян намояд, ки ба кадом паҳлуи кори омӯзгор ёрӣ кардан мехоҳад. Дуюм, барои муайян намудани ниёзи омӯзгор кадом васоилро доштан зарур аст.
Барои дар сатҳи лозимӣ роҳнамоӣ гардидани кори мушовирӣ бо истифода аз мушовирони фанҳои забон ва математикаи кабинетҳои методӣ, омӯзгорон, роҳбарони иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фанҳои забон ва математика, муовинони директор оид ба таълим ва директорони муассисаҳои таълимии озмоишӣ (пилотӣ) дар 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар 8 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон Лоиҳаи “Методологияи рушди муттасили касбии омӯзгорон” татбиқ гардид.
Дар дастури “Методологияи рушди муттасили касбии омӯзгорон” зикр гардидааст, ки “Методологияи РМКО барои такмили сифати кор ва рушди касбияти омӯзгор равона мегардад. Бояд дар назар дошт, ки меъёри арзёбии дарси омӯзгоре, ки дар муассисаи бонуфузи шаҳр кор мекунад, аз омӯзгоре, ки дар муассисаи деҳоти дурдаст бо омӯзгорон кор мебарад, фарқ дорад. Аз ин рӯ, мушовир метавонад ба ҳар омӯзгори дар боло зикргардида ёрӣ расонад, кори ҳозираашонро бо корҳои қаблӣ муқоиса карда, сипас, тавассути бознигарӣ ҳамон қисматеро, ки барои рушди минбаъдаи муттасили касбии омӯзгор афзалият дорад, тарҳрезӣ кунад. Рушди муттасил (давомнок)-и касбӣ фаъолияти мунтазамро тақозо дорад.
Мушовир бо ёрии воситаҳои рушди муттасили касбӣ дар бораи фаъолияти омӯзгор ахбор ҷамъоварӣ менамояд ва ин ахборро барои таъмини робитаи мутақобилаи босифат барои омӯзгор истифода мебарад.
Ин ҷараён як бахши ғояи таҳсилоти давомнок аст, ки асоси ислоҳоти идомадоштаро ташкил медиҳад. Барои он ки чунин муносибат амалӣ гардад, аз омӯзгор самимият ва ошкорбаёнӣ тақозо мешавад. Вай бояд барои мушкили худро ошкоро иброз намудан омода бошад. Албатта, рушди чунин муносибат ба кор вақт талаб мекунад. Мушовир набояд ҳангоми кор бо омӯзгор вазифаи баҳодиҳандаро иҷро кунад. Метавон чор ҳадаф ё вазифаи асосиро, ки мушовир ҳангоми кор бо омӯзгор дар назди худ мегузорад, иброз намуд:
1. Ташхис (мушкилот).
2. Банақшагирӣ (роҳу усули ҳалли мушкилот). 3. Истифодабарӣ (роҳи интихобшудаи ҳалли мушкилот).
4. Бознигарӣ (барои муайян намудани дараҷаи ҳалли мушкилот).
Пеш аз интихоби воситаи дастгирии омӯзгор дақиқ муайян кардани он, ки ин восита бо кадом мақсад истифода мешавад, ҳатмист. Истифодабарандаи воситаҳо метавонад худи омӯзгор, гурӯҳи омӯзгорон ва ё мушовир бошад. Ҳангоме, ки сухан оид ба банақшагирӣ ё бознигарӣ меравад, нақши марказиро яқинан худи омӯзгор мебозад (банақшагирӣ ё бознигарии дарс бе иштироки омӯзгор ғайриимкон аст, мушовир дар ин сурат метавонад танҳо ёрӣ расонад).
Вақте сухан доир ба ташхис ё истифодабарӣ меравад, нақши асосиро худи мушовир ё ҳамкороне, ки барои бознигарӣ ва банақшагирӣ ахбор ҷамъоварӣ менамоянд, иҷро мекунанд.

Ташхис. Воситаи ташхис дар муайянкунии вазъи ҷорӣ ва ё ошкор намудани талабот барои тағйироти минбаъда ёрӣ мерасонад. Васоили гуногуни РМКО метавонад вазифаи ташхисро иҷро намояд. Аслан, талабот ба ташхис дар ҳолате пайдо мешавад, ки агар мушовир доир ба омӯзгор ва ё оид ба баъзе самти кори ӯ маълумот надошта бошад. Натиҷаи истифодабарии васоили РМКО дар вазифаи ташхис ин маълумот дар бораи кори омӯзгор мебошад, ки баъдан онро чун “нуқтаи ибтидоӣ” дар ташаккули касбияти омӯзгор истифода бурдан мумкин аст.
Банақшагирӣ. Васоили банақшагирӣ дар коркарди чӣ, кай, чӣ гуна ва чӣ тарз дар ҷараёни таълим ба амал меояд, ёрӣ мерасонад. Банақшагирӣ як навъ корест, ки барои бартараф кардани мушкиле ҳангоми ташхис ва истифодабарӣ ба назар мерасад. Зарурат ба банақшагирӣ пас аз қабули мушкилот аз ҷониби омӯзгор, ки мушовир дарёфт кардааст, ба миён меояд. Ҳамин тавр, аснои кор дар банақшагирӣ маълумоте, ки бо ёрии васоили ташхис ҷамъ мешаванд ва онҳое, ки мавриди истифода ҳастанд, барои кори омӯзгор ва мушовир асос мегардад.
Истифодабарӣ. Васоили истифодабарӣ ба шумо имкон медиҳанд муайян кунед, ки омӯзгор дар фаъолияти таълимӣ аз чӣ, чӣ гуна ва то чӣ андоза истифода мебарад. Маълумоти ҳангоми кор бо васоили рушди муттасили касбии омӯзгор (РМКО) ба даст овардашударо бо натиҷаҳои ташхис муқоиса намуда, ба ин васила, ҷараёни инкишофи кори омӯзгорро муайян кардан мумкин аст. Ин дар навбати худ, ба мушовир имкон медиҳад, ки муайян намояд: дар куҷо ёрӣ лозим аст ва дар ҳолати зарурӣ он маводеро, ки ҳангоми банақшагирӣ таҳия шудаанд, ислоҳ кунад. Истифодабарӣ ҳузури шахси дигареро низ пешбинӣ мекунад, ки метавонад аз берун мушоҳида кунад, ки «ҳоло дар ин ҷо» чӣ мегузарад ва онро бо истифода аз васоили РМКО ба қайд гирад. Аз ин рӯ, васоили асосии ҳадафи мазкур варақаи мушоҳидаи дарс хоҳад буд, ки аз ҷониби мушовир пур карда мешавад.
Бознигарӣ. Васоили бознигарӣ имкон медиҳад, то муфассалтар муайян намоем, ки ҷараёни таълим чӣ, чӣ гуна, кай ва чӣ тарз анҷом шуд, ҳамин тариқ, нуктаҳои минбаъдаи рушд муайян мегарданд. Натиҷаи бознигарӣ метавонад мушкилоте бошад, ки омӯзгор бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, саволҳо барои муҳокима бо роҳбалад, инчунин, идеяҳо барои тағйир додани баъзе ҷанбаҳои кор шуда метавонад. Бознигарии омӯзгор ҳамеша қадами навбатиеро дар назар дорад, ки дар рафти ин қадам натиҷаҳои он истифода мешаванд.
Соҳаҳои татбиқи васоили рушди муттасили касбии омӯзгор (РМКО)
Азбаски методология дар заминаи гузариш ба стандартҳои таълими салоҳиятнок таҳия мешавад, диққати махсус ба он ҷанбаҳое дода мешавад, ки онҳо асоси муносибати босалоҳият мебошанд. Самтҳои имконпазири дастгирӣ бемаҳдуд буда, метавонад аз хусусиятҳои раванди таълим то идоракунии мактаб ва ҳамкорӣ бо волидон гуногунпаҳлу бошанд. Рӯйхати дар поён овардашуда дар атрофи хусусиятҳои раванди таълим, ки дар шароити ислоҳоти ҷории мундариҷаи таҳсилот ба назар мерасанд, тартиб дода шудааст.
— Кор бо салоҳиятҳои фаннӣ. Мундариҷаи фаннӣ чӣ гуна баррасӣ мешавад: ҳамчун системаи масъалаҳое, ки хонанда бояд бо онҳо кор карданро ёд гирад (муносибати функсионалӣ) ё маҷмуи далелу қоидаҳое, ки хонанда бояд дар хотир дошта бошад (муносибати сохторӣ).
— Кор бо салоҳиятҳои умумифаннӣ. Оё салоҳиятҳои умумифаннӣ дар баробари мундариҷаи фаннӣ ба мундариҷаи нақшаҳои таълимӣ дохил мешаванд ё дар сурати ба вуҷуд омадани имкон онҳо ба таври алоҳида баррасӣ мегарданд?
— «Шаклҳо»-и кор. Шаклҳои кори интихобкардаи омӯзгор то чӣ андоза барои ба фаъолияти таълим ҷалб намудани ҳамаи хонандагон мусоидат мекунанд?
— Муҳити таълим. Фазо дар мактаб ва дар синф, ташкили фазои таълим то чӣ андоза ба рушди фарҳанги хониш, эҳтироми якдигар ва муколама мусоидат мекунад?
— Маводди таълимӣ. Маводди таълимӣ то чӣ андоза барои қонеъ кардани ниёзҳои гурӯҳи мушаххаси хонандагон интихоб, мутобиқ ва пешниҳод карда мешаванд?
— Арзёбӣ. Арзёбӣ ба чӣ равона шудааст: ба ёрии хонанда барои беҳшавии натиҷаҳо (ташаккулдиҳанда) ё тафтиши он чизе, ки аллакай омӯхта шудааст.
Барои таъмини самаранокии истифодаи васоили рушди муттасили касбӣ (РМК) дар муҳлати зиёд ин васоил, ҳамчунин, бояд бо мақсади такмили доимии таҳлили худи васоил дар шароити тағйирёбанда низ истифода шаванд. Ҳангоми ба нақша гирифтани кор бо омӯзгор мушовир набояд кӯшиш кунад, ки «ҳама чизро якбора» тағйир диҳад. Интихоби афзалиятҳо барои ояндаи наздик ва таваҷҷуҳ ба онҳо самараноктар хоҳад буд. Ҳамин тавр, мушовири соҳибтаҷриба баъди иштирок дар дарс барои суҳбат бо омӯзгор танҳо як-ду мавзуъ интихоб карда, камбудиҳои боқимондаро ба марҳалаи дигар мегузорад. Гузашта аз ин, мушовир метавонад ба хулосае ояд, ки дар ин маврид танҳо баъзе аз ҷанбаҳои соҳаи интихобшуда муҳимтаранд.
